Сомонаи пешина | Пш, 04 Июн 2020 / 01:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шаҳраки Тахти Сангин

Шаҳраки Тахти Сангин дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз соли 2011 пешниҳод гардидааст.

Шаҳраки Тахти сангин ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб буда, таҷассумгарӣ маданияти элинӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри замони атиқа бо сабки юнонӣ сохта шудааст. Абурайҳони Берунӣ чунин менигорад, ки Искандари Мақдунӣ баъди кишваркушоиҳояш якчанд шаҳрҳои нав бунёд намуда, баъзеяшонро бо номи худ гузоштааст, масалан: Искандария дар Миср, инчунин Искандарияи Эсхата яъне Хуҷанди имрӯза ва ҳамчунин дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр 9 шаҳри нав бунёд месозад. Бо эҳтимоли зиёд гуфтан мумкин аст, ки Тахти Сангин яке аз онҳост. Муҳимтарин ва ҷолибтарин бозёфт аз ин минтақа ин Хазинаи Амударё ба шумор меравад. Ин хазина инчунин бо номи “Ҷавоҳироти Окс” машҳур аст. Хазинаи Амударё аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин иборат аст, ки теъдоди онро олимон 1300 номгӯй меҳисобанд. Хазинаро соли 1877 тоҷирони бухороӣ дар Қубодиён (Тахти Қубод) пайдо намуда, онро бо худ барои тиҷорат ба Ҳиндустон бурданд. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина ба дасти амалдорони бритониёгӣ афтида, ба осорхонаи шаҳри Лондон интиқол меёбанд. Муҳаққиқи англис О.М. Далтон Хазинаи Амударёро ба бозёфтҳои шахраки Тахти сангин нисбат дода, онро номгузорӣ намудааст. Ба пиндошти ӯ, дар натиҷаи тиҷорату дуздӣ ва дигар омилҳо, то замони моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни онҳо инчунин молҳои дигари қимматбаҳо низ буданд, вале нобуд гардиданд. Ин коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ таалуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И.Р. Пичкиян «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои "Маъбади Окс", ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) иборатанд. Мувофиқи нишондоди олимону бостоншиносон ин маъбади назр буд. Яъне мардум барои гузаштан аз дарё ва ҳалли дигар мушкилоташон дар ин ҷо ба сифати назр ашёҳои гаронарзишро мегузоштанд. Дар ин хазина инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Ин маъбад муддати тӯлонӣ, яъне тахминан то асри I мелодӣ амал мекард ва мақому мартабаи хешро нигоҳ медошт.

Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкӯҳи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс ба андозаи 51х51 фаро гирифтааст. Ҳоло Хазинаи Амударё, ё худ Ҷавоҳироти Окс дар музейи Британия ва музеи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бошад, амсилаашон нигоҳдорӣ мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Таҳияи Мирзошариф Абдусаломов 

мутахассиси пешбари шуъбаи
ҳифз ва истифодаи мероси
таърихию фарҳангӣ