Шуъбаи идоракунии корҳо ва назорати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низомномаи шуъбаи идоракунии корҳо ва назорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти шуъбаи идоракунии корҳо ва назоратро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шуъба ба танзим медарорад.
Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, Низомномаи Вазорати фарҳанг, инчунин низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
Вазифаҳои шуъба инҳо мебошанд:
– таъминоти ташкили дақиқу мунтазами кор бо ҳуҷҷатҳо дар муассиса;
– таъминоти ҳуқуқӣ;
– назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ;
– таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор;
– таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;
– баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ;
– баррасӣ намудани арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон;
– пешбурди коргузорӣ дар шуъба.
Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда шуъба функсияҳои зеринро иҷро мекунад:
– таъмини саривақт дастрас намудани ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ (дохилӣ), ки барои ба роҳбарияти муассиса арз намудан пешниҳод шудаанд;
– назорати мунтазам аз болои иҷрои нишондоди ҳуҷҷатҳо;
– ташкили кори маҷлисҳои раёсати муассиса ва назорати иҷрои қарорҳои қабулнамудаи он;
– ба расмият даровардан, равон кардан, назорат аз болои дуруст ва саривақт тартиб додан ва парвандабандии онҳо;
– қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ, ба роҳбарият, раёсату шӯъбаҳо расонидан, равон кардани мактубҳои содиротӣ (дохилӣ) ҳамчунин барои нигоҳдорӣ омода кардани парвандаҳо;
– оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ таклифу пешниҳодҳо таҳия менамояд;
– ҷиҳати таҳияи меъёрҳои одоби хизматчиёни давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
– арзёбии идоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии хусусияти умумиҳатмидоштаи соҳаи хизмати давлатиро амалӣ менамояд;
– санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатиро мураттаб месозад;
– бо дастури роҳбарияти вазорат назорати хизматии иҷрои қонунгузории хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида анҷом медиҳад;
– вобаста ба фаъолияти шуъба нақшаи чорабиниҳои дахлдорро омода менамояд ва иҷрои онро дар доираи салоҳият таъмин мекунад;
– оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
– тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ дар доираи салоҳияти худ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб дода, ҷиҳати баррасӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ ба роҳбарияти вазорат пешниҳод менамояд;
– тибқи супоришҳои роҳбарияти вазорат мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқиро марбут ба салоҳияти шуъба баррасӣ менамояд;
– тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳоро вобаста ба самтҳои фаъолият амалӣ мекунад;
– маводҳои назоратиро таҳлил, ҷамъбаст ва оид ба ҷараёни иҷрои онҳо гузориш пешниҳод менамояд;
– тибқи тартиби муқарраргардида нақшаҳои кори ҳармоҳаи шуъбаро таҳия ва барои тасдиқ ба Вазири фарҳанг пешниҳод менамояд;
– нишондиҳандаҳои самтҳои фаъолияти шуъбаро таҳлил ва ҷамъбаст менамояд;
– маърӯза, ҳисоботи сардори шуъба ва гузориш/маълумотномаҳо оид ба масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳоро дар қисми самтҳои фаъолияти шуъба таҳия менамояд;
– барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа ба дигар воҳидҳои сохторӣ мусоидат менамояд;
– дафтарҳои бақайдгирии муросилоти ворида, содира, дохилӣ, муроҷиати шаҳрвандон, дафтари бақайдгирии қарорҳои ҳайати мушовараи вазорат ва дигар маводҳоро пешбурд менамояд;
– тибқи тартиби муқарраршуда ҳифзи маълумоти дорои сирри хизматӣ ва давлатиро дар шуъба таъмин менамояд.