Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Абдураҳимзода Қурбонали Бозор

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдураҳимзода Қурбонали Бозор 20 ноябри соли 1964 дар ноҳияи Рўдакӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро соли 1982 дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода оғоз менамояд. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хидмат намудааст. Тариқи гузариш ба факултаи Китобдории Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Москва таҳсилро идома дода, соли 1988 онро бо ихтисоси китобдор-библиограф хатм намудааст. Соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

-Солҳои 1988 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе дар ҳайси муаллим фаъолияти касбиашро оғоз намуда, дар ин вазифа то соли 1993 фаъолият бурдааст.

-Солҳои 1993-1997 таҳсилро дар аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон идома додааст.

-Солҳои 1997-1999 ба ҳайси корманди хурди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.

-Солҳои 1999-2001 вазифаи сарбиблиограф, мудири шўъбаи Мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва библиографии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакари шаҳри Душанберо ба уҳда доштааст.

-Солҳои 2001-2002 дар вазифаи Сармуҳаррири шўъбаи илмию тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ кор кардааст.

-Солҳои 2002-2008 ба ҳайси Назоратчии саҳроӣ, тренер, роҳбари гурўҳи Ташкилоти байналмилалии гуманитарии «КАРЕ Интернейшнл» дар шаҳри Душанбе фаъолият мебарад.

-Солҳои 2009-2015 ба ҳайси Директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро идома медиҳад.

-Солҳои 2015-2020 вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб – Хонаи Китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар уҳда доштааст.

Бо Медали “Хизмати Шоиста” (с.2016) қадр гардидааст. Дорои нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2012), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2018) мебошад.

Дар соли 2018 Раисии Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт.

Дар соли 2019 вазифаи Ҳамраисии Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт.

Узви Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз 18 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.