«Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад».
Эмомалӣ Раҳмон
Шаҳраки Тахти Сангин ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб буда, таҷассумгари маданияти элинӣ ба шумор меравад. Ин шаҳри замони атиқа бо сабки юнонӣ сохта шудааст. Тахти Сангин мавзеи таърихиест, ки димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст.
«Тахти Сангин» - номи шартии ин ёдгорӣ аст. Бо ин унвон дар сарчашмаҳои зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудааст, бинобар ин олимон шартан онро Тахти Сангин номиданд. Инчунин ин ёдгорӣ монандӣ бо Тахти Ҷамшед–пойтахти Порси куҳан, ки дошт, дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд. Дар Тахти Сангин маснуоти оҷӣ (устухони фил ) хеле зиёд ёфт шуданд. Ба василаи ҳамин роҳу корвони аз Ҳиндустону Африка ба ин минтақа устухони фил оварда мешудааст.
Тахти Сангинро дар ҷойи муносибу мусоид бунёд кардаанд. Аз самти ғарб бо куҳҳои баланд ва аз самти шарқ бо рӯди бузург ҳимоя мешуд. Яъне душман наметавонист ба осонӣ вориди шаҳр гардад. Аз ҷануб ва шимол бошад меъморони даврон ду қатор деворҳои ғафсу устувор сохта буданд.
Шаҳрак дорои ду дарвоза: даромаду баромад будааст. Дар паҳлӯ ва қадқади деворҳо бошишгоҳҳои сарбозон ва муҳофизон, дар самти шимол ва ҷануб корвонсаройҳо ва ҷойи истиқоматии ҳунармандону косибон қарор дошт. Тарҳи иморатҳо аз завқи баланди устокоронаи меъморон гувоҳӣ медиҳанд. Дар дохили шаҳристон диж ё арки бузург қомат афрохта, ки дарозиаш 237 метр ва бараш 165 метр будааст. Диж ё арк аз қисматҳои дигар бо бузургию азамат фарқ мекард, ки он идора ва маҳалли зисти ашрофзодагон ва роҳбарон ҳисоб мешуд. Арк бо деворҳои сангин иҳота шуда буданд, ки то ду метр ғафсӣ доштанд.
Дар баъзе сарчашмаҳо омадааст, ки Абурайҳони Берунӣ чунин менигорад: “Искандари Мақдунӣ баъди кишваркушоиҳояш якчанд шаҳрҳои нав бунёд намуда, баъзеяшонро бо номи худ гузоштааст, масалан: Искандария дар Миср, инчунин Искандарияи Эсхата яъне Хуҷанди имрӯза ва ҳамчунин дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр 9 шаҳри нав бунёд месозад.”
Бо эҳтимоли зиёд гуфтан мумкин аст, ки Тахти Сангин яке аз онҳост. Муҳимтарин ва ҷолибтарин бозёфт аз ин минтақа ин Хазинаи Амударё ба шумор меравад. Ин хазина инчунин бо номи Ҷавоҳироти Окс машҳур аст. Хазинаи Амударё иборат аст, аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин, теъдоди онро олимон 1300 номгӯй меҳисобанд. Хазинаро соли 1877 тоҷирони бухороӣ дар Қубодиён (Тахти Қубод) пайдо намуда, онро бо худ барои тиҷорат ба Ҳиндустон бурданд.
Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина ба дасти амалдорони бритониёгӣ афтида, ба осорхонаи шаҳри Лондон интиқол меёбанд. Муҳаққиқи англис О.М. Далтон Хазинаи Амударёро ба бозёфтҳои шаҳраки Тахти Сангин нисбат дода, онро номгузорӣ намудааст. Ба андешаи ӯ, дар натиҷаи тиҷорату дуздӣ ва дигар омилҳо, то замони мо моли осорхонаи Британия гардиданд. Аз бозёфтҳои пайдогардида маълум мегардад, ки шояд дар байни онҳо инчунин молҳои дигари қимматбаҳо низ будаанд, вале нобуд гардиданд. Ин коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ тааллуқ дорад. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И.Р. Пичкиян «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои "Маъбади Окс", ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) иборатанд. Мувофиқи нишондоди олимону бостоншиносон ин маъбади назр буд. Яъне мардум барои гузаштан аз дарё ва ҳалли дигар мушкилоташон дар ин ҷо ба сифати назр ашёҳои гаронарзишро мегузоштанд. Дар ин хазина инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи кушониён, ки назр гузошта буданд, маҳфузанд. Ин маъбад муддати тӯлонӣ, яъне тахминан то асри I мелодӣ амал мекард ва мақому мартабаи хешро нигоҳ медошт. Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкуҳи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс ба андозаи 51х51 фаро гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ёдгории Тахти Сангин номзад ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: долони “Амударё” мебошад. Ин ёдгории таърихӣ аллакай дар рӯйхати пешакии ЮНЕСКО шомил аст. Талошҳои минбаъда барои ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани он аст.
Қобили зикр аст, ки Шаҳраки Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҷойгир буда, масоҳати 80 гектарро дар бар мегирад. Шаҳрак соли 2018 дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шуда, соли 2011 ба ЮНЕСКО пешниҳод шуда. Аз соли 2017 инҷониб дар рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ворид гардида, баъди мукаммал гардидани парвандаи номинатсионии он ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги ҷаҳонӣ шомил карда мешавад. Имсол (2023) ҷашнвораи 2500-солагии Тахти Сангин мувофиқи Қатъномаи дахлдори ЮНЕСКО ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01.2023 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.
Абдусаломов Мирзошариф - сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