Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз ҷумлаи нахустин театрҳои тоҷик буда, калонтарин театри драмавии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Он 7 – уми ноябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе ба сифати Театри давлатии Комиссариати маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар рӯзҳои нахустини таъсисаш ҳайати театри мазкур аз якчанд узви баталони кӯҳӣ – тирандозии тоҷик ва ҳунарпешаҳои бригадаи консертии сайёри шаҳри Бухоро иборат будааст. Ба ин ҳайат актёрҳо Ш. Бақоев, Г. Бақоева, Т. Бобиева, таҳиягар ва директор Ҳомид Маҳмудов, мусиқачиён П. Аҳмадов, Ғ. Ҳусейнов, М. Ягудоев ва дигарон шомил буданд. Бино ба таъкиди театршиноси барҷастаи тоҷик, доктори илми санъатшиносӣ шодравон Низом Нурҷонов (ниг. ба ЭСТ, ҷ. 7) он вақт театри номбурда дар бинои Хонаи деҳқон (баъдтар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. В. Маяковский, ки он ҳам кӯчонда шуд), ҷой гирифта буд. Ҳайати мазкур дар заминаи театри ташвиқотии солҳои бистуми асри гузашта намоишҳои хурдро таҳия мекард. Солҳои 1930 – 34 ба театр режиссёр Ф. Умаров, ҳунарпешаҳо С. Тӯйбоева, М. Саидов, А. Саидов, М. Қосимов, Ҳ. Шо-ҳимардонов, Ҳ. Урунов, М. Халилов, У. Мирсалимов, С. Саидмуродов, А. Бурҳонов, М. Зиё-ев, С. Бақоева, Н. Ғиёсов ва дигарон ба кор омада, минбаъд дар ташаккули санъати театри касбии тоҷик ҳиссаи калон гузоштаанд.
Нахустин спектакли ҳаҷман калон ва бисёрпардагии «Ду коммунист» - и Комил Яшин ва як қатор пйесаҳои нав – «Балво» - и Д. Фурманов, «Зараррасонандагони пахта» - и У. Ис-моилов, «Ҳуҷум» - и В. Ян, «Ҳалима» - и Ғ. Зафарӣ, «Оташ мезанем» - и Комил Яшин ва ғайра ба ҳисоб меравад, ки ба саҳна гузошта шудаанд. Минбаъд, аниқтараш дар солҳои сиюми асри гузашта якчанд асари драматургияи миллӣ, аз ҷумла, «Мубориза» - и А. Усмонов (с. 1933), «Душман» - и Ҷалол Икромӣ (с. 1935) ва «Водии бахт» - и Ғанӣ Абдулло таҳия гардиданд. Аз соли 1937 шурӯъ карда, театр ба офаридани асарҳои баландғоя таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Режиссёр Ефим Исаевич Мителман корҳои ғоявию бадеӣ ва ташкилиро хуб ба роҳ монда, асосҳои назариявии падари театри рус – Станиславскийро омӯзонд. Таҳияи пйесаи «Макр ва муҳаббат» - и Ф. Шиллер (с. 1937) як навъ мактаби маҳорати актёрии ҳунарпешагони тоҷик маҳсуб меёфт. Маҳорати ҳунарпешаҳо дар спектаклҳои «Туҳ-мат» - и Султон Саидмуродов ва М. Исмоилов (с. 1938) ва «Шодмон» - и Сотим Улуғзода ва ғайра низ равшан зоҳир гардид. Ҳар вақте ки сухан атрофи намоишномаҳои пуртаъсири ин театр равад, пеш аз ҳама (бештар насли калонсоли мо) спектаклҳои «Отелло» - и Вилям Шекспир, «Калтакдорони сурх» - и Сотим Улуғзода, «Рустам ва Суҳроб» - и Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейнро ба хотир меоранд. Маҳз ҳамин спектаклҳо дар Даҳаи санъати тоҷик (с. 1941) дар шаҳри Москва намоиш дода шудаанд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 45) театр ғояҳои ватандӯстӣ ва корнамоиҳои халқи сермиллати советӣ ва душвориҳои ақибгоҳ ва азму иродаи халқро дар фронт таҷассум карда тавонист. Ин мавзӯъ дар асарҳои саҳнавии «Хонаи Нодир» - и Ҷалол Икромӣ ва А. Файко, «Дар оташ» - и Сотим Улуғзода, «Дили модар» - и Ҷалол Икромӣ, «Қонуни фавқулода» - и бародарон Тур ва Л. Шейнин инъикос ёфтанд. Ҳамон соли шурӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ як гурӯҳ дастпарварони нахустин студияи тоҷикии Институти санъати театрии ба номи Луначарский дар ҳайати Шамсӣ Қиёмов, Абдусалом Раҳимов, Шаҳодат Сиддиқова, Зоҳир Дӯсматов ба театр омаданд. Ҳунарпешаҳо А. Саидов ва Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ба таҳияи намоишномаҳои саҳнавӣ машғул гардиданд. Барои театри тоҷик Қарори таърихии Кумитаи Марказии ВКП (б) «Оид ба репертуари театрҳои драма ва чораҳои беҳтар намудани он» (с. 1946) маҳаки асосии дигар кардани барномаҳои театрӣ гардид. Акнун театр бештар мавзӯъҳои актуалиро интихоб карда, ҳақиқати замон ва беҳтарин сифатҳои одамони Шӯравиро инъикос менамуд. Асарҳои саҳнавии «Ғолибон» - и Б. Чирсков, «Номуси оила» - и Ҳ. Мухторов, «Овози Америка» - и Б. Лавренов, «Саодат» - и Султон Саидмуродов ва Муҳаммадҷон Рабиев, «Ситора» - и Ҷалол Икромӣ, «Сӯзании шоҳӣ» - и Абдулло Қаҳҳор, «Дил - дили Зайнаб» - и Шамсӣ Қиёмов ва Александр Мороз ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Соли 1948 дар саҳнаи театри номбурда асари драматурги рус Николай Погодин – «Одами милтиқдор» ба саҳна гузошта шуд. Маҳз дар ҳамин спектакл бори аввал дар театри тоҷик нақши В. И. Ленинро Аслиддин Бадриддинович Бурҳонов (Аслӣ Бурҳонов) офарид. Бино ба таъкиди театршиноси фақид, профессор Н. Нур-ҷонов, баъди ҷанг театр ба драматургияи рус ва хориҷа бештар таваҷҷуҳ мекардагӣ шуд. Таҳиягарон ба «Муфаттиш» - и Николай Василевич Гогол, «Духтари бебисот», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Камбағалӣ айб нест» - и Александр Николаевич Островский, «Хизматгори ду хоҷа», «Соҳибаи меҳмонхона» - и К. Голдони муроҷиат намуда, дар тафсири образҳои «Ромео ва Ҷулетта» ва «Шоҳ Лир» - и Вилям Шекспир маҳорати хуб нишон дода, комёбиҳои хуб низ ба даст оварданд.
Аз нимаи солҳои панҷоҳуми асри бистум ба театр як гурӯҳ насли нисбатан ҷавон – дастпарварони Институти театрию рассомии ба номи Островскийи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, студияҳои тоҷикии омӯзишгоҳи ба номи Шепкин ва Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарский, баъдтар студияи тоҷикии Институти кинематографияи шаҳри Москва ва аз соли 1971 хатмкардаҳои Институти давлатии санъати тоҷик ба номи Мирзо Турсунзода омада, ҳайати эҷодиро пурра гардонданд. Аз байни онҳо Маҳмуд Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Гурминҷ Завқибеков, Ҳошим Гадоев, Хайрӣ Назарова, Марям Исоева, Қимматшо Имматшоев, Бурҳон Раҷабов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Гуландом Сафаралиева, Мукаррама Камолова, Носир Ҳасанов, Саидмурод Мардонов, Фаррух Қосимов ва дигарон комёбиҳои тозаи эҷодӣ ба даст овардаанд.
