ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво

Навид

Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон ва ташрифи гурӯҳи овозадори «Триои Консерваторияи Москва»

Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 27 сентябри соли 2017 баргузор мегарданд.

Ҳайатирасмӣва эҷодии Рӯзҳо ба Тоҷикистон санаи 23 сентябр ташриф хоҳанд овард. Ба ҳайати эҷодӣАнсамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Триои Консерваторияи Москва» шомиланд.

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 сентябри соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣдар назар аст.

Барномаи консертӣдар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣдар Донишгоҳи славянии тоҷику рус аз ҷумлаи чорабиниҳоеянд, ки дар доираи Рӯзҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Норак низ сафар намуда, ба халқи фарҳангдӯсти он барномаи ҷолиби консертӣпешниҳод менамоянд.

Боиси зикр аст, ки Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан»-и Осетияи шимолӣ– Алания дар зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон санъати хореографии Осетияро муаррифӣкардааст. Ансамл дорандаи медали «Дӯстии халқҳо», медали тиллоии Фестивали байналмилалии панҷқитъа дар Фаронса, барандаи ҷоизаи «Золотой Аполлон», барандаи ҷоизаи Ҳукумати Федератсияи Россия ва ғолиби озмунҳои байналхалқӣва умумироссиягӣмебошад.

Гурӯҳи созии овозадори «Триои Консерваторияи Москва» аз се нафар навозандагон ва санъатшиносони моҳир Красотина Ирина Викторовна, Румянтсев Евгений Валеревич ва Агеев Николай Лвович иборат аст. Гурӯҳи мазкур низ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон қалби ҳазорон нафар мухлисони санъатро бо навозиши моҳир ва нотакрори худ мутаассир кардааст.

:13.09.2017 14:45:28