ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Омор

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАРИ ОМОРӢ

Маълумот оид ба вазъи омори кадрӣ бо дарназардошти ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017

- ҳамагӣ – 4301 нафар;
- ҳайати хизматрасон (кормандони техникӣ)
– 942 нафар;
- маълумоти олии умумӣ
– 871 нафар;
- маълумоти олии тахассусӣ
– 1948 нафар;
- соҳаи фарҳангу санъат (олӣ) – 665 нафар;
- ғайритахассусӣ (олӣ) – 178 нафар;
- хизматрасон – 639 нафар;
- мардҳо – 2463 нафар;
- занҳо – 1838;
- роҳбарон – 354;
- зан роҳбар – 130 нафар.

Айни ҳол дар системаи Вазорати фарҳанг 1354 китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ (аз ҷумла 79 китобхонаи бачагона), 332 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 415 клуб, 48 клуби сайёр, 14 марказҳои фарҳангу фароғатӣ, 7 филармонияҳои халқӣ, 62 боғҳои фарҳангӣ-фароғат, 22 театри ҳалқӣ, 54 осорхона, 11 хона-осорхона, 24 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақомхонон, 7 ансамбли фалаксароӣ, 6 ансамбли эстрадӣ, 10 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 12 ансамбли рақсӣ ва 2 телевизиони маҳаллӣ, 18 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 95 муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 2 мактаб-интернати миёнаи махсуси миёнаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳуриявӣ, 84 мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ фаъолият доранд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ (ба ҳолати 1 июни соли 2017) дар соҳаи фарҳангу санъат ва табъу нашр 15540 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки 7055 (45,4%) нафарро занҳо ва 8485 (54,6%) нафарро мардҳо ташкил дода, аз ин шумора 6892 нафар (37,1%) дорои маълумоти олӣ, 4034 нафар (29,5%) маълумоти олии нопурраи (миёнаи махсус) ва 4614 нафар (29,7%) маълумоти миёнаанд, ки 3916 нафарашон кормандони ҳайати хизматрасонӣ мебошанд.

Айни ҳол, дар 2320 муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии ҷумҳурӣ 8714 нафар кормандон аз ҷумла, 4444 нафар мардон, 4270 нафар занон (1106 нафар ба ҳайси зан роҳбар) фаъолияти корӣ дошта, аз ин шумора 1158 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ,1185 нафар дорои маълумоти олии умумӣ, 3097 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус,3274 нафар дорои маълумоти миёнаи умумӣ (37,6%), буда, аз шумораи умумӣ 2445 нафар кормандони техникӣ мебошанд. Дар муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ айни ҳол 339 воҳиди кории холӣ мебошад. Феълан, дар ҷумҳурӣ 600 биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таъмир¬талаб буда, 105 биноҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Дар ҷумҳурӣ 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал менамоянд, ки дар онҳо ҳудуди 14528 донишҷӯ ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 2870 устодони варзидаи соҳаи фарҳанг ва санъат таълим медиҳанд. Дар тобеияти Вазорати фарҳанг 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи фарҳанг, санъат ва хореографӣ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат фаъолият менамоянд.

Ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таълимии соҳа 2777 нафар ва шумораи донишҷӯёну хонандагон 15237 нафарро ташкил дода, дар муассисаҳои таълимии зертобеи вазорат (таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ) 4104 нафар донишҷуён ва хонандагон (аз ин шумора 3321 нафар донишҷӯ ва 773 нафар хонандагони мактаб-интернатҳои махсусгардонидашуда) таҳсил намуда, дар ин муассисаҳо 1671 нафар устодон фаъолият менамоянд. Дар мактабҳои ибтидоии мусиқӣ, санъат ва рассомӣ 1106 нафар омӯзгорон ба 11133 нафар хонандагон таълим медиҳанд. Аз 1671 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии соҳа айни замон, 1220 нафар бо маълумоти олӣ фаъолият доранд.

Тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 367 рӯзнома (107 адад давлатӣ ва 260 адад ғайридавлатӣ), 239 маҷалла (110 адад давлатӣ ва 129 адад ғайридавлатӣ), 312 матбаа (36 адад давлатӣ ва 276 адад ғайридавлатӣ), 45 адад нуқтаи фурӯши китоб (3 адад давлатӣ ва 42 адад ғайридавлатӣ), 71 нашриёт (10 адад давлатӣ ва 61 адад ғайридавлатӣ), 11 оҷонсиҳои иттилоотӣ (1 адад оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 адад ғайридавлатӣ) дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма” фаъолият менамоянд.

Ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — 2020 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 1278 бостонӣ, 441 таърихӣ-монументалӣ, 300 ёдгориҳои меъморӣ, 220 шаҳру шаҳракҳои қадима, 83 конҳои қадима, 70 қалъаҳо, 110 мақбара ва масоҷиди таърихӣ, 43 катибаҳои рӯисангӣ, 15 тасвирҳои рӯисангӣ, 654 адад макон ва талу теппаҳои таҳқиқнагардида дохил шудааст.