ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

20 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво



20 март - «Рӯзи фарҳанг»

Рӯзи фарҳанг муборак фарҳангиён!

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст» - Оре, ин суханони шаҳдомез ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансубият доранд. Бо ҳидоят ва раҳнамоии Сарвари давлат фарҳанг дар даврони соҳибистиқлолиятии Тоҷикистони азиз рушди бемайлон намуд. Чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад ва дастовардҳои фарҳангии мамлакат ва аҳли фарҳангу санъат рӯз ба рӯз афзун гардида истодаанд.

Бунёди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Оғози босуботи сохтмони Театри миллӣ, Ҷашнҳои бузурги миллӣ аз қабили Наврӯзи байналмилалӣ, Меҳргон, Садда, бунёди сохтмони Қасрҳои боҳашамати фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, таъбу нашри бешумори адабиётҳои гуногун, Таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи дизайн ва рассомӣ, Коллеҷҳои ҳунарӣ дастовардҳои фарҳангие мебошанд, ки маҳз бо ибтикор ва дастгирии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Ва ин ғамхориҳо ба нафи фарҳангу санъат боло аз ҳама ба аҳли ҳунар ва фарҳангиёни кишвар нигаронида шудаанд. Ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи мамлакат вохӯрии судманд баргузор менамоянд ва албата дар пасманзараи ин вохӯриҳои таърихӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат навовариҳои оламшумуле дар ҷабҳаи илм, адабиёт, фарҳанг ба амал меоянд. Падидаи нав ин рӯзи 20 март эълон гардидани «Рӯзи фарҳанг», ки бо ташабуси Сарвари давлат иқдом гирифта шуд мебошад. Боз як ғамхории беназир ба фарҳанг ва аҳли фарҳанги Тоҷикистони азиз. Зиҳи Пешвои муаззами миллат!

Аз ин лиҳоз, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори худ рӯзи 20 мартро ҳамчун «Рӯзи фарҳанг» қабул намуд.

Ҳамкасбони худро ба ин рӯзи иди касбияшон табрику таҳният менамоям ва аз номи худ ва аҳли фарҳанги кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназир ва ин туҳфаи гаронарзиш минатдории бепоён изҳор менамоям.

Бо ин мақсад, мо аҳли фарҳангро лозим аст дар ҷавоб ба ғамҳориҳои Сарвари давлат аз пештара дида, бештар баҳри амалӣ гаштани сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз дар ҷабҳаи фарҳанг ҳам дар ҳориҷ ва ҳам дохили кишвар садоқатмандона хизмати софдилона намоем.

Шодибек Усмонов 
корманди Вазорати фарҳанг
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон