ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Фестивали филмҳои Корея – 2017 ифтитоҳ гардид

11 ноябри соли 2017 дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе ифтитоҳи ботантанаи Кинофестивали Корея – 2017 таҳти унвони «Дӯстӣ ба хотири оянда» баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода аҳли нишастро бо кушодашавии ҷашнвора табрик гуфта, арзу сипоси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокчиён ва ташкилкунандагони фестивал расонид ва изҳор дошт, ки баргузории чунин падидаи хурсандибахш ба шарофати сиёсати дурандешонаи сарварони ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, инчунин кӯшиши вазоратҳои фарҳанг баҳри ҳамкориҳои пурсамар имконпазир гаштааст.

«Ҳадафи ниҳоии Кинофестивали Корея – ин таҳкими дӯстӣ байни халқҳои мо, густариши робитаҳо ба хотири гулгулшукуфии фарҳанг, шиносоӣ бо санъати волои синамо ва ташаккули ҷаҳони маънавии ҳамзамонон мебошад», - иброз дошт Музаффар Давлатзода.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки насли калонсоли киноматографистони Ҷумҳурии Корея таи даҳсолаҳо намунаҳои олии филмҳои бадеиро офаридаанд. «Кинои Корея таърихи бою арзанда ва ифтихорбахш дорад. Насли нави кинои Ҷумҳурии Корея ин анъанаро сарбаландона идома дода меоянд», - зикр намуд мавсуф ва илова намуд, ки тамошобини тоҷик аз тамошои филмҳои кореягӣ, ки дар арсаи байналхалқӣ обрӯи хоса доранд, баҳраи маънавӣ хоҳад бардошт.

Дар фароварди сухан муовини вазир ба Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба намояндаи Сафорат ҷаноби Ли Вучёл барои эътироф ва кӯшишу талошҳояшон баҳри таҳкими дӯстӣ ва густариши робитаҳо ба хотири гулгулшукуфии фарҳанг изҳори сипос намуда, ба тамошобинон фароғати хуш таманно намуд.

DSC_0191+

:13.11.2017 11:53:17