ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

20 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво



Фармоиш ва амрҳо

ФАРМОИШИ
ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси моддаҳои 35 ва 100 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҷабов Искандар Талбакович директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова», аз 13 ноябри соли 2014 бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шавад.

 

Дар асоси моддаҳои 32 ва 35 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҷабов Искандар Талбакович аз 13 ноябри соли 2014 ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода» бо музди моҳонаи меҳнат мувофиқи ҷадвали корбаст, бо ҳуқуқи имзо дар асноди бонкӣ ва пулӣ таъин карда шавад.

 

Вазири фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Орумбекзода

ш. Душанбе

13 ноябри соли 2014

№136-ш

 

 

ФАРМОИШИ
ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси моддаҳои 35 ва 100 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исмоилов Ҷамшед директори Муассисаи давлатии «Ансамбли давлатии хизматанишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода» аз 14 ноябри соли 2014 бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шавад.

 

Вазири фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Орумбекзода

ш. Душанбе

13 ноябри соли 2014

№137-ш

 

ФАРМОИШИ
ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси моддаҳои 32 ва 35 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Исмоилов Ҷамшед аз 14 ноябри соли 2014 ба вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», бо музди моҳонаи меҳнат мувофиқи ҷадвали корбаст таъин карда шавад.

 

Вазири фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Орумбекзода

ш. Душанбе

13 ноябри соли 2014

№138-ш