Сомонаи пешина | Сш, 24 Ноябр 2020 / 11:11
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Филми мустанади «хиёнат» парда аз рўи иғвогарони ниқобпӯш бардошт

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо дар роҳи расидан ба чаҳор ҳадафи стратегии хеш қадамҳои устувор мегузорад. Дар зарфи бисту нўҳ соли соҳибистиқлолии мо – халқи тоҷик тавонистем бо шарофати меҳнати софдилона таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояи давлати миллии хеш анҷом додем. Озодиву истиқлолият ва ваҳдати комили миллӣ ин орзўи ҳазорсолаи миллати тамадунофари тоҷикон буд, ки насиби мо насли хушбахт гаштааст. Нобасомониҳои солҳои навадум, оқибатҳои даҳшатнок, зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркўширо хуб дар ёд дорем, аммо дар ин радиф бояд ба қадри имрўзи осоишта, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолияти давлатӣ расидан, он таҷрибаи талхи ба даст омадаро ҳеҷ гоҳ фаромўш намесозем. Бояд қотеона зикр намоям, ки баъд аз оне, ки мо яке аз аввалин давлатҳои миллии хеш яъне Сомониёнро аз даст додем, дар тўли таърих Пешвое чун Эмомалӣ Раҳмон надоштем. Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ин фарзанди фарзонаи хеш дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки аз ин пештар собиқае надоранд.
Ҳамзамон дар ин радиф ашхоси ғаразноке пайдо мешаванд, ки барояшон арзишҳои волои миллию инсонӣ, сулҳу суботи комил эҳсону накўкорӣ, ҳувият ва асолати миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Амали муғризонаи дигаре, ки имрўзҳо ҷомеаи фарҳангии кишварамонро нигарон кардааст, ин рафтори хоинони давлат ва миллати тоҷик аст, ки ҳамарўза матлабҳои бардурўғ ва иғвобарангезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасонанд. Бо ин амалҳои хеш мехоҳанд баз ҳам миёни ҷомеа нобаробарӣ ва тухми кинаю адаватро кошта аз он манфиат баранд. Бояд зикр намуд, ки бо гузаштани вақт мардуми тоҷик чеҳраи манфури мубаллиғону пайравони ТТЭ ҲН – ро хуб шинохта ва дарк намудаад. Барои боз ҳам бо далелҳои муътамад ва хело ҳам мўшикофона ифшо намудани амалҳои разилонаи ин ташкилоти экстремистию терористӣ санаи 16 ва 17 июни соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина» ва «Синамо» филми мустанади «Хиёнат» намоиш дода шуд. Дар ин филм доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнўи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурўҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад. Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурўхташуда, нишон дода мешаванд. Аз тамошои филм бараъло маълум мегардад, ки рафтору кирдори пайравони ТТЭ ҲН, ки дар ҳеҷ лаҳза сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоштанду ҳанўз ҳам дар хориҷ аз кишвар ба хотири манфиати худу пиёда намудани амалҳои ғайриинсонии хоҷагони хориҷии хеш бо зўроварию хиёнат ба пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна задан мехоҳанд, бо далелҳои шайъи исбот гардидааст. Мардуми шарафманду тамаддунофари тоҷик кайҳо боз чеҳраи аслӣ ва воқеии ин нохалафонро шинохтаанд, кӣ буданд ва чӣ хостани онҳоро ба хубӣ дарк намудаанд. Чуноне, ки мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ мефармоянд: «Муқтазои табиати каждум неш задан аст». Ин хоинони миллат каждумҳои нешшикастаро мемонанд, ки ба коре қодир нестанд.
Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲН анҷомшуда бахшида шудааст. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос, аз байни мардуми тоҷик ҷавонони зиёдеро гумроҳ намуданд ва онҳо ба ватани худ хиёнат карда, марзу буми кишварро ноором сохтанд. Ҳамзамон дар ин филми мустанад нигоштаҳои бардурўғу қиссаҳои бофтаи хаёлии ин шахсиятҳои дасисабоз, ки дардашон бедаво аст, хело ҳам мўшикофона бо далелҳои амиқ ва возеҳу равшан намоиш дода шуданд.
