Сомонаи пешина | Шб, 15 Август 2020 / 10:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Назаркарда.

 

Таҳти ҳамин унвон бахшида ба раванди талошҳои сулҳофарини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха пйесаи нависанда, тарҷумон, драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор интишор ёфт.

Муаллиф, ки худ аз ибтидо то рӯзи оши оштӣ иштирокчии Сессияи ХVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди панҷ соли он яке аз муаллифони асосии сабқати телевизионӣ ба ифтихори ба имзорасонии Созишномаи истиқрори сулҳ буд, кӯшиш ба харҷ додааст, ки мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он айёми таърихиро аз нигоҳи дарки бадеии воқеаҳо ба риштаи тасвир кашад.

Пйеса як марҳилаи басо муҳими таърихи муосири Тоҷикистон – аз рӯзи мубораки 19 ноябри соли 1992, яъне ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон то моҳи октябри соли 1997 – рӯзе, ки аз минбари баланди Ассамблеяи генералии 52-уми СММ сухан ронда, оид ба сулҳи абадии тоҷикон ба аҳли олам иттилоъ додани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикосгар аст.

Ба қавли муаллифи пешгуфтор, мунаққиди маъруфи театр Маҳмадуллоҳи Табарӣ «пйесаи адиб марҳилаҳои навро бо исму корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушод. Агар бозтоби ин чеҳраи намоёни сиёсӣ дар адабиёт, мусиқӣ ва санъати тасвириву синамо то андозае  амалӣ шуда бошад, дар театр ин раванд аз асари саҳнавии Абдуғаффор Абдуҷаббор оғоз мегардад. Фактҳои воқеии таърихӣ ва тахайюлоти адиб дар он чунон тавъам омадаанд, ки раванди дуру дарози истиқрори сулҳро дар кишвар хеле дақиқкорона ба тамошобинон пешниҳод менамояд».