ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МИНИСТЕРСТВО КУЛЬТУРЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИКСТАН
MINISTRY OF CULTURE OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ"
"Қасри миллат"
"Шоми Душанбе"
Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои бархурдорӣ аз ин ҷавҳар фазои мусоид фароҳам аст ва тамоми хурду бузург ба он дастрасӣ доранд. Дари толору намоишгоҳҳои барҳавои театрҳо, қасру хонаҳои фарҳанг сирк ва китобхонаву осорхонаҳо бо барномаҳои рангини маърифатию фароғатӣ аз субҳ то шом ба рӯи Шумо боз аст. Шитобед ва маърифати хеш ва аҳли хонадонатонро афзун намоед. Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ*** Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем*** 25-27 октябри соли 2017 дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.***18 октябри соли 2017 дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли 2017 баргузор мегардад.***

Душанбе

20 Ноябри 2017

Овоз диҳед

Дар вактҳои холӣ Шумо чиро авлотар мешуморед?

Тақвим

Обу ҳаво



Мусоҳиба, шарҳ

БАРОИ ҒАНӢ ГАРДОНДАНИ ДУНЁИ МАЪНАВӢ

- Мӯҳтарам Шамсиддин Орумбекзода, чун дар арафаи соли нав қарор дорем, мехостем бидонем, соле, ки сипарӣ мегардад, барои аҳли фарҳанги мамлакат чӣ гуна соле буд?

- Ташаккур. Хушбахтона, фазои сулҳу амнияте, ки дар кишвар ҳукмфармост, дар баробари рушди тамоми соҳаҳо барои инкишофи санъату фарҳанг, дар маҷмӯъ пешрафти маънавиёти мардум хеле мусоид аст. Беҳтарин бозёфти аҳли фарҳангу санъати ҷумҳурӣ дар соли 2014 барқарор намудани фаъолияти тамоми театрҳои касбӣ ва пур гардидани фазои фарҳангии кишвар бо барномаҳои хеле рангини консертӣ ва намоишномаҳои ҷолиб мебошад. Дар ин радиф, бешак барномаҳои бадеии театрикунонидашудаи консертӣ ба ифтихори мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе, таҷлили 600-солагии адиби бузурги Шарқ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии бастакори барҷастаи тоҷик устод Зиёдулло Шаҳидӣ чорабиниҳое буданд, ки аз ҷониби меҳмонон ва дигар иштирокдорони ин барномаҳои сатҳи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтанд.

Ҳамчунин, шоистаи зикр аст, ки аҳли фарҳанги мамлакат зимни баргузории бошукӯҳу пурмӯҳтавои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиё, таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия ва Туркманистон дар Тоҷикистон, Рӯзи Шашмақом, Мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб – 2014», барномаи бадеӣ-консертӣ ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, намоиши байналхалқии «Китоби Душанбе – 2014», Рӯзи забон, ҷашнҳои 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллӣ бо шинохти масъулият ва рисолати иҷтимоии худ тамоми донишу малака, таҷрибаи аҳли соҳаро баҳри ташаккули муҳити сазовори муосири кишвар равона намуданд.

Аҳли ҳунар бо мақсади дар сатҳи арзанда истиқбол гирифтани ҷашнҳои Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, Рӯзи матбуоти тоҷик, барномаи бадеии мулоқоти Президенти мамлакат бо зиёиён, Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар «Наврӯзгоҳи пойтахт», инчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Наврӯзи фарҳанг, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, маҳфили «Рӯдакихонӣ» ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ саҳми муносиб гузоштанд.

Аҳли фарҳанги кишвар ҳамзамон дар таҳияи барномаҳо бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, барномаи бадеии консертӣ ба ифтихори ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Карнавали идона бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, Рӯзи Парчами миллӣ, Соли нави мелодӣ ва даҳҳо дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналхалқӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Соли равон барои кормандони муассисаҳои нашриявӣ, таъминот ва савдои китоб низ хотирмон буд, чун онҳо баробари он ки рисолати бар дӯшдоштаи хешро иҷро карданд, инчунин, дар Чорумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе таҳти унвони “Китоб ва ҳамгироии арзишҳои умумибашарӣ” фаъолона ширкат карда, баҳри муаррифии соҳаи табъу нашри ҷумҳурӣ хидмати шоистае анҷом доданд. Ҳамчунин, шоистаи зикр аст, ки китоби «Гулчини ғазал ва масалҳо»-и Ҷалолиддини Румӣ дар Намоиши байналмилалии китоб дар шаҳри Москва сазовори диплом гардид.

Дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ низ соли равон дастовардҳо буданд. Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тартиби корбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон» бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид.

Кӯшишҳои муваффақ барои тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва ворид намудани шаҳри таърихии Ҳисор ва Тахти Сангин ба ЮНЕСКО, оғози ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар қалъаи Ҳисор аз ҷониби бостоншиносони Академияи илмҳо, чопи китоби «Ҳулбук - пойтахти Хатлоншоҳон», «Тақвими соли 2015», роҳнамои «Ҷойҳои таърихии Тоҷикистон» аз ин ҷумлаанд.

Аз ҷониби шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи вазорат бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, ҳамчунин дар сатҳи лозима танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон лоиҳаи нави Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон» пешниҳод гардида, қабул шуд. Лоиҳаи Консепсияи ташкил ва рушди бозори моликияти зеҳнии кишварҳои узви ИДМ пешниҳод гардид. Ҳамчунин, маҷмӯаи «Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф» интишор ёфт.

- Театрро оинаи зиндагӣ гуфтаанд. Дар ҳақиқат, тааасуроте, ки намоишномаи ҳунармандона таҳиягардида ва нақшҳои бо маҳорат иҷрошуда дар саҳнаи театр бахшида метавонанд, ягон воситаи дигар иваз карда наметавонад...

- Дуруст аст. Бо иштироки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани театри “Аҳорун”, таъмиру тармими Театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов, бо гармӣ таъмин гардидани тамоми муассисаҳои фарҳангии пойтахти кишвар муносибати тамошобинро нисбати театр куллан дигаргун гардонда, барои таҳияи намоишномаҳои рангин заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар маҷмӯъ, соли равон театрҳои ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон намоишномаҳои зиёдеро пешниҳод намуданд, ки чун василае баҳри беҳдошти сатҳи маънавиёт ва дарёфти ғизои маънавӣ буданд. Театри давлати академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барои дӯстдорони санъати касбӣ операҳо ва опереттаҳо ва дигар намошиномаҳои ҷолибро манзур намуд. Яке аз падидаҳои назаррас сафари ҳунарии ҳайати балет ба Ҷумҳурии федеративии Олмон бо намоишномаҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян ва «Мақоми ишқ»-и Ф.Баҳор ба ҳисоб меравад. Дар давоми сол бештар аз сад намоишномаи театри мазкурро зиёда аз 46 ҳазор нафар тамошо карданд. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бахшида ба ҷашни 100-солагии композитори маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ «Зиндагинома»-и А.Абдуҷабборов пешкаши мухлисони санъат шуданд. Театр бо намоишномаи «Чархи гардон»-и Нур Табаров ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафари ҳунарӣ анҷом дод. Дар умум бештар аз саду панҷоҳ спектакли театрро 40 ҳазор нафар тамошо карданд.

Ҳайати эҷодии Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов асарҳои наверо чун “Гирдбод”-и Н.Табаров ба тамошобинон пешкаш намуданд. Дар саҳнаи театр Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Нигоҳи нав” сурат гирифт. Театр ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт, бо ба шаҳри Ёвон ва ба қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари эҷодӣ дошт. Наздики дусад спектакли театрро қариб 40 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский намоиши солинавии «Маша, Медведь и Пожаркин»-и Р.Исмоиловро зиёда аз сад маротиба манзури тамошобинон гардонид. Коргардони ҷавони рус Надежда Славина (шаҳри Иркутск) бо даъвати ҷониби Тоҷикистон намоишномаи “Ҳикояҳои Антоша Чехонте”-ро таҳия кард. Сафари ҳунарии Театри мустақили Москва ва Театри давлатии Ярославл ду рӯзӣ давом кард. Театр бо намоишномаҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ва вилояти Хатлон сафари ҳунарӣ анҷом дод. Зиёда аз сесад намоишномаро беш аз 58 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» гурӯҳҳои ҳунарии 13 театри лӯхтаки кишварҳои дуру наздик ширкат варзиданд. Таи 25 рӯз гурӯҳи эҷодии театри лӯхтак ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, инчунин ба шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Варзоб ва Ҳисор сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод. Моҳи сентябр театр бо намоишномаи “Тахайюлоти ҷанг ва сулҳ” дар ҷашнвораи байналмилалии Театрҳои лӯхтаки ИДМ дар шаҳри Алмаато ширкат варзид. Умуман, ин давра зиёда аз саду ҳафтод спектакли театрро 44 ҳазор нафар тамошо карданд.

Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ва дигар театрҳои шаҳриву ноҳиявии ҷумҳурӣ бо намоишномаҳои ҷолиби худ тамошобинони зиёдеро тавонистанд ҷалб кунанд. Дар маҷмӯъ, театрҳои касбии ҷумҳурӣ 47 спектакли навро рӯи саҳна оварданд.

Инчунин, моҳи ноябр ба пешвози 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ машварат-озмуни ҷумҳуриявии драмнависон ва таҳиягарон баргузор гардид. Ҷойи аввал ба пйесаи Ато Хоҷаев “Қурбонии охирин”, ҷойи дуюм ба фоҷиаи Алиризо Раҳмонқулов “Маруся”, ҷойи сеюм ба драмаи Ҷумъа Қуддус “Муқовимат – резистанс” сазовор дониста шуданд. Ба асарҳои драмавии Нурулло Абдуллоев, Зарифи Ибод, Раҳмоналӣ Одинаев ва Ҷонибек Асозода мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ дода шуданд. Бо назардошти ин нишондиҳандаҳо метавон тазаккур дод, ки театри тоҷик дар ҳоли рушд аст.

- Барои мо маълум аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди соҳа барномаҳои давлатиро қабул намудааст. Мехостем, ки доир ба ин барномаҳо ва ҷараёни иҷрои онҳо чанд сухан бигӯед.

- Бо хушнудӣ метавон тазаккур дод, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат барои рушди ҳамаҷонибаи соҳа мусоидат кардааст. Марҳила ба марҳила дар амал татбиқ гардидани «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020», «Барномаи рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» ва «Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» идома доранд.

- Робитаҳои байналмилалӣ самти муҳимми рушди соҳа дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Мехостем доир ба ин самти фаъолияти вазорат маълумот диҳед.

- Бо эътибори такмили муносибатҳои гуногунсамтаи фарҳангӣ байни кишварҳои ИДМ Вазири фарҳанг дар ҷаласаи XXIX Шӯро оид ба ҳамкориҳои фарҳангии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи ҳаштуми Шӯро оид ба фарҳанги назди Кумитаи ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё ва бо назардошти ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар даҳумин ҷаласаи вазирони фарҳанг ва иттилооти кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ иштирок намуд.

Ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва тибқи даъватномаи расмии Сафорати Хитой дар Тоҷикистон гурӯҳи мутахассисони мо дар ду семинари ҳунарӣ, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид, ширкат варзиданд. Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Россия ва Туркманистон дар Тоҷикистон, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой бошукӯҳу шаҳомат сурат гирифтанд.

Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баҳри тақвияти заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои фарҳангӣ, Барномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Туркманистон, инчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн дар соҳаи фарҳанг ва санъат ба тасвиб расонида шуда, ба имзо расиданд.

Дар ин радиф ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Лаҳистон, Австрия, Озарбойҷон ва Қазоқистон баргузор гардидаанд. Дар шаҳри Кванҷуи Ҷумҳурии Корея Машварати 7-уми Кумитаи Осиёгии “Санъати афсонагӯӣ” ва ҷаласаи 3-юми гурӯҳи кории мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея бо иштироки намояндагони Тоҷикистон доир гардид. Лоиҳаи Барномаи мубодилоти фарҳангӣ ва ҳунарӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расонида шуд.

Ҳамчунин, қобили тазаккур аст, ки дар заминаи чунин ҳамкориҳо донишҷӯёни муааасисаҳои таҳсилоти миёна ва олии соҳавӣ ба мактабҳои олии соҳаи фарҳангу санъати кишварҳои Русия ва Хитой фиристода шуданд.

- Барои рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ чӣ нақшаҳо ва пешниҳодҳо доред?

- Таҷдиди назар намудани сохтори Вазорати фарҳанг, ба шуъба табдил додани бахшҳои фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳо ва баъзе шуъбаҳо ба раёсат; омӯзиши масъалаҳои ба тобеияти бевоситаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани тамоми театрҳои касбӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо; бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа баррасии пешниҳод оид ба Соли фарҳанг эълон кардани соли 2015 ё соли 2016; барои ташкили корхонаҳо оид ба истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳо, харидории автоклубҳои замонавӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои санъат ва фарҳанг бо асбобҳои мусиқӣ ва асбобҳои тақвияти овоз, таҷҳизонидани театрҳо бо воситаҳои нақлиёт, ҷорӣ намудани технологияи нав дар нашриётҳо ҷиҳати ҷалби сармоя тадбирҳо андешида шаванд, ба мақсад мувофиқ аст; дар буҷети ҷумҳурӣ ё ин ки дар буҷети маҳаллӣ ҳамасола пешбинӣ кардани маблағҳои муайян барои мукаммалгардонии хазинаи китобхонаҳои оммавӣ манфиатбахш хоҳад буд; барои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар вилоятҳои ҷумҳурӣ фаъолияти кормандони штатии соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф таъсис дода шавад, самаранокии он меафзояд.

Аҳли фарҳанги мамлакат дар оянда низ дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри равнақу инкишофи фарҳанги миллӣ талош варзида, иҷрои нақшаи фаъолияти эҷодию фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои босифати консертию бадеӣ ва баргузории санаҳои таърихӣ, аз ҷумла, дар сатҳи баланд доир намудани кулли чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ, инчунин бобати таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кулли имкониятҳои соҳаро самаранок истифода бурда, талош меварзанд татбиқи воқеии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари мамлакат таъмин намоянд. Ва ба тамоми мардуми шарифи кишвар бо забони шеър муроҷиат менамоям:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

 

24.12.2014