ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

20 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Тахти Сангин

Тахти Сангин

Тахти Сангин мавзеи таърихиест, ки димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст. Шаҳрак дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён дар ҷануби кишварамон мавқеъ дошта, ба асрҳои IV - пеш аз милод - III милодӣ тааллуқ дорад.

Қубодиён таърихи хеле куҳан дорад. Номаш гувоҳ аст, ки сокинонаш аз авлоди асосгузори сулолаи Каёниён шоҳ Қубоданд. Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Кайқубод-маънии лафзии он одил ва барҳак аст». Инчунин дар дигар фарҳангҳо Қубод ба маънии маҳбуб ва Кайқубод ба маънии шахси маҳбуб, сарвари гиромӣ омадааст. Ва мулк низ ба ин шоҳ нисбат дода мешавад. Ҳамоне, ки ному қаҳрамониш борҳо дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ зикр шудааст.

Дар «Шоҳнома» инчунин қисса аст, ки дар овони ҳукмронии Кайқубод Афросиёб дар ҷанг бо ирониён шикаст хӯрда, аз чанги Рустам гурехта ба назди падараш Пашанг мерасад. Пашанг бо шунидани аҳволи воқеӣ ва авзои Афросиёб ба Кайқубод номаи оштиҷӯёна менависад. Ва дар номааш ёдовар мешавад.

Сазад, гар бидорем дили ҳам бар - он, 
Нагардем аз оину роҳи сарон.
Зи Хиргоҳ то Мовароуннаҳр бар,
Ки Ҷайҳун миёнҷист андар гузар.
Бару буми мо буд ҳангоми шоҳ
Накардӣ бар ин марз Эраҷ нигоҳ.

Ҳамон бахш Эраҷ аз Эронзамин 
Бидод Афридуну кард офарин.
Магар ром гардад бад-ин Кайқубод,

Сари мард ба хурд нагардад зи дод… 

Дар навиштаҳои донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ ишора аз ҳукмронии Қубод вар мехӯрад. Тибқи маълумоте, ки аз «Авесто» берун шудааст, салтанати Қубод ба солҳои 2372-2496 рост меояд.

Дар «Таърихи Табарӣ» оид ба ободонию бунёдкории Қубоди сосонӣ сухан рафтааст: «Дар ҳудуди Хуттал шоҳи Сосониён - Қубод шаҳре бунёд кард, ки он Қубодобод ном дошт». Ва Балъамӣ меафзояд, ки ҳамон Қубодобод дар давраи ӯ ҳамчун Қубодиён машҳуру маъмул аст. Гулшанӣ дар «Таърихи Ҳумоюн» менависад: «Ва нуфузи Қубодиён ва фанои он, ки ёздаҳ фарсанги муттасилқарост, аз лаби дарёи Сурхон то Айванҷ канори Ҷайҳун ҳама ҷо музореъ ва басотин аст, ҳафтод ҳазор хонавор аст». 

Тахти Сангин дар қисмати шарқии Қубодиён дар пушти қаторкӯҳи Тешиктош дар соҳили рости рӯди Ому қомат афрохта буд. Саҳеҳтараш дар ҷойе, ки ду рӯди бузург Вахш ва Панҷ бо ҳам меомезанд, ё якҷо мешаванд.

Номи куҳанаш Тахти Сангин нест. Бо ин унвон дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудааст, бинобар ин олимон шартан Тахти Сангинаш номиданд. Ва ҳам монандӣ бо Тахти Ҷамшед – пойтахти Порси куҳан, ки дошт дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд.

Тахти Сангин