ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Таърихи фарҳанг

Фарҳангу тамаддуни ибтидоӣ ҳамзамон бо пайдоишу густариши аввалин қабилаву ҷамоатҳои инсонӣ, низомҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва тараққиву пешрафти ҷомеа бо тадриҷ инкишоф ёфта, бар асари падид омадани нахустсохторҳои давлату давлатдорӣ ба низом дароварда мешавад.

Чун сухан аз боби нишонаҳои ибтидоии фарҳанг меравад, бояд мутазаккир шуд, ки аломатҳои нахустини он дар миёни тоҷикон дар шакли сангнавиштаҳою катибаҳо ва тасвирҳои рӯйи девор дар аҳди қадим ва рақсу бозиҳои халқӣ, ширинкорию базлагӯйӣ, масхарабозиву маъракаороиҳои мардумӣ то замони Пешдодиён низ мушоҳида мегардид.

Дар аҳди Сосониён ба олами пурасрори фарҳанг ворид гардидани ҳофиз, бастакор ва мутриби мумтози форсу тоҷик Борбад ҳодисаи басо нишотовар буд. Борбади Марвазӣ дар санъати навозандагӣ ва овозхонӣ нобиғаи замон маҳсуб мегашт. Баъдан ин ромишгари нотакрору санъаткори мумтозро дарбори Хусрави Парвиз ба оғӯши худ гирифт ва сарварию сарпарастии мутрибону сарояндагони дарбор ба зиммаи ӯ вогузор гардид. Хунёгарони машҳури замони Сосониён Накисои Чангӣ, Гесӯи Навогар, Бомшод, Ромтин, Озодвори Чангӣ, Саркабу Саркаш латофату зарофат ва нозукиҳои санъати мусиқӣ ва овозхониро аз Борбад омӯхтаанд. Мегӯянд, ки касби шоирӣ ҳам мекардааст ва аввалин шеърҳои ҳиҷоии замони Хусрави Парвизро ба ӯ нибат медиҳанд.

Баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон дар назди он ҳаллу фасли як силсила масъалаҳои муҳиму умдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, хоҷагӣ, илмию фарҳангӣ ва маданию маърифатӣ меистод.

Солҳои бистуми асри ХХ бо ташаббусу ибтикори сарбозони сурх дар Тоҷикистон таъсис ёфтани нахустин клубҳо дастовард ва падидаи басо хурсандибахши фарҳангӣ ба шумор мерафт. Аввалин клуби начандон калон соли 1923 дар кӯчаи Комсомоли шаҳри Душанбе кушода мешавад. Ин клуб барои вусъати шабакаи клубҳои минбаъда шароит фароҳам меоварад. Ибтидои соли 1926 бо ташаббуси Кумитаи Инқилобӣ ва Шӯрои Комиссарони Халқ дар Душанбе нахустин клуби иттифоқҳои касаба ташкил мегардад. Дар он маҳфилҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва драмавие амал мекарданд, ки ба баланд бардоштани савияи фарҳангию маърифатии мардум мусоидат менамуданд.

Воқеан, соли 1928 дар Душанбе ба кор шуруъ кардани нахустин кинотеатр, ки баъдтар номи «Ситораи Сурх»-ро гирифт ва ҳамон сол дар шаҳрҳои Ӯротеппа (Истаравшани имрӯза), Хуҷанд ва Конибодом кушода шудани боз се кинотеатри дигар дастоварди бузурги фарҳангӣ маҳсуб мегашт. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд,ки ҳанӯз соли 1929 дар шабакаи кинои ҷумҳурӣ 11 ва соли 1932-юм 44 дастгоҳи намоиши кино вуҷуд дошт. Солҳои ҳафтодуми асри гузашта бошад, шумораи дастгоҳҳои намоиши кино ба 1112 расид. Нахустфилмҳои овоздори машҳури тоҷик «Боғ» (соли 1938, режиссёр Н. Достал), «Дӯстон аз нав во мехӯранд» (соли 1939, режиссёр К. Ёрматов) аз ҳаёти фарҳангӣ ва сохтмони ҷомеаи навини сусиёлистӣ ҳикоят мекарданд.

