ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

13 Декабри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ: вакилони ин ҷаласаи таърихӣ хотираҳои худро нақл мекунанд

Дар  таърихи  Тоҷикистони соҳибистиқлол  санаҳои бузурге мавҷуданд, ки ба устувории сиёсӣ ва таҳкими давлатдорӣ таъсири бузургу беназир расондаанд. Яке аз ин гуна санаҳои таърихӣ- ин баргузории  Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба баргузории  он 25 сол пур шуд. Онро метавон ҳамчун рӯйдоди воқеан таърихӣ номид, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон  тарҳрезӣ гардид. Доир ба аҳамияти иҷлосияи мазкур дар таҳкими рушди давлатдории миллӣ дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” дар вилояти Суғд чанд тан аз вакилони ин иҷлосияи тақдирсоз хотираҳояшонро баён намуданд, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мекунем.

 Баҳриддин Аҳмадов, Ходими хизматнишондодаи маданияти ҷумҳурӣ:

-Ҳоло мардуми шарафманди мамлакат 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаанд. Ман чун иштирокчии ин иҷлосия гуфтаниям, ки аввалҳои солҳои 90-ум, хосатан солҳои 1991-1992 давраи хеле душвор буд. Он солҳо ҷанги бародаркушӣ ҷараён дошт ва мардуми ҷумҳурӣ рӯзҳои хеле мушкилро аз сар мегузаронид. Мардум орзуи оромиву осудагӣ, мустаҳкамии сохти конститутсионӣ ва зиндагии осоиштаро дошт.  Хосатан, дар пойтахти кишвар  дар оғози гирдиҳамоиҳои  соли 1992  чандин нафар вакилони халқ ва аъзои Ҳукумат гаравгон гирифта шуданд. Дар натиҷаи ин нофаҳмиҳо ва  муноқишаҳои сиёсӣ   ҳатто  чанд тан аз вакилони мардумӣ шаҳид шуданд. Дар он айёми хатарнок   ягон сохторе кафолати  бехатарии вакилони мардумиро дода наметавонист. Аз ин лиҳоз пешниҳод шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12 –ум  моҳи ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир шавад ва он  ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Ҷараёни кори иҷлосия бисёр тезутунд мегузашт, зеро дар давраи ҳассосу мушкил барои кишвар доир мегардид. Дар байни вакилон ҳам ҳар хел гурӯҳҳо буданд, баъзе нафарон намехостанд, ки иҷлосия гузаронида шаваду оромии кишвар пойдор гардад.

Дар хотир дорам, ки 19 ноябри соли 1992 яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия- ин интихоби раиси Шӯрои Олии ҶТ буд. Вакили мардумӣ аз ноҳияи Ҳисор Абдувоҳид Мирзоев дар ҷаласаи Иҷлосия пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқ Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда шавад. Ин таклифро депутати мардумӣ аз шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев дастгирӣ намуд. Дар овоздиҳӣ аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Ҳамин муждаи ҳаётбахш ба вуҷуди мо, ҳаққо, ки гармӣ ва ба дилҳо неруи дигар овард, дидаҳоро рӯшан кард. 

Пас аз интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, барои боварӣ ба вакилон миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки “ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам! То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон   ба ватан барнагардонам,  осуда буда наметавонам. Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, баҳри шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам”.

Бузургӣ ва марди худодод будани  Эмомалӣ Раҳмон  аз ҳамон  лаҳзаҳо  аллакай  ҳувайдо буд. Аз аввалин лаҳзаи  роҳбарияшон  Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки  ба хотири якпорчагии Ватан ва бақои миллат  мардуми паси ду сангари муқобил  қарордоштаро ба ҳам биёранд.

Бояд гуфт, ки Баҳриддин Ахмедов ҳамчунин муаллифи китоб бо номи “Иҷлосияи таърихӣ ва Пешвои миллат” мебошад, ки соли 2014 рӯи чоп омадааст.

Муборак Неъматова, собиқ раиси Шӯрои занҳои шаҳри Хуҷанд (с.1992):

— Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ, ки дар қасри хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев  баргузор гардид, барои барқарорсозии сохти конститутсионии  кишвар ва бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Зеро масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, интихоби раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин намудани Сарвазири давлат, дар бораи тартиби ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон ба ҳисоб мерафтанд.

Бояд гуфт, ки он солҳо аз ҳар гӯшаву канори мамлакат овози тиру туфанг, фарёди кӯдакон, оҳу фиғони модарон ба гўш мерасид. Оромӣ на шаб буду на рӯз. Мардум пароканда, мақсадҳо гуногун. Аҳолии бечора дар чунин лаҳзаҳои сахт аз ҳама бештар азият медид. Дар он солҳои мудҳиш, хосатан ба занон бисёр душвор буд. Зеро дар аксарияти хонавода мардон бекор монда буданд ва бори асосии  зиндагӣ ба сари занон фаромада буд. Вале новобаста ба ин сахтиҳо, занону модарони мо дар паҳлуи мардон истода, ин ҳама душвориҳову бесарусомониҳоро паси сар намуданд.

Хосатан, дар ин давра мақом ва корбарии занон-вакилон низ қобили зикр аст, зеро дар чунин шароити ҳассос нотарсона баромад намуда, ақидаву дархости занон- бонувони мамлакатро баён  менамуданд. Дар ин радиф мехостам бо ифтихор аз ҷумла, номи вакилзанон Рафиқа Мусоева ва  Адолат Раҳмоноваро ба забон гирам. Ҳангоме, ки баромади онҳоро дар иҷлосия медидему мешунавидем, дар раванди ибрози ҳамраъйӣ, худро сарбаланд меҳисобидем.   Ҳол он, ки он масъалаҳои ҳалталаберо, ки онҳо ба музокира мегузоштанд, на ҳар як вакили мард изҳор мекард. Ҳатто вақте ки Раиси навинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилон баҳри бартарафнамоии мушкилоту муаммоҳои ҷойдошта ва фаъолияти якҷоя бурдан вазифаҳои гуногунро пешниҳод мекарданд, на ҳар яки онҳо розигӣ медоданд.

Роҳи расидан ба сулҳ басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буд. Маҳз аз ин Иҷлосия сулҳу ваҳдат, оромӣ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ ибтидо гирифт.

Бо талошу хизматҳои назарраси Эмомалӣ Раҳмон оромӣ дар тамоми мамлакат  фароҳам омад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро ба мардуми парокандаи тоҷик тавонист сарвари боэътимоду содиқ ба Ватанро шиносонад.

Аз ин лиҳоз, моро мебояд байни ҳам дӯсту муттаҳид бошем, шукрона кунем, ки чунин Ватани ободу ором дорем. Зеро ин ҳама пойдориву муваффақиятҳои давоми 26 соли истиқлолият ба дастоварда меваи бузурги Истиқлолият  ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии тақдирсозанд.

Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,

АМИТ “Ховар”, Суғд

Сана: 17.11.2017 14:50:00