Дар санъати Маҳмудҷон Воҳидов сифатҳои нави эҷодӣ, махсусан, ҷойи худро ёфта, равшантар акс ёфтаанд. Навоварии вай на танҳо дар услуби бозӣ ва мустақилона маънидод намудани образҳои барҷаста, балки дар таъсири театри манзум мушоҳида гардидааст. Композитсияҳои адабии «Гуфтугӯ бо худ» (с. 1967, дар асоси рубоиёти Умари Хайём), «Ватан ва фарзандон» (с. 1969, бо истифода аз ашъори шоирони муосири тоҷик), «Ишқи зиндагӣ» (с. 1971, дар асоси ғазалиёти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ) дар санъати театрии тоҷик ҳодисаи нав буданд. Дар солҳои 1970 – 80 дар саҳнаи Театри академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ спектаклҳои «Кӯпрук» - и Фотеҳ Ниёзӣ (с. 1969), «Корвони бахт» - и Мирсаид Миршакар (с. 1970), «Беватан» - и Султон Сафаров (с. 1970), «Фармони Кадушоҳ»-и Абдумалик Баҳо-рӣ (с. 1971), «Зистан мехоҳад» - и Мавҷуда Ҳакимова (с. 1973), «Хатро ман навишта будам» - и Файзулло Ансорӣ (с. 1973), «Лаҳзаи ҷовид» ва «Суханони соядор»-и Меҳмон Бахтӣ (с. 1980) ва ғайра мавқеи намоён пайдо намудаанд.
Яке аз ташаббусҳои неки театри номбурда ҳамкорӣ бо театрҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз дар солҳои ҳафтодуми қарни гузашта театр ба беҳтарин пйесаҳои драматургони рус ва дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Маҳсули чунин ҳамкориҳо ба миён омадани спектаклҳои «Бозиҳои бераҳмона» - и Александр Арбузов, «Сароби хунин» - и С. Азимов, «Ҷон додаракон» ва «Садо аз тобут» - и Абдулло Қаҳҳор, «Шаби гирифтани моҳ» - и Мустай Карим, «Қуллаи Фудзияма» - и Чингиз Айтматов ва Қ. Муҳаммадҷонов, «Машварат» - и А. Гелман гардид. Асарҳои драматургони шинохтаи асри бистуми Ғарб – «Эзоп» - и Ф. Фигейреду, «Хонадони Бернардо Алба» - и Г. Лорка низ дар барномаи театр ҷойи намоёнро ишғол намуд. Театр ба фоҷиаҳои Юнони Қадим ба воситаи пйесаҳои драматургони муосир – «Антигона» - и Ж. Ануй, «Ишқи ман – Электра» - и Л. Дюрко, муроҷиат намуд. Соли 1977 шоҳасари драматургияи бостонӣ «Медея» - и Еврипид ба саҳна гузошта шуд. Инчунин, «Роҳзанон» - и Ф. Шиллер, «Ҳамлет» - и В. Шекспир ва «Эдип» - и Софокл манзури тамошобини тоҷик гардиданд.
Аз давраи ташкилшавии театр саррежиссёрони театр Ҳомид Маҳмудов, В. В. Тихонович, Е. И. Мителман, В. Я. Ланге, Ф. О. Александрин, Ҳ. Раҳ-матуллоев, Хушназар Майбалиев (ду маротиба), Н. К. Детсик ба ҳисоб мерафтанд. Имрӯз ин вазифаро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов бар дӯш доранд.
Соли 1933 ба театр (солҳое, ки шоир дар қайди ҳаёт буд, солҳои зиндагии ӯ: 1887 -1957) номи шоир Абулқосим Лоҳутӣ ва соли 1939 номи академӣ дода шуд. Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1941 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст. Ҳайати эҷодии театр ба шаҳри Москва (солҳои 1941, 1957, 1958, 1973), Тошканд (с. 1961), Санкт – Петербург (с. 1978) ва чандин маротибаи дигар, то ба имрӯз ба шаҳрҳои Бухорою Самарқанду Тошканд ва дигар мамолики дуру наздик сафарҳои ҳунарӣ кардааст.
