ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем***

Чоршанбе

20 Сентябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки арзиши корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 8 миллиону 272 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида барои бунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 0,55 гектар буда, масоҳати умумии бино 1 ҳазору 247,6 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи аввали бино толори фарҳангӣ барои 500 ҷойи нишаст ва дар қабати дуюм ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.

Фармоишгари бинои замонавии Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи биноро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП» омода намудааст.

Паймонкории ин иншоотро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» ба уҳда дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо ҷалб намуда, иброз доштанд, ки Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бояд солҳои дароз ба мардум хизмат намояд.

Тибқи лоиҳа корҳои сохтмонии Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон соли 2018-ум ба нақша гирифта шуда, дар муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд

АМИТ «Ховар»

:13.09.2017 10:07:38