Намоиши “Дирафши Коваёнӣ”- и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали байналмилалии театрҳо ба номи Ҷанат Хаҷиев байни чор кишвари Осиёи марказӣ шоҳҷоиза ба даст овард.
Фестивал аз 15 то 19 октябр дар Театри қазоқии мусиқӣ-драмавии шаҳри Жезказгани Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади рушди санъати театрӣ, таҳкими робитаҳо байни театрҳои кишварҳои гуногун ва дарёфти чеҳраҳои нав баргузор гардид. Фестивал ба хотираи Арбоби шоистаи Қазоқистон, яке аз асосгузорони театри Жезказган, коргардон Ҷанат Хаҷиев бахшида шудааст.
Дар фестивал гурӯҳҳои театрӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, инчунин аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ иштирок карданд.
Аҳли эҷоди Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали мазкур намоиши “Дирафши Коваёнӣ”-ро манзур намуданд, ки ҳам аз ҷониби тамошобинон ва ҳам аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои арзанда гирифта, шоҳҷоизаи озмунро ба даст овард.
Намоиши “Дирафши ковиёнӣ” аз рӯи асари “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар таҳияи коргардони шинохта Нозим Меликов рӯи саҳна омадааст.
Намоиши мазкур дар Тоҷикистон ҳам дар доираи касбӣ ва ҳам байни ҳаводонирони санъати театрӣ маҳбубият пайдо кардааст. Соли 2017 «Дирафши коваёнӣ сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» гардида буд.