ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

20 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Интишороти ВАО

"Шамсиддин Орумбекзода: "ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ЗАМИНАИ УСТУВОР ГУЗОШТ""

Дар арафаи Ҷашни 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ хабарнигорамон бо Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар, оид ба бурду бохти соҳа суҳбат орост, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.

- Чуноне ки маълум аст, дар татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар вазорат нақши муҳим дорад. Ҳоло ки дар арафаи таҷлили ҷашни муҳими давлатӣ қарор дорем, перомуни кадом дастовардҳои фарҳангӣ метавон сухан кард?
- Дар замони соҳибистиқлолӣ фазои фарҳангии кишвар комилан дигаргун гардид ва барои ташаккули фарҳанги воқеан миллӣ заминаи устувор гузошта шуд, ки ниҳоят муҳим буд. Ба шарофати сулҳу оромӣ, мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, ҳамчунин ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти соҳа дар ин давра имкон дод, ки иншооти гуногуни фарҳангӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёбанд, ёдгориҳои зиёди нодири таърихӣ таъмиру барқарор шаванд ва робитаҳои фарҳангӣ бо як қатор кишварҳо устувор гарданд. Боғҳои нави фарҳангию фароғатӣ, қасрҳои тозабунёд, китобхонаву осорхонаҳо, ки ҷавобгӯи талаботи рӯзанд, меваҳои шаҳдбори маҳз замони истиқлол мебошанд.
 Падидаҳои дигари даврони истиқлолият таъсис ёфтани Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, коллеҷи хореографӣ, таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифтани ягона арғунун ба шумор мераванд.

Дар ин давра миёни дастовардҳои соҳа ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардидани баъзе ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми хос дорад. Зеро, ба ин восита тавонистем унсурҳои фарҳанги миллиамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва тарғиб созем.

- Мехостам суҳбатро атрофи ҳамин мавзӯъ идома диҳем. Асри XXI, агар аз як тараф дар бақайдгириву тарғиби фарҳангҳо заминаи хуб фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, ба махлутшавии фарҳангҳои гуногун хатари ҷиддиро пешорӯ меорад. Ба ин хотир, бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО якчанд омилҳои нигоҳдории фарҳанги миллиро рӯи кор овард. Оё мо аз ин омилҳо дуруст истифода бурда, то куҷо тавонистем фарҳанги миллиамонро эҳё намоем?
- Барномаҳои ҳифзи фарҳангҳои миллии ЮНЕСКО зиёданд ва Тоҷикистон низ дар солҳои охир онҳоро мавриди назар қарор медиҳад. Барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани арзишҳои миллӣ ва ҳифзи онҳо, тибқи талаботи ЮНЕСКО, пеш аз ҳама, бояд феҳристи фарҳанги моддӣ ва ҳам ғайримоддии миллатамонро омода созем. Ин феҳрист бояд, ки ҳам дар сомонаи Вазорати фарҳанг ва ҳам дар сомонаи ЮНЕСКО ворид карда шавад. Дар ин самт корҳои зиёд роҳандозӣ шуданд. Аз ҷумла, бори нахуст «Феҳристи миллии фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» омода ва ба сомонаи www.pitfi.tj ворид шуд.
 Баъзе номинатсияҳои ин феҳрист, аз қабили «Оши палов» ва «Шашмақом» аллакай ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ шомил шудаанд. Ҳоло барои ворид намудан ба феҳрист номинатсияҳои «Чакан» ва «Фалак» - ро пешниҳод намудем. Аз ҷониби кормандон лоиҳаи «Феҳристи ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ омода гардид. Аз шумораи ёдгориҳои моддӣ то имрӯз ба рӯйхати Мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ворид шудааст.

- Тавре маълум аст, дар соҳаи фарҳанг якчанд барномаҳо амалӣ шуда истодаанд, ки «Ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020» аз ҳамин қабил аст. Лутфан бигӯед, ки ҷараёни татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Барои рушди соҳа то имрӯз 13 барномаи давлатӣ қабул гардидааст. Муҳлати иҷрои баъзеи онҳо аллакай анҷом ёфт. Дар рафти иҷрои барномаҳои анҷомёфта корҳои муайян ба сомон расонда шуданд.
 Яке аз барномаҳои хеле муҳим «Ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020» мебошад. «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» низ ҳоло мавриди амал қарор дорад ва он фаъолияти тамоми соҳаи фарҳангро дар бар мегирад.

- Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда имрӯз дар соҳаи фарҳанг нарасидани кадрҳост. Ҳарчанд барои ҳалли масъала чораҳои зиёд андешидаву роҳандозӣ шудаанд, мушкил ҳамоно боқист. Чаро?
- Мо аслан ба кадрҳои маълумоти олидор такя кардан мехоҳем.
Ҳарчанд онҳое, ки коллеҷҳои фарҳангиро хатм кардаанд, низ мутахассиси соҳа маҳсуб меёбанд ва ҳуқуқ доранд, дар ҳамин соҳа фаъолият намоянд.
Дар ин самт баъзан таҳлилҳои нодуруст дорем, зеро ба ин шумор кормандони техникиро низ шомил менамоянд. Масалан, агар 3900 нафар бо маълумоти миёна дар соҳаи китобдорӣ фаъолият дошта бошад, аз инҳо 2400 нафараш мутахассиси техникӣ ва хизматрасон мебошад. Теъдоди зиёди хатмкунандагон, бо сабаби камии маош ва набудани имтиёзҳо, мутаассифона, ба ҷойи кор ҳозир намешаванд, ки ин масъала таваҷҷуҳи махсуси вазорат ва ҳам мақомоти маҳаллиро тақозо дорад.
 Нақша дорем онҳоеро, ки бо маълумоти олии нопурра дар соҳа фаъолият доранд, барои соҳибмаълумот намудан ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн шомил намоем. Барои онҳо дар донишкада курсҳои такмили ихтисос ташкил шудаанд. Барои ҳалли ин мушкилӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ бояд талош намоянд. Танҳо дар якҷоягӣ метавонем ин ва дигар мушкилоти соҳаро ҳаллу фасл намоем, фаъолияти муассисаҳои фарҳангиро бо ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар мутобиқ созем.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»

Сана: 13.09.2017 11:00:00