ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Сухан аз Истиқлол – сухан аз бедорист!»

Забони модарии мо мисли дигар забонҳои дунё вожаҳои муқаддаси худро дорад, чунончи: Ватан, модар, Худованд… Барои миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо вожаҳое, монанди Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, озодӣ… низ муқаддасанд. Ба ҳар миллат муяссар намешавад, ки дар радифи номи зотияш ин вожаҳо дурахшон бошанд. Барои мо тоҷикон ин вожаҳо он қадар маънодор, он қадар азизанд, ки вақте онҳоро ба забон меорем, банда гумон мекунам, бояд як изтиробе моро фаро гирад, бояд баданамон биларзад ва сарамон ба осмонҳо бирасад, зеро дар ин вожаҳо ормонҳои ҳазоронсолаи халқи куҳанбунёди мо таҷассум ёфтаанд. Зеро барои расидан ба онҳо халқи соҳибтамаддуни мо ҷодаҳои гарони таърихи хунинро пушти сар кардааст...

Таърихи Истиқлолияти давлатии мо, рӯҳияи безаволи он дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқу рехтаву нишонрас баён гардидааст:

“Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад.Чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.

Рӯҳи озодии гузаштагони мо – тоҷикон, кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиёни огоҳу бедордил ва сарлашкарони меҳанпараст ба хотири истиқлолияти Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги оламшумуламон дар тӯли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст”.

Хушбахтона, ҳукми таърих ва замон чунин буд, ки дидани ҳузури хуҷастаи ин лаҳзаи беназир ва тақдирсози миллатамон насиби насли хуштолеи мо гардидааст. Мо хушбахтоне ҳастем, ки на танҳо ин зуҳуроти таърихиро мебинем, балки худамон дар бунёди давлати навини тоҷикон иштирок дорем ва метавонем саҳми боризи худро гузорем ва чунин хушбахтӣ баъд аз ҳазор сол маҳз насиби мо шудааст. Оё ин худ ҳадяи тақдир барои мову шумо нест?! Ин аст, ки Истиқлолияти давлатӣ хуҷастатарин дастовард ва муқаддастарин неъмати асру замонҳо барои миллати мост ва барои мо тоҷикон азизу муқаддаму муқаддасу беназир аст.

Табиист, ки мо муосирон бо Истиқлолияти давлатии худ, Ваҳдати миллие, ки дар замони истиқлолият ба даст овардем, ифтихор ва сарфарозӣ мекунем. Аммо танҳо ифтихор кам аст. Мо бояд масъулияти баланду таърихии худро дар назди ин дастоварди муқаддасамон ягон лаҳза аз ёд набарем. Ва суханони раҳнамои Пешвои муаззами миллати худро шиори хеш созем:

“Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум аст”.

Имрӯзҳо миллати куҳанбунёд ва саҳибтамаддуни мо аз 26-умин солгарди ин санаи тақдирсоз истиқбол мегирад. Дар ин муддати дар назди таърих хеле кӯтоҳ мо эҳёи дубораи Ватани худ, Тоҷикистони азизамон, эҳёи маънавии халқамонро ба чашми худ дидем. Дидем, ки барои миллати тоҷик, миллате, ки аз як гиребон сар бароварда метавонад, истиқлолият чи имкониятҳои бузургеро метавонад фароҳам оварад. Дар бораи моҳияти Истиқлолият, нақши бузурги он дар тақдири ҳар халқ наметавон возеҳтару равшантар аз суханони мондагори Пешвои миллатамон чизе гуфт:

“Истиқлолият шараф ва номуси ҳар миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.”

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

АМИТ «Ховар»

Сана: 08.09.2017 12:05:46