Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати табъу нашр ва матбуот фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва низомномаи дастгоҳи марказии Вазорат ба роҳ монда, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти раёсати вазоратро муаян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти раёсатба танзим медароранд.
Шуъба воҳиди сохтории мақоми давлатӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, карору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, Низомномаи Вазорат, дастгоҳи марказии вазорат , инчунин низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
Вазифаҳои раёсат инҳо мебошанд:
– таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи хизмати давлатӣ;
- ташкили низоми самаранокӣ интихоби кадрҳо ва идоракунии ҳайати кормандон;
– ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои таёркунии касбӣ азнавтаёркунӣ , такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ;
– таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои конуни хизматчиёни давлаӣ;
– таъмин иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор;
– баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ;
– баррасӣ намудани арзу шикоятҳои хаттии шаҳрвандон;
- пешбурди коргузори дар раёсат. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда раёсат фунсияҳои зеринро иҷро мекунад:
– пешбурди сиёсати давлатро дар соҳаи хизмати давлатӣ анҷом медиҳад.
– дар санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ тибқи муқарраргардида иштирок менамояд;
– лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони раёсатро таҳия , мувофиқа ва барои тасдиқ ба директори Агетӣ пешниҳод менамояд;
– маводҳои дахлдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода ба вазир пешниҳод менамоянд;
– қабули шаҳрвандон хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкил , баррасии саривақтӣ ва бо сифати муроҷиатҳои хаттии онҳо қабули қарорҳои дахлдор ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳоро анҷаом медиҳанд;
– ҷиҳати ворид намудани тағироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки муқовимат бо коррупсияро вусъат мебахшанд, пешниҳод таҳия мекунанд ;
– масъалаи аз назорат хориҷ намудан ё тамдид кардани муҳлати иҷрои санадҳои назоратиро ба роҳбарияти вазорат пешниҳод менамояд;
– оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
– корҳои методӣ ва назорати гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ ротатсияи (ҷойивазкунии) хизматчиёни давлатии ҳайати роҳбарикунандаро дар ҳудуди дахлдор анҷом медиҳад;
– барои иттилоотонии мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ тадбирҳо меандешанд;
- махзани захираи кадрҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдорро таҳия ва ҷамъбаст намуда, бо тартиби муқараргардида ба роҳбарияти Вазорат пешниҳод менамояд;
- мониторинги тайёркунӣ, азнавтаёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро мегузаронад, ҳар се моҳ гузориши таҳлилӣ пешниҳод менамояд:
– оид ба масъалаҳои тартиби татбиқи хизмати давлатӣ лоиҳаи тавсия ва дастурҳои методиро барои мақомоти давлатӣ таҳия менамояд;
– тибқи тартиби муқараргардида ташкил намудани ҳучатгузорӣ ба расмият даровардани санад инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдор назорати иҷрои онҳоро амали менамоянд;
– ҷиҳати татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ тадбирҳо меандешанд;
– ҷараёни супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молу мулкро аз тарафи хизматчиёни давлатӣ дар ҳудуди дахлдор назорат ва таҳлил менамоянд;
– ҳамоҳангсозиифаъолияти комиссияҳои мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатиро анҷом медиҳад;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ дар доираи салоҳияти худ чораҳои зарурӣ меандешанд;
– оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии давлатӣаз ҷониби хизматчиёни давлатӣ пешниҳод манзун менамоянд;
– маводҳои назоратиро таҳлил, ҷамъбаст ва оид ба ҷараёни иҷрои онҳо гузориш пешниҳод менамоянд;
– тибқи тартиби муқарраргардида нақшаи кори нимсола ва солонаи раёсатро таҳия ва барои тасдиқ ба вазир пешниҳод менамояд;
– дар таҳия таҳияи нақша – ҷадвали курсҳои таёркунии касбӣ, азнавтаёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок мекунанд;
– маърӯза, ҳисоботи вазир ва гузоришу маълумотномаҳо оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳоро дар қисми самтҳои фаъолияти раёсат таҳия менамояд;
– барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа ба дигар воҳидҳои сохтории Вазорат мусоидат менамояд;
– дафтарҳои бақайдгирии муросилоти воридотӣ, содироти, дохила, муроҷиати шаҳрвандон, дафтари бақайдгирии протоколҳои маъмуриро пешбурд менамоянд;
– қабули шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ, ҷобаҷокунӣ, нигоҳдорӣ , баҳисбгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро амали менамоянд;
- ҳифзи маълумотеро, ки сирри хизматӣ ва давлатиро дар бар мегиранд, таъмин менамоянд;
- оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола нуҳмоҳа ва солона дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд; -мониторинги ҳолати таъминоти кадриро анҷом медиҳад;
- пешбурди феҳристи хизматчиёни давлатиро амалӣ менамоянд;
- маълумоти омориро дар самти фаъолият ҷамъ, таҳлил ва ба махзани маълумот ворид менамоянд;
- вобаста ба фаъолияти раёсат нақшаи чорабиниҳои Вазоратро омода менамояд ва иҷрои онро дар доираи салоҳият таъмин мекунад.
- дигар функсияҳоро мутобиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Раёсат бо дастури роҳбарияти Вазорат назорати дохилии зеринро таъмин мекунад;
- риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар фаъолияти раёсат;
- ҳифзи молу мулк аз хароҷоти зиёд, расидани зарар бинобар истифодаи ғайримақсаднок ва дигар сабабҳои шабеҳ;
-ақсаднок ва самаранок будани фаъолияти раёсат ҳангоми иҷрои вазифаҳои он;
- ҷамъоварӣ, нигоҳ доштан ва ба иттилои омма расонидани маълумоти саҳеҳ иттилоот оид ба фаъолияти раёсат.