Сомонаи пешина | Шб, 15 Август 2020 / 09:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Маҷмуаи мақолаҳо оид ба ҳуқуқи муаллиф»

 

Соҳаи ҳуқуқи муаллиф яке аз соҳаҳои муҳим ба шумор рафта, он ба муаллифон имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои онҳо дар хориҷ аз кишвар ва ҳуқуқҳои муаллифони хориҷӣ дар ҳудуди мамлакати мо ҳифз гарданд. Нуъмон Набизода мутахассиси баландихтисоси соҳаи ҳуқуқи муаллиф буда, солҳои зиёд аст, ки дар ин ҷода содиқона заҳмат мекашад. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он тарҳрезӣ гардидаанд.
Бояд қайд кард, ки Нуъмон Набизода дар қабули конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф манфиати муаллифони тоҷикро ҳимоя карда, хизмати арзандае ба сомон мерасонад. Ба қарибӣ китоби нави ҳуқукшинос бо номи «Маҷмуаи мақолаҳо оид ба ҳуқуқи муаллиф» нашр шуд, ки дар он маҷмуаи мақолаҳое, ки муаллиф дар солҳои фаъолияти худ оид ба соҳаи ҳуқуқи муаллиф дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар нашр намудааст, гирд оварда шудаанд.
Муҳтавои мақолаҳо давраҳои қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, шарҳи муқаррароти баъзе мавзуъҳои қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф, мушкилоти ҷойддошта ва роҳҳои татбиқи онҳо, инчунин дигар масъалаҳоро дар бар мегиранд.
Маҷмуа барои ҳуқуқдонҳо, донишҷӯён, муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо ва шахсоне, ки бо масъалаҳои ҳуқуқи муаллиф сару кор мегиранд, тартиб дода шудааст.