Сомонаи пешина | Дш, 21 Сентябр 2020 / 21:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Экстремизм ҷараёни барои ҷомеа хавфнок

 

Терроризм- ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд. Истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ва аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зўроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон бо мақсади ба даст овардани ҳокимият мақсаду мароми ифротгароён маҳсуб меёбад. Бинобар ин, имрўз мубориза бар зидди ифротгароӣ бояд вазифаи ҳар як шаҳрванд бошад.

Шоҳиди он ҳастем, ки ҳар рўз расонаҳои хабарии кишварҳои ҷаҳон перомуни ҳаводиси куштор, ғорат ва инфиҷори мардуми бегуноҳи давлатҳои мусулмоннишини Шарқи Наздик, бахусус Ироқ ва Сурия матолиби зиёде омода ва нашр менамоянд. Шумораи онҳое, ки дар натиҷаи ин моҷароҳо аз манзилу макони худ маҳрум шуда, ба ёрии башардўстона ниёз доранд, беш аз 10 миллион нафар ёдовар мешавад.

Ин даҳшату ваҳшоният, куштори оммавии сокинони бегуноҳ асосан дар заминаи кашмакашиҳои сиёсӣ, ихтилофҳои динию мазҳабӣ ва иттилоотӣ ба амал меоянд. Ҷангу ҷидол дар Сурия ва дигар кишварҳои мусулмоннишин низ дар пояи мазҳабӣ сар мезананд. Дар ин замина, соли 2006 созмон ёфтани ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» мушкилоти сангинеро барои ҷомеаи башарӣ эҷод намуд. Дар натиҷаи якҷо шудани якчанд ташкилотҳои ифротгаро, ки мақсади асосиашон ба даст овардани ҳокимият бо роҳи хунрезиву террор мебошад, вазъи Ховари Миёнаро муташанниҷ кард.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) экстремизм (ифротгароӣ) яке аз проблемаҳои номатлуби ҷаҳон маҳсуб меёбад. Мафҳуми «экстремизм» (extremus) аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои канораро дорад. Дар сиёсат экстремизми сиёсӣ маҷмўи ғояҳо, андешаҳо ва амалҳои радикалиест, ки асосан тавассути зўроварӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад.

Мутаассифона, солҳои охир шомилшавии ҷавонони ҷумҳурии мо низ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба масъалаи доғи рўз ва доғи сиёҳи ҷомеа табдил ёфтааст. Пайравӣ намудан ба ҳизбу ҷараёнҳои бегона аз нодонӣ, бефаҳмӣ, гумроҳӣ, камхирадӣ, ноустуворӣ ба ақидаҳои худ ва сустиродагӣ сар мезанд. Бадбахтона, душманони миллат, ифротгароён барои татбиқи ҳадафҳои нопоки хеш ҷавонони гумроҳро ба нафъи худ истифода мебаранд. Чунин тоифа ҷавонон пойбанди расму ойинҳои хурофотӣ, фирефтаи ваъдаҳои бардурўғ шуда, худро ба гирдоби фалокат, оқибатҳои даҳшатбор ва гўшношунид ворид намуда, ба ҷони ҷавонашон раҳм намесозанд, фикру андешаи пайвандони худро, ки зери бори ғаму андўҳ, нангу номус монда дилафгор мешаванд, намекунад.

Худшиносии миллӣ ва мазҳабӣ, дастҷамъӣ, ваҳдату якдилӣ ягона сипарест бар зидди экстремизм ва терроризм. Моро лозим аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизро аз чунин падидаҳои номатлуб нигоҳ дорем, ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намоем, таваҷҷуҳи онҳоро ба илму донишандўзӣ, корҳои созандагию ободкорӣ ҷалб созем. Нагузорем, ки мафкураашон вайрон шаваду хешро дар мулки бегона қурбон созанд.

Бибикалон ҶАББОРОВА,
сокини деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти Навобод