ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Ҳуқуқи муаллиф

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки соли 1998 қабул шудааст, дар танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи обьектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад.
Бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, ҳамчунин дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон, бо дарназардошти сатҳи таваррум зарурати ба қонун ворид намудани тағйирот пеш омад.
Андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва ҳамзамон бо индексатсияи андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат индексатсия (афзун) карда мешаванд, ки ин омил на ҳама вақт аз ҷониби истифодабарандагон ба инобат гирифта мешаванд.
Фармоишгарон ва истифодабарандагони асарҳои муаллифон бештар ба маблағи ҳадди ақали ҳаққи қаламе, ки дар қарор омадааст, такя мекунанд.
Дар аксар маврид таносуби байни андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф бо боло рафтани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат вайрон мешавад.
Муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи асараш ҳуқуқ дорад. Андоза ва тартиби пардохти ҳаққи қалами муаллиф барои ҳар як навъи истифодаи асар дар шартномаи байни муаллифон муқаррар карда мешаванд.
Андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои корҳои нигоришӣ – бадеӣ ва аксбардорӣ дар матбуот» аз 4 феврали соли 2002, №37 ва «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт, санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» аз 1 августи соли 2006, №351 ба танзим дароварда мешаванд.
Вазорати фарҳанг бо дарназардошти сатҳи таваррум ва бо мақсади дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии муаллифон масъалаи баланд бардоштани ҳадди ақали ҳаққи калами муаллифонро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва иттифоқҳои эҷодии ҷумҳурӣ таҷдиди назар намуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» таҳия шуд ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 3- декабри соли 2014 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" аз 31 декабри соли 2014, №1172 акнун қисми ҳафтуми моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" бо таҳрири зайл ифода мешавад:
"Андозаи ҳадди ақалли қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва бо зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг индексатсия карда мешавад".
Ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, инчунин, дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон роҳандозӣ гардидааст ва дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад.

Аҳмадалӣ ҲАМИДОВ,
сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги ҶТ

 

 

Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ
оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он 

 

Бо забони тоҷикӣ

English

Соли ҳамроҳшавии Тоҷикистон

Конвенсия дар бораи таъсиси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ

Convention Establishing the World Intellectual Property Organization


25.12.1991

Конвенсияиумумиҷаҳонии ҳуқуқимуаллиф

 

World Convention for copyright rights

 

Тоҷикистон иштироки худро дар соли 1992 тасдиқ намуд

Конвенсия оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ

(Берн)

Convention for the protection of literary and artistic works

 

09.03.2000

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои ҳунармандон – иҷрогарон, истеҳсолкунандагони  фонограммаҳо ва ташкилоти радио ва телевизион (Рим)

International Convention for the protection of performers, producers of phonograms and Broadcasting organizations

 

 

19. 05. 2008

Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (Женева)

WIPO Copyright Treaty

05. 04. 2009

Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо

WIPO Performances  and Phonograms Treaty

 

24. 08. 2011

Конвенсия оид ба ҳимояи истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз ғайриқонунӣ аз нав истеҳсол кардани фонограммаҳои онҳо

Convention for the protection of producers of phonograms against unauthorized duplication of their phonograms

Баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст

 

СОЗИШНОМАҲО

Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф

Тоҷикистон 

(05.04.2009)

Договор ВОИС по авторскому праву

(Женева)

 

1996

Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо

(Тоҷикистон 29.12.2010,

ҳамроҳ шуд)

 

Договор ВОИС по исполнению и фонограммам

 

1996

Cозишномадарбораиҳамкорӣдарсоҳаи  ҳуқуқимуаллиф  ваҳуқуқҳоивобастаикишваҳоиИДМ

Тоҷикистон 1993

Соглашение о сотрудничестве в области охраны авторского права и смежных прав стран СНГ

 

1993

Cозишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнии  кишварҳои ИДМ

Тоҷикистон 1998

Соглашение о сотрудничестве  по пресечению правонарушений в области интеллектуальной собственности  стран СНГ

 

1998

Cозишнома оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси мубодилаи байнидавлатии иттилоот ва ташкили маҳзани маълумоти миллии ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

Тоҷикистон 2010

Соглашение о сотрудничестве  по организации межгосударствен-ного обмена информацией и формированию национальных баз данных авторского права и смежных прав

 

 

2010