ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

20 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Иштироки ду филми тоҷик дар IX-умин Фестивали филмҳои афғонӣ дар Шветсия

Ду филми тоҷик дар IX-умин Фестивали филмҳои афғонӣ дар Шветсия иштирок мекунанд.

Фестивал дар шаҳри Стокголм баргузор мегардад. Филмҳои «Коса» ва «Духтари Сайҳун»-и коргардон Муҳиддини Музаффар дар фестивали мазкур дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё, ки бо забони форсӣ - тоҷикӣ (дарӣ) ба навор гирифта шудаанд, иштирок мекунанд.

Намоиши филмҳои мазкур рӯзи 10- сентябри соли равон дар назар аст.

Мавзӯи филмҳои фестивал ин мушкилоти кӯдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Боиси зикр аст, ки филми «Коса» дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд нақл мекунад. Ин филм соли гузашта дар фестивалҳои синамоӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Бритониёи Кабир намоиш дода шуда буд.

«Духтари сайҳун» оид ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ба навор гирифта шудааст.

:08.09.2017 15:09:41