ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

20 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навиди фарҳангии хориҷа

Рӯзи Шашмақом дар Анқара

16 майи соли равон дар Донишгоҳи Ҳаҷеттепеи шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Фестивали байналмилалии донишҷӯён баргузор шуд. Дар ҷаҳорчӯби он дар гӯшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асбобҳои мусиқии миллӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 май дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, барпо шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Бо иштироку дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва ҷалби донишҷӯёни тоҷик дар гӯшаи миллии кишвар ба меҳмонони намоиш ашёҳои гуногуни анъанавӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ пешкаш гардида, ба ҳозирин оид ба Шашмақом, ки яке аз намунаҳои мероси фарҳангии миллати тоҷик ба шумор рафта, соли 2003-юм дар Феҳристи куҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва сармояи ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шудааст, нақл карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Сана: 18.05.2017 15:13:40