ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» — намоиш дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

15 сентябри соли равон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 намоиш таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон 25 адад асар аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр, кӯлу дарёҳо ва чашмасорони кишвар наққошӣ шуда, сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаи оби мусаффо муаррифӣ менамоянд.

«Намоиши «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд то 30 сентябри соли ҷорӣ идома ёфта, ҳамзамон дар намоиш филми «Тоҷикистон-кишвари обҳои равонбахш» пешниҳоди тамошобинон мегардад»,-зикр намуд манбаъ.

Бояд ёдовар шуд, ки 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул намуд.

АМИТ «Ховар»

Сана: 14.09.2017 08:46:00