ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

13 Декабри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Дар бораи Вазорат

Соли 1944 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Раёсати санъат таъсис дода мешавад ва сарварии он ба зиммаи шоири ҷавону соҳибистеъдоди тоҷик Мирзо Турсунзода вогузор мегардад.

Воқеан, ин вазифаи басо масъулиятнок шоири ҷавону боғайрати тоҷикро водор месохт, ки ба рушду такомули фарҳанг, ба ташкили китобхонаҳои мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ба сохтани бинову хонаҳои фарҳангӣ, ба зисту зиндагии аҳли фарҳанг, ба ривоҷу равнақи кори театрҳо ва амсоли ин таваҷҷӯҳ зоҳир намояд.

Сарфи назар аз душвориҳои солҳои ҷанг, Раёсати санъат, коргоҳу фароғатгоҳҳои фарҳангӣ, муассисаҳои марказию маҳаллии фарҳангӣ, клубу китобхона ва театрҳо кори худро идома медоданд, мардумро бо дастовардҳои ватанию хориҷии фарҳангӣ шинос мекарданд.

Раёсати санъати назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ баъди анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузургии Ватанӣ фаъолияти доманадору серҷабҳаи худро густариш бахшид. Ин идораи фарҳангӣ дар тӯли ҳафт-ҳашт соли аввали барқарорсозии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба комёбиву дастовардҳои назарраси фарҳангӣ ноил гардид. Солҳои баъдро метавон солҳои бозёфтҳои фарҳангӣ низ тавсиф кард.

25 апрели соли 1953 Вазорати маданияти Тоҷикистон таъсис меёбад ва Мӯсо Раҷабов Вазири маданият таъин карда мешавад.

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва бо саъю кӯшиши ин марди наҷиб дар як муддати кӯтоҳ сохтори Вазорат, раёсату бахшҳои мухталифи он тарҳрезӣ мегардад, вазифаву ҳадафҳои муассисаҳои фарҳангӣ, клубу китобҳонаҳо, музей ва хонаҳои маданияту театрҳо муайян карда мешаванд. Дар нимаи солҳои 50-уми асри ХХ дар тамоми бахшҳои фарҳанг пешравӣ ва бозёфтҳои тоза ба назар мерасид.

Бад-ин тариқ, бо итминони комил метавон бигӯем, ки дар муддати начандон тӯлонии роҳбарӣ (солҳои 1953-1955) Мӯсо Раҷабов бо донишу фазилат ва малакаву кордонии хеш ба он муваффақ гашт, ки самту равияи кори Вазорати маданият, сохтор ва раёсату бахшҳои он комилан муайян гардиданд, фаъолияти серҷабҳа ва босамари вазорат хубтар ба роҳ монда, кори тамоми муассисаҳои марказиву маҳаллии он беҳтар карда шавад.

Тайи солҳои сарварии Вазирони фарҳанг клубу китобхонаҳои марказию музофотӣ, театру ансамблҳо, филармонияву музейҳо, хонаҳои маданияту боғҳои фарҳангу фароғат равнақи тоза пайдо карданд. Фаъолияти хонаи эҷодиёти халқ, ки аз моҳи майи соли 1938 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе амал мекард, боз ҳам беҳтару ҷонноктар гардонда шуд. Он акнун муассисаҳои фарҳангӣ, клубу театрҳои халқӣ, ансамблҳои мардумӣ, донишгоҳҳои халқии маданият, боғҳои фарҳангу фароғатро пурра идора мекард ва ба онҳо хидматҳои методӣ расонида мешуд. Дар ин солҳо фаъолияти дигар театрҳои маҳаллию марказии ҷумҳурӣ низ то андозае беҳтар гардид. Коллективи ҳунарие, ки соли 1950 дар назди кумитаи гурӯҳии рақами 11-и шаҳри Чкалови вилояти Ленинобод таъсис ёфта буд, соли 1962 ба Театри ҷумҳуриявии лӯхтак табдил дода шуд.

