Сомонаи пешина | Чш, 24 Октябр 2018 | 02:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ

 

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Ҳамтоёни муҳтарам ва роҳбарони ҳайатҳо,

Пеш аз ҳама, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода намудани ҷаласаи мо, пазироии меҳрубононаи анъанавӣ ва меҳмоннавозӣ миннатдории самимии худро иброз менамоям.

Тоҷикистон натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар СҲШ баланд арзёбӣ мекунад.

Рӯзномаи ҷаласаи мо масъалаҳои муҳими фаъолияти Созмонро дар бар мегирад ва мо қабули қарорҳои дахлдорро вобаста ба онҳо дастгирӣ менамоем.

Иштироки ҳамтоёни муҳтарамамонро аз Ҳиндустон ва Покистон дар ҷаласаи имрӯза ҳамчун узви комилҳуқуқи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай пазироӣ менамоем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Мо бояд мунтазам вазифаҳои ҳамбастаи пойдории сулҳ, амният ва ба роҳ мондани ҳамгироӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстонаро дар минтақаи фаъолияти СҲШ ҳал намоем.

Имрӯз масъалаҳои таъмини амният аввалиндараҷа мебошанд.

Тақвияти ҳамкории амалиамон дар масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, пешгирии паҳнкунии идеологияи радикалӣ, киберҷиноят ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаросарҳадӣ зарур мебошад.

Масъалаҳои ҳамгироии зич ва ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои мудофиаи кишварҳоямон, аз ҷумла, дар доираи СМЗТ СҲШ бояд дар маркази таваҷҷуҳ боқӣ монанд.

Ба терроризм танҳо бо роҳи низомӣ ғалаба кардан ғайриимкон аст.

Дар ин росто, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот муҳим мебошад.

Бояд ба масъалаҳои муборизаи муштараки самаранок бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ ба шумор меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Муттаҳидии талошҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар ин самт тақозои замон меҳисобем.

Дар робита ба ин, муҳимияти пешниҳодамонро доир ба таъсиси сохтори алоҳидаи ҳамкорӣ бар зидди маводи мухаддир таъкид мекунем.

Мо қабули Стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ ва Барномаи амал оид ба иҷрои онро  ҷонибдорӣ менамоем.

Таъмини амният ва субот дар минтақаи СҲШ бо ҳолати вазъ дар Афғонистон зич алоқаманд аст.

Бо дарназардошти ин омил, муҳимияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои муштарак оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Афғонистон дар ҳалли мушкилоти ҷамъшуда зиёд мегардад.

Амали фаъолтари механизми Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» метавонад ба муттаҳидии талошҳои кишварҳоямон дар ин самт мусоидат намояд.

Ин гуфтаҳо, аз ҷумла, ба масъалаҳои мусоидат ба Афғонистон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии он низ дахл доранд.

Дар баробари ин, мо чунин мешуморем, ки тақдири Афғонистонро, пеш аз ҳама, бояд худи мардуми он ҳал кунад.

Дар ин замина, мо кӯшишҳои ҳукумати Афғонистонро барои роҳандозии раванди гуфтушунидҳои осоишта дастгирӣ мекунем.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Дар шароити кунунии ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ, муҳимияти рушди минбаъдаи фаъолияти иқтисодии фарогири Созмони мо меафзояд.

Шарикии густурдаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирии ҳамдигар ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои мутақобилан судманд бояд чун самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ боқӣ монанд.

Ташаккули низоми ягонаи нақлиёт ва истифодаи самарабахши иқтидори транзитии кишварҳои мо барои минтақа хеле муҳим мебошад.

Дар ин росто бояд ба татбиқи лоиҳаҳо оид ба барқарорсозӣ ва сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, инчунин бунёди долонҳои нақлиётии минтақавӣ бо дастрасӣ ба бандарҳо диққати авалиндараҷа дода шавад.

Дар шароити афзоиши талаботи бозори энергетикии минтақа кишварҳоямонро зарур аст, ки дар ин соҳа, аз ҷумла, дар амалисозии лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ҳамкории васеъ ба роҳ монанд.

Бо дарназардошти омилҳои тағйирёбии иқлим, азхудкунии иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад ба коҳиши назарраси партови гази карбон дар атмосфера мусоидат кунад ва барои таъмини кишварҳои минтақа бо энергияи тоза, ки яке аз асосҳои рушди «иқтисодиёти сабз» мебошад, саҳми арзанда гузорад.

Дар соҳаи кишоварзӣ, аз нигоҳи мо, андешидани тадбирҳо барои пешбурди масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар бахши кишоварзӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Масъалаи тақвият додани нақши Иттиҳодияи байнибонкӣ ва Шӯрои кории СҲШ ҳамчун яке аз пулҳои боэътимоди пайвандгари доираҳои соҳибкории давлатҳои аъзои Созмон муҳим боқӣ мемонад.

Мо ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои молиявии минтақавиро дастгирӣ менамоем.

Дар баробари ин, таъсиси муассисаи махсуси молиявии СҲШ-ро ҷонибдорӣ менамоем.

Рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ барои боз ҳам бештар наздик шудани халқҳои мо мусоидат мекунад.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ омили муҳим дар таҳкими робитаҳои байни халқҳоямон мебошад.

Дар ин самт дар Тоҷикистон барномаҳои дахлдори миллӣ таҳия ва дар амал татбиқ карда мешаванд ва соли равон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст.

Мо шарикони худро ба ҳамкории мутақобилан судманд дар ин соҳа даъват менамоем.

Мо Ҷумҳурии Қирғизистонро бо қабули раёсати Созмон табрик менамоем.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.