Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАРВАНДАИ "ҲУЛБУК - ПОЙТАХТИ ХУТТАЛИ ҚАДИМ" ҲАМАҶОНИБА БАРРАСӢ ГАРДИД !

 18.03.2023.2Ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба коркарди номинатсияи ёдгории асримиёнагии “Ҳулбук – пойтахти Хуттали қадим” ва ворид намудани он ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО

Дар робита ба иҷрои банди 37-и Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2021, №1 ва Фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.07.2022, №102 вобаста ба коркарди номинатсияи ёдгории асримиёнагии “Ҳулбук – пойтахти Хуттали қадим” ва ворид намудани он ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар ҳайати зерин баргузор гардид:

Мирзошариф Абдусаломов – сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО;

Акмал Олимшоев – сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Манучер Фақирмамадов – сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муҳаммадҷон Наботов – сармутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Фаридун Саидов – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бежан Насруллоев – сармутахассиси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Алишер Бахтиёрзода – котиби сеюми шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Исфандиёр Раҳимов – шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муродализода О. – мутахассиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Фаридун Мирзоев – намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои дастраси ба иқтисоди сабз ва рушди деҳот”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Файзиддин Розиев – намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои дастраси ба иқтисоди сабз ва рушди деҳот ” -и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Юсуфшо Яъқубов – академик, бостоншиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Татяна Филимонова – профессор, бостоншиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Рустам Муқимов – профессори илмҳои архитектории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ;

Алиҷон Яъқубов – номзади илмҳои архитекторӣ, декани факултети меъморӣ ва шаҳрсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ.

Ҷаласаро сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, аз рафти корҳои анҷомдодашуда ва иқдомоти ҷадид дар самти омодагӣ вобаста ба коркарди номинатсияи ёдгории асримиёнагии “Ҳулбук – пойтахти Хуттали қадим” ва ворид намудани он ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ироа гардид.

Зимни матраҳ намудани мушаххасоти парвандаи номинатсионӣ ва баёни он, ки ҷиҳати омода намудани парвандаи силсила номинатсияи мукаммал, тибқи номаи Вазорати корҳои хориҷӣ аз 28.12.2021,№3/24-4(36003) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2022, №16/10-123 оид ба ҷалби коршиносони байналмилалӣ, вазорат коршиносони Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) ҷалб менамояд.

Ёдовар мешавем, парвандаи номинатсионии ёдгории "Ҳулбук - пойтахти Хуттали қадим" шуруъ аз соли 2006 инҷониб зери омодашавӣ, таҳрир ва пешниҳод ба ЮНЕСКО қарор дошта, то инҷониб он (парвандаи номинатсионӣ) 4 маротиба (2017,2018,2019,2020) мукаммал карда шуда, ба Дафтари минтақавии ЮНЕСКО (Алмаато) ва ба дафтари марказии ЮНЕСКО (Париж) равон гашта, танҳо январи соли 2021 ба рӯйхати пешакии Мероси умимиҷаҳонӣ ворид шудааст. Инчунин тибқи номаҳои ҷавобии Дафтари марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса, ки дар он ба талаботҳои Конвенсияҳои Венагӣ вобаста ба ворид намудани ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ парвандаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида рушан зикр гардида, ислоҳро металабад.

Мирзошариф Абдусаломов ёдовар гардиданд, ки дар доираи сӯҳбат бо коршиносони байналмилалӣ, онҳо изҳор намудаанд, ки номукаммалии парвандаи номинатсиониро бартараф намудан бисёр душвор буда, агар баъзе нозукиҳоро ба инобат нагирем ҳатто баъди ислоҳи он парвандаи номинатсионӣ эҳтимолияти зиёди қабул нагаштанро дорад.

Қобили таваҷҷуҳи хоса, масъалаи таҷдиди деворҳои таърихии ёдгории асримиёнагии “Ҳулбук – пойтахти Хуттали қадим” қарор гирифт, ки дар натиҷа аслияти таърихии ёдгорӣ – яке аз талаботҳои ЮНЕСКО тақрибан аз байн рафтааст. Боиси қайд аст, ки соли 2006 дар таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кулоб ёдгории асримиёнагии “Ҳулбук – пойтахти Хуттали қадим” макони ҷашнӣ ба ҳисоб мерафт ва дар доираи таҷлил ва амалисозии нақшачорабинии ин ҷашн, деворҳои атрофии ёдгорӣ таҷдиди муосир гашта, мавриди тармим ва барқарорсозии махсуси мутахассисон ва коршиносони соҳавӣ нагардиданд.

Ҳолати ҷойдоштаро коршиносони байналмилалӣ ба инобат гирифта, пешниҳод намуданд, ки парвандаи комилан нав дар шакли силсиланоминатсия омода карда шавад, ки дар он ба ҷуз объекти асосӣ дигар ёдгориҳои ҳудуди таърихии “Ҳулбук – пойтахти Хуттали қадим ” ворид гашта, унсурҳои лозимаи талаботҳои ЮНЕСКО тақвият дода шуда, имконияти бештари амалӣ ҷиҳати қабул гаштан ба Феҳристи асосии мероси умумиҷаҳонӣ мегардад. Дар ин бобат пешниҳоди муҳлатноки вобаста ба корбурдро низ манзур намуданд, ки он дар вазифаҳои техникӣ дар шартномаи дуҷонибаи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои дастраси ба иқтисоди сабз ва рушди деҳот ”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ ва ИБТОМ дарҷ гашта, Вазорати фарҳанг ба ҳайси назорат бар ва қабулкунандаи корҳои анҷомёбанда хоҳад буд.

Намояндагони ҳузурдошта, иқдоми мазкурро қобили дастгирӣ шуморида, фикрҳои худро бобати ин пешниҳод баён намуданд.

Инчунин, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёрзода Алишер ва Исфандиёр Раҳимов оид ба талаботҳои нави ЮНЕСКО ҷавобгӯ набудани парвандаи номинатсионӣ (дар асоси номаҳои Дафтари ЮНЕСКО) суханронӣ намуда, пешниҳоди Вазорати фарҳангро саривақтӣ ва қобили дастгирӣ донистанд.

Ҳамзамон, намояндагони Вазорати молия ва Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои дастраси ба иқтисоди сабз ва рушди деҳот ” -и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаи молиявии иқдомоти мазкурро тибқи маълумот аз дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2022,№46274(26.6) бар души худ буда, ҳозиринро огоҳ намуда, масъули вобаста ба бастани шартномаи молиявӣ будани Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои дастраси ба иқтисоди сабз ва рушди деҳот ”-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда, аз Вазорати фарҳанг танҳо пешниҳоди вазифаҳои техникии корбурд лозим буданро баён намуданд.

Иштирокчиёни нишасти корӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҷалби коршиносони байналмилалӣ иқдоми хубе ҳам дар омода намудани парвандаи номинатсионӣ, инчунин дар омода кардани коршиносони ватанӣ ҷиҳати пешбурди парвандаҳои номинатсионӣ хоҳад буд.

Ҳамзамон, ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар коркард ва пешбурди парвандаи номинатсионии мазкур имконияти зиё фароҳам меорад, то ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ҳарчи зудтар ва тезтар ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил шаванд ва таъриху тамаддуни миллати сарбаланди тоҷик муаррифӣ шавад.

Дар фарҷоми ҷаласа коршиносон ва мутахассисон қарорҳои дахлдорро вобаста ба пешбурди кор дар самтҳои зикргардида қабул намуданд.