Сомонаи пешина | Яш, 16 Декабр 2018 | 07:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Оғози Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 

28 сентябр дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ намуд.

Барои иштирок дар ин ҷаласа сарони давлатҳои аъзо ва дигар меҳмонони олимақом ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Қабл аз оғози кори ҷаласаи шӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои иштирокчӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини Раиси девони вазирони  Туркманистон Пурлӣ Агамуродов ва Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими аксбардории сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар саҳни ҳавлии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як мавзеъи хушбоду ҳаво ва гулгашт баргузор шуд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки раёсатро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.

АМИТ «Ховар»