Дар ин давра санъати сирки тоҷик (соли 1968 бо қарори Вазорати маданити Тоҷикистон студияи сирки тоҷик тавлид мегардад), ки таърихи хеле қадима дорад, бо хусусияту унсурҳои тозаи миллӣ ғанӣ гашт, ҳайати он аз ҷумлаи варзишгарони бомаҳорату ходимони соҳибистеъдоди сирк мукаммал шуда, намоишҳои он пурмазмуну шавқвар гардиданд. Ин солҳо хонаҳои маданияти ноҳия ва шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, театрҳои халқӣ, ансамблҳои мардумӣ ба баъзе комёбиҳо ноил гардиданд, боғҳои фарҳангу фароғат то андозае обод шуданд.

Аз ин рӯ, ҳамаи муовинон ва сардорони раёсату бахшҳои мухталифи вазорат ҳамвора баҳри он ҷадал мекарданд, ки Вазорат дар ҷумҳурӣ ҳамчун вазорати номдору бообрӯ эътироф гардад.

Ҳадафи асосии вазирону ҷонишинон ва роҳборони раёсату бахшҳои гуногуни вазорат дар он буд, ки эшон мехостанд мероси пурғановати миллии фарҳангӣ, санъати созию ҳунарӣ, театрӣ ва амсоли инҳоро ба дигар халқҳои ҷаҳон муаррифӣ бисозанд. Ба ёд овардани Рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя боз як бори дигар собит месозад, ки рафоқату якдигарфаҳмии онҳо дар умқи қарнҳо ҷилои тоза пайдо намуда, мазмуни нав пайдо ҳоҳад кард.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои роҳбарии вазирони фарҳанг:

- Раёсати санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1944 таъсис меёбад ва нахустсарвари он шоири ҷавону соҳибистеъдод 

Мирзо Турсунзода таъин мешавад.

- Нахустин вазир Мӯсо Раҷабов мебошад. Ин марди шарифу бонаҷобат ва бофарҳанг солҳои 1953-1955 сарварӣмекунад.

- Солҳои 1955-1958 сарвари вазорат Қосим Ҳакимзода мешавад.

- Солҳои 1958-1961 Алиқул Имомов таъин мешавад.

-  Ходими маъруфи давлатӣ Мирзо Раҳматов солҳои 1962-1966 ба ҳайси Вазири фарњанг иҷрои вазифа намудааст.

-  Солҳои 1966-1979 Меҳрубон Назаров яке аз фарҳангзодмардон иҷрои ин вазифаро ба ӯҳда мегирад.

- Солҳои 1979- 1987 ин вазифа ба зиммаи Султон Мирзошоев вогузор мегардад.

- Тӯли солҳои 1987-1990 драматург ва нависандаи тоҷик Нур Табаров сарварӣ менамояд.
 
- Соли 1990 бори нахуст аз байни занони соҳибфарҳангу бомаърифати тоҷик Тамара Махсумовна Абдушукуроваро ба сарварии Вазорати маданияти Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.

- Моҳи феврали соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС, нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдамро Вазири маданияти Тоҷикистон таъин менамоянд.

- Соли 1995 Бобохон Алиевич Маҳмадов Вазири фарҳанг таъин мегардад.

- Соли 2001 ин вазифаро ба зиммаи Абдураҳим Ҳамроевич Раҳимов месупоранд.

- Моҳи октябри соли 2001 доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматулло Олимов Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин мегардад.

- Ба ин вазифа 6 январи соли 2004 профессор Раҷабмад Амиров пешниҳод мешавад.

 - Аз моҳи декабри соли 2006 то ноябри соли 2013 сарварии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Мирзошоҳрух Асрорӣ вогузор мешавад.

- Аз 21 ноябри соли 2013 Орумбекзода Шамсиддин Шодибек вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад.