Сомонаи пешина | Дш, 09 Декабр 2019 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дастоварди наврасони тоҷик дар Озмуни байналмилалӣ дар Федератсияи Россия

Хонандаи синфи 10-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев Мадина Шарипова ва хонандаи синфи 11-и муассисаи мазкур Манучеҳри Умедҷон дар Фестивал-конкурси байналхалқии сарояндагони навраси сурудҳои халқӣ «Мавҷи Онега» иштирок карда, байни иштироккунандагон аз 30 давлати дунё бо дипломи дараҷаи якум мушарраф гардиданд. 

Фестивали мазкур дар Мактаби бачагонаи мусиқии рақами 1 ба номи Г. Синисалои шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелия баргузор гардид. Доварони озмун ба ҳунару истеъдоди наврасони тоҷик, ки суруд ва оҳанги халқиро дар сатҳи баланд иҷро карда, санъати тоҷикро барои ҳамтоёни хориҷии худ ба таври шоиста муаррифӣ карданд, аҳсан хонданд.

Инчунин ин ду навраси соҳибистеъдоди тоҷик рӯзҳои 3-5 июни соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург дар Фестивали байналхалқии эҷодиёти халқ «Деҳаи кӯдакӣ» иштирок карда, бо дипломи ҷашнвора мукофотонида шуданд.

Боиси зикр аст, ки Мадина Шарипова зодаи шаҳри Турсунзода буда, дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрада сазовори ҷои аввал гардидааст ва бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадр карда шудааст.