Соли 1964 сафари ҳунарии театр ба Ҷумҳурии Афғонистон аввалин сафари театри драмаи Осиёи Миёна ба хориҷа буд. Таҳиягарон Шамсӣ Қиёмов, Меҳрубон Назаров, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев муддате чун роҳбари бадеии театри давлатии «Пуҳан» дар Афғонистон кор кардаанд.
Ҳайати эҷодии театр ба таври мунтазам такмил меёбад. Дар саҳнаи он бештар аз 90 сол актёрон, режиссёрҳо, рассомону пардозгарон ва дигар кормандони соҳа фаъолият менамоянд. Роҳбарият ва ҳайати эҷодии Театри академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз он мефахрад, ки дар ин макони ҳунар актёрони шинохтаи ҷумҳурӣ ва минтақа - Ҳунарпешаҳои халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Ҳошим Гадоев, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов, Хайрӣ Назарова, Марям Исоева, Гуландом Сафаралиева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тӯтӣ Ғаффорова, Муҳаммадҷон Халилов, Абулхайр Қосимов, Гурминҷ Завқибеков, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Борис Наматиев, Бурҳон Раҷабов, Убайдулло Раҷабов, Саидмурод Мардонов, Носир Ҳасанов, Хушназар Майбалиев, Қиёмиддин Чақалов, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Дилбар Умарова, Саврӣ Сабзалиева, Нурулло Абдуллоев, Асалбек Назриев, Шералӣ Абдулқайсов, Бахталӣ Сабзалиев, Фирӯз Умаров, Давлат Убайдуллоев, Бобоҷон Ҳасанов, Ортиқ Қодиров, Саодат Азизова, Марям Турсунова, Муҳаммадҷон Шодиев, Арбоби Ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Ҳаким Муҳаммадзоҳиров, Раҷаб Ҳусейнов, Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Лутфулло Давлатзода, Султонмурод Бобомуродов, Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода, Салоҳиддин Шукуров кору фаъолият кардаанд ва карда истодаанд.
Боиси хурсандии аҳли театр аст, ки аз соли 1988 то ба инҷониб ҳайати эҷодии театр дар озмунҳои байналмилалии театрҳои касбӣ, аз ҷумла, дар ҶИЭ, Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, як қатор мамолики арабӣ, собиқ ҷумҳуриҳои ИДМ ширкат варзида, соҳиби Диплом, Ҷоизаҳои махсуси ҳайати ҳакамони бонуфуз гардидаанд. Ҳайати эҷодии театр, аз ҷумла, бештар аз чил сол аст, ки дар озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» ширкат намуда, чанд маротиба соҳиби Гран – При, ҷойи аввал ва соҳиби Дипломҳои дараҷаи аввал гардидааст. Асарҳои дар давоми солҳои истиқлолхоҳӣ ба саҳна гузоштаи театр дар бораи одамони фидоии роҳи ҳақиқат ва сохти нави рӯзгор, қаҳрамонони арсаи меҳнат, ободкориҳои ватан ва монанди ин қисса мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки театр рисолати азалии хеш – тарбияи инсони навро бомуваффақият иҷро намуда меояд. Тармими бинои театр дар замони истиқлоли давлатӣ бозгӯи он аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба фарҳанги тоҷик арҷ мегузорад. Барои пешрафти театри тоҷик маблағгузорӣ аз тарафи давлат ин худ боз як роҳи дигаре дар таҳкими рушди театри миллии тоҷик мусоидатгар аст.
Имрӯз Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таҳти роҳбарии директори он, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатзода бар он мекӯшанд, ки репертуари театрро аз ҳисоби асарҳои драматургияи миллӣ бой гардонда, барои тарбияи инсони нави замони соҳибистиқлолӣ ҳиссагузор бошанд. Барои ба ин мақсад расидан ҳоло бештар ба ҳайати эҷодии театр ҷавонони болаёқати соҳа ҷалб гардидаанд ва бовар ҳаст, ки онҳо ташаббуси устодони саҳнаи тоҷикро бемамониат идома медиҳанд.
Ҳотами ҲОМИД
Бознашр аз Рӯзномаи «Баҳори Аҷам»