ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Эълонҳо

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби баробарҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба касбу кор, ҳамзамон интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат ҷиҳати ишғоли мансабҳои холии зерин озмуни кушодро ба нақша гирифтааст:

1. Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, таҳсилот олии омӯзгорӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 1400 сомонӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

2. Сардори шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат, таҳсилот олии умумӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 1400 сомонӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

3. Сармутахассиси раёсати санъат, таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 1040 сомонӣ;

4. Сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ, таҳсилоти олии иқтисодӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 1040 сомонӣ;

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, таҳсилот олии соҳаи таърихшиносӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 847 сомонӣ;

6. Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохилӣ, таҳсилот олии иқтисодчӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 847 сомонӣ;

7. Мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти олии омӯзгорӣ, мусиқӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст, 847 сомонӣ;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (дар муҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун)

Эзоҳ: Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рӯи ихтисос зарур мебошад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо ва баргузории озмун: 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34, тел. 223-19-71 ва 221-04-23

Почтаи электронии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон vfarhang@mail.ru.

05.09.2017