Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

 

Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар сохтори Вазорати фарҳанг буда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷорӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 «Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Низомномаи шуъба фаъолият мекунад.
Шуъба вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
Шуъба сохторест, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муаллифон ва ворисони онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамояд.
Тамоми ҳуҷҷатҳое, ки ба шуъба барои баррасӣ ва мувофиқа пешниҳод карда мешаванд, хулосаҳои ҳуқуқӣ медиҳад.
Дар таҳияи лоиҳаи қарору қонунҳо ба раёсату шуъбаҳои вазорат кумаки ҳуқуқӣ мерасонад.
Ба кормандони соҳаи фарҳанг маслиҳатҳои ҳуқуқи дода, дар мавридҳои зарурӣ аз номи вазорат дар судҳо иштирок мекунад.
Мутобиқи уҳдадории вазифавӣ бо масъулини вазорату идораҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи муаллиф робита дошта, иҷрои муқарароти қонунҳои соҳавиро назорат мекунад.
Оид ба лоиҳаҳои созишномаҳо, қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби идораву муассисаҳои кишвар ва ташкилоту идораҳои кишварҳои ИДМ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба вазорат ворид мегардад, саҳм мегирад ва ё хулосаҳои худро оид ба масъалаҳои фавқуззикр пешниҳод менамояд.
Барои барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронгаштаи муаллифон дар асоси қонунҳои амалкунанда, мусоидат мекунад.
Бо мувофиқаи роҳбарияти вазорат барои машварату маслиҳат ва баррасии аризаҳои ба шуъба воридгардида бо вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва созмонҳои ҳамҷавори соҳавӣ робитаҳои корӣ барқарор мекунад.
Дар кори конференсияҳо, семинарҳо, ярмаркаҳои китоб, намоишҳо, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби муассисаву идора ва ташкилотҳои дохилӣ ва хориҷӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи муаллиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он гузаронида мешаванд, иштирок ва саҳм мегирад.
Ҳангоми зарурат барои баррасии ҳуҷҷатҳо, лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти соҳа, ба идораву ташкилотҳои соҳаҳои моликияти зеҳнӣ муроҷиат мекунад.
Бо розигии роҳбарияти вазорат бо идораву муассисаҳои соҳаи ҳуқуқи муаллиф қарордодҳои ҳамкорӣ мебандад.
Дурустии пардохти ҳаққи қалами муаллифонро аз ҷониби муассисаҳову идораҳо назорат мекунад.
Ба муаллифоне, ки ба шуъба оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат мекунанд, маслиҳати ҳуқуқӣ медиҳанд.
Мактубу ҳуҷҷатҳое, ки ба шуъба ворид мешаванд, баррасӣ намуда, хулосаҳои ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд.
Асарҳои муаллифонро сабти ном намуда, ба онҳо шаҳодатнома медиҳад.
Ҳангоми зарурат лоиҳаҳои қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи муаллифро таҳия мекунад.
Фаъолияти кормандони ғайриштатии соҳаи ҳуқуқи муаллифонро дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ таҳти назорат мегирад ва мувофиқи имкон ба онҳо кумакҳои техникӣ ва молиявӣ мерасонад.
Кормандони ғайриштатиро дар асоси шартнома ба кор ҷалб намуда, ба шахси ҳаққи қалам ҷамъоварда (кормандони ғайриштатӣ) маош (иловапулӣ) пардохт менамояд.
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки узви як аҳднома ва ё созишномаи байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудааст ва ба шӯъба барои кӯмак муроҷиат мекунанд, мусоидат менамояд.


Санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки соҳаи ҳуқуқи муаллифро ба танзим медарорад

Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 3) фасли 5, боби 57, «Моликияти зеҳнӣ» ном дошта, аз дувоздаҳ модда иборат аст. Кодекси мазкур 30 ноябри соли 2004 қабул гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки 13 ноябри соли 1998 қабул гардида, солҳои 2003,2006, 2009 ва 2014 тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 майи соли 1998 барои вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ва фиреби истеъмолкунандагон (моддаҳои 156 ва 294) пешбинӣ менамояд.
Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон боби 22 ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ дахл дошта ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ном дорад ва он моддаҳои 375 – 381- ро дар бар мегирад ва панҷ моддаи он ба масъалаҳои ҳуқуки муаллиф вобастагӣ дорад.
Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябри соли 2004 қабул карда шудааст ва дар он боби алоҳида «Боби 54. Андешидани чораҳо нисбати моли алоҳида аз тарафи мақомоти гумрук» ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ дахл мекунад.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт ва санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ, барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» аз 01 августи соли 2006, №37.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои иҷрои асарҳои адабиёт ва санъат, таҷдиди асарҳо дар шакли сабти овозӣ (механикӣ), паҳнкунии нусхаҳои сабтҳои овозӣ ва асарҳои аудиовизуалӣ, ҳамчунин аз нав офаридани асарҳои санъати тасвирӣ ва истеҳсоли асарҳои санъати ороишӣ» аз 01 июли соли 1999, №252.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои корҳои нигоришӣ-бадеӣ ва аксабардорӣ дар матбуот» аз 04 феврали соли 2002, №37.


Конвенсия ва созишномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф эътироф кардааст

Конвенсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи муаллиф (дар таҳрири соли 1952, Тоҷикистон узвияти худро соли 1992 тасдиқ намуд);
Конвенсияи Берн оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (таҳрири соли 1971, аз соли 2000);
Конвенсия оид ба ҳифзи манфиатхои иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограмма ва ташкилотҳои радио ва телевизион (аз соли 2008),
Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаи онҳо (аз соли 2012),
Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (5 апрели соли 2009),
Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (аз моҳи августи соли 2011).
Ҳамчунин Тоҷикистон узви якчанд созишномаҳо, ки дар байни кишварҳои ИДМ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расидаанд, мебошад:
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он (24.09.1993);
Созишномаи ҳамкорӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ (соли 1998);
Созишнома оид ба ҳамкорӣ доир ба ташкили мубодилаи иттилооти байнидавлатӣ ва ташкил кардани махзани ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он (20 ноябри соли 2009).