Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мадрасаи Ойим ёдгории таърихии меъмории асри XIX

Мадрасаи Ойим, ки нахустин маркази илмию таълимӣ барои занону духтарон дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ҳамчун ёдгории аҳамияти ҷумҳуриявидошта ба қайд гирифта шуда, соли 2015 аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати силсилаи ёдгориҳои таърихию меъмории ҳавзаи Сирдарё шомил гардидааст.

Мадрасаи Ойим ёдгории таърихии меъмории чоряки якуми асри XIX ба ҳисоб меравад. Он дар сари роҳи қадими деҳаи Патари шаҳри Конибодом воқеъ гардидааст. Солҳои 1824 – 1825 сохта шудааст. Шогирди ин мадраса Қоринасиби Ҷамол соли 1825 сохта шудани онро тасдиқ намуда буд. Ин мадрасаро Мир Олим ном донишманде сохта, ба номи духтараш Бибиойим гузоштааст. Дарозии мадраса дар қисми шимолӣ 36.5м дар қисми ғарбӣ 35м сатҳи дохилии он 17х20.5м-ро ташкил медиҳад. Мадраса аз 25 ҳуҷра иборат буда, ҳаҷми ҳар яке аз он 2.4-3м аст. Аз рӯйи маълумотҳо дар ин мадараса 200 нафар толибилмон таҳсил мекардаанд. Дар мадраса 4 мударрис, 1 мутаваллӣ, 2 имом, 1 суфӣ, 1 посбон ва 1 сартарош кору фаъолият доштаанд. Соли 1891 тибқи фармони губернатор Наливкин, Камолхоҷа-домулло мударриси ин мадраса таъйин гардида буд. Баъди вафоти Камолхоҷа, ба ин вазифа мулло Бобохоҷа Бузургхоҷаев таъйин гардид. Солҳо ба сифати мударрис баъд аз Бобохоҷа, Охунҷон Махдум ва мулло Мирвалӣ кор кардаанд. Замини деҳаи Яккатераки ҷамоати Патар вақфи мадраса ба ҳисоб рафта, даромади он дар бонки шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешуд. Бинои мадраса баъди инқилоби Октябр ба истифодаи артели ҳунармандӣ, сонитар, яъне солҳои 1941-1970 ба ихтиёри маҳбас (колонияи ислоҳотӣ) дода шуд. Сипас бинои фарсудашудаи мадраса дар доираи чорабиниҳои ҳукумати Конибодом доир ба омодагӣ ба ҷашни 1100 солагии давлати Сомониён аз нав сохта ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки ёдгории таърихию меъмории Мадрасаи Ойим бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси мақоми ваколатдори давлатӣ яъне Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи ёдгориҳои таърихию меъмории мансубияти динӣ доштаи ИСЕСКО пешниҳод ва ворид карда шуд.

Таҳияи Мирзошариф Абдусаломов
Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз
ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