Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 10:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 

Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи дастгоҳи марказии вазорат ба роҳ монда, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати дастгоҳи марказии вазоратро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти раёсат ба танзим медарорад.

Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, Низомномаи дастгоҳи марказии вазорат, инчунин низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.

Раёсат дар доираи салоҳияти худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказии вазорати фарҳанг, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг мусоидат менамояд. Раёсат танзим ва назорати фаъолияти тамоми муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатии ҷумҳурӣ – китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ, муассисаҳои клубӣ (қасрҳо ва хонаҳои фарҳанг, клубҳо, аз ҷумла клубҳои сайёр), марказҳои фарҳангу фароғатӣ, филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ,осорхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғатро ба ӯҳда дошта, ба татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг мусоидат менамояд.

Вазифаҳои раёсат инҳо мебошанд:
- ташкили назорати иҷро ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фарҳанг дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ инчунин аз ҷониби мақомоти идораи давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои рушди фарҳанг;
- таҳияи лоиҳаҳои асноди меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ, инвеститсионӣ, инноватсионӣ, нақшаҳои ҷорӣ ва барномаҳои стратегии самтҳои асосии рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санҷиши вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, расонидани ёрии амалию методӣ ва назорат ба фаъолияти онҳо, таҳияи мониторинги вазъи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба татбиқи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба озодии эҷодиёт, фаъолияти фарҳангӣ, қонеъгардонии талаботи маънавӣ, аз ҷумла дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии милливу ҷаҳонӣ;
- фароҳам овардани шароит барои ҳифз, эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, ташкил намудани озмуну музояда ва фурӯши маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ;
- дастгирӣ намудани таъсис ва фаъолияти иттиҳодияву ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳои соҳаи ҳунарҳои мардумӣ;
- омӯзиш ва тарғиби ташвиқи таҷрибаи пешқадам оид ба фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фестивалу озмунҳо, ҷашнвораҳо, барномаҳои театришуда, консертӣ, конфронсу симпозиумҳо, курсҳои такмили ихтисос, семинару машваратҳо дар миқёси ҷумҳурӣ;
- тарғиби ташвиқи дастовардҳои фарҳанги миллӣ тавассути васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ;
- таъмин намудани иштироки ҳаваскорони санъат, ҳунармандону косибони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои фарҳангиии ватанӣ ва хориҷӣ;
- андешидани тадбирҳои мушаххас барои таҳия, танзими такмили репертуари театрҳои халқӣ, ансамблҳои тарона ва рақс, ҳамоҳангсозии фаъолияти ансамблҳои оилавӣ;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти китобхонаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ;
- андешидани тадбирҳо барои ҳифз, истифодабарӣ ва мукаммалгардонии фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ;
- фароҳам овардани шароит барои тарбияи ҳунармандону косибони халқӣ, мутахассисон, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ;
- андешидани тадбирҳо бо мақсади таҳкими базаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ;
- андешидани чораҳмушаххас барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи фарҳанг, таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо. -маводҳои назоратиро таҳлил, ҷамъбаст ва оид ба ҷараёни иҷрои онҳо гузориш пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида нақшаҳои кори солона, нимсола ва семоҳаи раёсатро таҳия ва барои тасдиқ ба вазири фарҳанг пешниҳод менамояд;
- нишондиҳандаҳои самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;
- натиҷаҳои татбиқи сиёсати давлатиро вобаста ба самтҳои фаъолият таҳлил ва ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии ислоҳот ва рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- маърӯза, ҳисоботи вазири фарҳанг ва гузориш-маълумотномаҳо оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳоро дар қисми самтҳои фаъолияти раёсат таҳия менамояд;
- барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа ба дигар воҳидҳои сохторӣ мусоидат менамояд;
- тибқи тартиби муқарраршуда ҳифзи маълумоти дорои сирри хизматӣ ва давлатиро дар раёсат таъмин менамояд.