Зимнан, солҳои сиюм таъсис ёфтани нахустин мактабҳои олӣ - Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (соли 1931), Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (соли 1931), Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (соли 1932), Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон (соли 1939), аввалин музею китобхонаҳо - Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Суғд (июли соли 1931 дар ш. Ленинобод) бо қарори бюрои кумитаи ҳизбии уездию шаҳрии Хуҷанд, Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Беҳзод (соли 1934) дар заминаи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ (соли 1960 бо Музейи санъати тасвирии ба номи Беҳзод муттаҳид мегардад), Китобхонаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи А Фирдавсӣ (соли 1933), Китобхонаи шаҳрии Душанбе ба номи А. Лоҳутӣ (соли 1933) минбаъд ба пешрафту инкишофи фарҳангу тамаддун ва тарбияи фарҳангию маънавии мардум мусоидат намудаанд.

 

Дар баробари устодони бузурги каломи бадеъ С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ ба арсаи адабиёту фарҳанг устуворона қадам ниҳодани шоирону нависандагони ҷавон – М. Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим ва як зумра санъаткорони асил бо сарварии Акашариф Ҷӯраев, Бобоқул Файзуллоев, бисёр оҳангсозони касбию халқӣ, таъсиси як силсила китобхонаву муассиаҳои нави фарҳангӣ, боғҳои фароғату истироҳат, хонаҳои маданияту эҷодиёти халқ, театрҳои касбию ғайрикасбӣ дар шаҳру навоҳӣ ва пойтахти Тоҷикистон падидаи басо хурсандибахши он солҳо ба шумор мерафтанд. Ҷойи ёдоварист, ки имрӯз ғайр аз нашриётҳо Академияи илмҳои Тоҷикистон, Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик ва чандин корхонаҳои хурд дар мавзуъҳои мухталиф китобҳои бадеӣ, асарҳои илмию оммавӣ, панду ахлоқӣ ва фалсафию таърихӣ чоп карда, дастраси хонандагон мегардонанд. Ногуфта намонад, ки дар мунташир гардонидани китобу ҷузва, луғату муҳовара, албому шиноснома, плакату мусаввара ва баргаву дигар нашрияҳо ғайр аз муассисоти нашриявии «Ирфон», «Адиб», «Маориф ва фарҳанг», Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик, Ҷамъияти саҳомии «Матбуот»-и Вазорати фарҳаги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комбинати Полиграфии Душанбе, Корхонаи воҳиди «Санадвора» ва соири матбааҳои ноҳиявӣ, шаҳрию вилоятӣ саҳми босазо доранд. 1 июни соли 2000 созмон ёфтани яке аз муассисаи бузурги интишоротӣ ва полиграфии мамлакат – Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Матбуот»,- падидаи нек арзёбӣ мегардад. Комбинати полиграфии Душанбе дар ду навбат ба кор дароварда шуда, табъу нашри рӯзномаҳои марказӣ низ ба роҳ монда шуда буд. Соли 1986 ба муносибати ба кор даромадани Комплекси табъу нашри рӯзномаву маҷаллаҳои Кумитаи ҳизбии Тоҷикистон чопи рӯзномаҳо ба ихтиёри он вогузор гардид. Ҳамчунин ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар кори табъу нашр – ҳуруфчинӣ, ислоҳи тасҳеҳнусха, ҷузъбандию саҳифабандӣ, чоп ва муқовабандии китоб барин амалҳои мураккаби полиграфӣ ҳамаи кормандону мутахассисони чопхонаҳои муқтадири ҷумҳурӣ ҳиссагузоранд.

Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» тибқи қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2000-ум ҳамин тавр номгузорӣ карда шуд. Баъди аз ҷониби Вазорати фарҳанг созмон ёфтани Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо истифода аз имконоти мавҷуда аз ҷониби Вазорат ва Корхонаи «Китоб» чораву тадбирҳои муштараки амалӣ андешида шуд, то ки китоб ҳаматарафа дар байни аҳолии ҷумҳурӣ тарғиб шавад, меҳру муҳаббат нисбат ба китоб аз нав эҳё гардад. Айни замон дар ҷумҳури ду коллектори китобхона - ҷумҳуриявӣ (дар шаҳри Душанбе) ва вилоятӣ (дар шањри Хуҷанд) амал мекунанд. Ин ду коллектор ба китобхонаҳо дар кори пурра кардани фонди онҳо маслиҳату дастур медиҳанд, баҳри равнақи кор ба китобдорон мадади амалию методӣ мерасонанд.