Филми мустанади «Хиёнат» ба қисматҳои алоҳида ҷудо шудааст, ки фаҳмиши ҳодисаҳои дар он тасвиршударо осонтар мегардонад. Дар қисмати якум оид ба амалҳои террористие, ки аъзоён ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲН бо роҳбарии Мухиддин Кабирӣ ва бо дасти Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 анҷом дода шуда буд, бо далелҳои равшан ва шоҳидони ҳодиса тасдиқ мекунанд, ки воқеан ҳам ҳадафи онҳо ба таври зурӣ ба даст овардани ҳокимият ва сохтани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Дар ин росто шоҳидони ҳол, онҳое, ки маблағҳои ҳангуфтро тавассути писари Кабирӣ барои анҷом додани ин амали террористӣ ба Абдуҳалим Назарзода дода буданд, бо далелҳо исботи худро ёфтанд. Раванди ҳодисаҳои рўи навор омада хиёнати ин гурўҳи ҷинояткор ва фурўхташударо ошкор месозад, ки барои насли имрўзаи мо сабақи бузурги сиёсист.
Қисмати дуюми филм дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар, ки баъди аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстримистӣ эълон шуданаш роҳандозӣ гардидааст, хикоят мекунад. Баъди пайгирии қонунӣ дар хориҷи кишвар пинҳон шудан, наҳзатиён худро ҳамчун қурбонӣ муаррифӣ намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағ гирифта, барои «Муборизаи сиёсӣ»-и навбатӣ Паймони миллии Тоҷикистонро ташкил намуданд. Аз шоҳидони ҳол дар мавриди амалҳои онҳо дар хориҷи кишвар фикру далелҳои раднашаванда пешниҳод гардидааст, ки чӣ гуна бар зидди давлату миллат фаъолият мебаранд ва мехоҳанд, ки боз Тоҷикистони орому осударо бо макру фиребҳои хеш ба коми ҷанги таҳмилӣ бикашанд.
Дар қисмати сеюми филм дар бораи дастгоҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳое, ки ба ин ташкилот тааллуқ доранд, маълумоти дақиқ дода шудааст. Гуфта мешавад, ки чи гуна ин сомонаҳо аз қабили «Ахбор. ком», «Кимиёи Саодат», «Паём. нет», «Наҳзат. рў», «Ислоҳ. нет» аз ҷониби ҲНИ маблағгузорӣ шуда, бар зидди давлату миллати тоҷик маводҳои ғаразноки беасос чоп карда, инчунин дар онҳо ақидаҳои зиддимиллии наҳзатиёнро тарғибу ташвиқ мекунанд.
Дар филм исбот карда мешавад, ки ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Чунончӣ, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии пойгоҳи ҳарбӣ 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд. Ин амалаи террористиро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсиониро гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. Дар маҷмўъ, дар тўли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрвани хориҷиро гаравгон гирифта, ба қатл расониданд.
Мусаллам аст, ки ҷинояткорон – пайравони ТТЭ ҲНИ асло шарму ҳаё, масъулият, шарафи миллӣ надоранд ва аз оқибати кору пайкори худ намеандешанд. Ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар гузоштани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар миёни мардум, паст задании шаъну эътибор ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешгирифтаи онҳо буда, танҳо ҳамин амалҳои ғайриинсонӣ барояшон роҳат мебахшанд. Онҳо барномаи дигар, ки барои манфиати мардуми кишвар бошад, надоранд ва манфиатҳои шахсии худро болотар аз ҳамаи арзишу ормонҳои миллӣ медонанд.
Бояд зикр намуд, ки маводҳои филми мазкурро ҳамагон, бахусус насли ҷавони худогоҳу хештаншиноси кишвар тамошо карданд ва итминони комил дорам, ки онро боз ҳам жарфтар бо идроки қавӣ ва диди сиёсӣ ҳаматарафа таҳлил менамоянд. Манзараҳо ва мафҳумҳои дар филм истифодашуда моро ҳушдор менамоянд, ки аз таърихи миллати худ сабақ омўзем ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашуда, барои боз ҳам сарсабзу ободтар гардидани ватани азизамон ҷаҳд намоем, то ба наслҳои оянда як мулки обод ва сарзамини гул–гул шукуфонро ба мерос гузорем.

Абдувалии Мирзомуддин
корманди Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон