Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 10:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҚАЛЪА ДАР КӮҲИ МУҒ (АБАРГАР)

03.02.22.1 1Номи расмӣ: Қалъа дар кӯҳи Муғ.
Макони ҷойгиршавӣ: вилояти Суғд, ноҳияи Айнӣ, ҷ/д Дардар, доманаи кӯҳи Муғ.
Масоҳат: 3,1 гектарро дар бар мегирад.
Муҳаққиқон: А.А.Фрейман, А.И.Василев, А.Ю.Якубовский, Ю.Яқубов ва дигарон.

Дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018, №34, саҳифаи 47 ҷойгир карда шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон парвандаи номинатсионии он омода карда шуда, барои ворид намудан ба рӯйхати мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.

То соли 2021 парвандаи мазкур мукаммал гардонида шуда, соли 2021 он аз нигоҳи техникӣ комил шуморида ва ба рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд.

Ҳоло талошҳои минбаъда баҳри шомил намудани ин ёдгории таърихӣ ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мебошад.

Баъди шикасти Деваштич арабҳо бо ғанимати зиёд баргаштанд. Аммо онҳо надонистанд, ки дар яке аз хумҳои дохили кӯшк бойгонии шоҳ Деваштич пинҳон аст. Ин бойгониро баъди 1210 сол, яъне соли 1932 чӯпони деҳаи Хайробод бо номи Ҷӯраалӣ Маҳмадалӣ тасодуфан ошкор сохт. Вай дар болои харобаи калъаи Муғ рама (чорво) мечаронд. Ногоҳ чашмаш ба сурохие афтод, ки дар даруни он як сабади пур аз қоғазҳои печонида мехобид. Ӯ як лӯлапечи коғазҳоро гирифта, ба деҳа овард ва ба мӯйсафедони хати арабихон нишон дод. Аммо дар деҳа ва деҳаҳои атроф ин хатро касе хонда наметавонист. Дар охир хат ба дасти котиби ҳизбии ноҳия - А.Пӯлодӣ мерасад. Пӯлодӣ онро ба Душанбе, ба Академияи илмҳо меорад ва аз ин ҷо як нусхаи расмии онро ба шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт- Петербург) ба Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ мефиристонад. Забоншиноси маъруф - А. Фрейман дастхатро дида, онро ба хатту забони суғдиён нисбат медиҳад. Аввалин дастхатҳои забону хатти суғдиро дар аввали асри XX дар Донхуани Хутан (Синсизяни кунунии Чин) пайдо карда буданд, ки ба асри V мелодӣ нисбат доштанд. Дар ҳудуди Суғд бори аввал ҳуҷҷатҳои кӯшки куҳи Муғ (Абаргар) пайдо шуданд, ки аҳаммияти бузурги илмию фарҳангӣ доштанд. Вақте ки суғдӣ будани дастхат маълум шуд, соли 1933 А. Пӯлодӣ бо нерӯи бошандагони деҳаи Хайробод дар харобаи ёдгории мазкур ковишҳо гузаронида, боз 21 дастхати дигар пайдо намуд. Тирамоҳи ҳамон сол экспедитсияи Академияи илмҳои СССР бо сарварии А. Фрейман қалъаро пурра таҳқиқ ва боз 30 дастхати дигар пайдо кард. Ҳамин тавр, аз харобаи болозикр 74 ҳуҷҷати суғдӣ, якто арабӣ ва зиёда аз 400 ашёи моддӣ ба даст омад. Дастхатҳо дар пораҳои чарм, коғазҳои абрешимӣ ва дастакҳои чӯби беди аз пӯст тозакардашуда бо ранги сиёҳ навишта шудаанд. Бинои ёдгорӣ ҳамагӣ аз панҷ утоқи равоқӣ иборат буда, бино дуқабата, аммо қабати дуюм боқӣ намондааст. Ҳамаи бозёфтҳо дар хонаҳои қабати якум ва хумҳо нигоҳ дошта шудаанд. Баъзе ҳуҷҷатҳои дар чӯб навишта аз ҷониби шахсони номаълум сӯзонида шудаанд. Дар харобаи Абаргар тирҳои пайкони бо най пайваста хеле зиёд ба даст омаданд. Ин тирҳо барои омӯхтани таърихи ҳарбии давраи забт кардани арабҳо сарчашмаи бебаҳо ва нодир ба ҳисоб мераванд. Аз Кӯҳи Муғ (Абаргар) табақ, коса, чумча, кафлес, шонаҳои занона, бели чӯбин, дастгоҳҳои бофандагӣ, пораҳои сандуқи бо чарм рӯкашшуда ва бо оби тилло хотамкоришуда ва ғайра ёфт шуданд. Инчунин мактуби Алҷарроҳ ва Абдураҳмон ибни Субҳ аз бозёфтҳои нодири ёдгорӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ҳама бозёфти гаронбаҳо ин дастхатҳои суғдӣ мебошанд. Дар байни мактубҳо як ҳуҷҷат бо хат ва забони арабӣ низ вуҷуд дошт, ки дар он омадааст: «Ба Амир Алҷарроҳ аз Мавло Деваштӣ салом. Раҳмати Илоҳӣ ба Шумо бодо, Илоҳо доиман саломат бошед. Худоро ёд мекунам, ки ӯ якка ва ягона аст. Худованд ба Шумо хайр диҳад, ки аз писарони Тархун ёд кардаед. Агар онҳо лозим бошанд, ба Сулаймон Абӯсарӣ хабар диҳед. Ман розӣ ҳастам, ки онҳоро ба воситаи вай ба назди Шумо фиристам. Ё ки аз аспони алоқа яктояшро фармоед, ман онҳоро бо навкарам ба назди Шумо мефиристам. Аз Худованд ба шумо саломатй мехоҳам».

03.02.22.1 203.02.22.1 3