Сомонаи пешина | Шб, 15 Август 2020 / 10:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тайёр кардани мутахассисони соҳа, сатҳи маърифату фарҳанги миллӣ ва муҳимтарин хабарҳои соҳавӣ дар шумораи навбатии рӯзномаи “БАҲОРИ АҶАМ”

 

Нашрияи «Баҳори Аҷам» дар саҳфаҳои шумораи навбатии худ муҳимтарин рӯйдод ва масъалаҳои марбут ба фарҳангу маънавиётро бозгў намудааст. Дар сарахбори шумораи навбатӣ баррасии «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст. Дар он масъалагузориҳои Роҳбарияти олии кишвар, ки дар ҷаласаи 28-уми соли равон дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доиргардида ба миён гузошта шуд, инъикос меёбад.
Ин гузориш маълумоти мухтасарест дар хусуси нуктаҳои асосии ҷаласа, ки вазъи маорифу фарҳанг ва омодасозии мутахассисони баландсавияро фарогир буд. Дар он гуфта мешавад, ки вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ таъмин кардани муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар бахши хабарӣ ҳамзамон аз баргузории ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг гузориш дода мешавад, ки ҳолати фаъолияти чанде аз муассисаҳои фарҳангӣ, ҳифзи фазои иттилотӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги миллирро дар бар мегирад.
«Мулоқоти Вазири фарҳанг бо директори минтақавии ЮНЕСКО», «Ҷашни 80-солагии Театри давлатии академии русии ба номи В.Маяковский», «Аввалин филми тоҷикӣ-«Шикастнопазир» дар Голливуд», «Зебоӣ-наҷотбахши ҳаёт», «Дар саҳна-«Ревизор», ки нақшҳои ҷолиби ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммамадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппаро бозгў месозад, «Иқдоми накӯи фарҳангпарварона», ки дар чанд мавзеи Бадахшон гузоштани ҷевони китобҳоро барои истифодаи умум инъикос менамояд, «Маърифати баланди либоспўшӣ-арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ», ки таҳияи дастурамали тавсиявӣ оид ба либосҳои миллӣ барои кормандони соҳаи фарҳангро фаро мегирад, хабару матолиби ҷолиб ҷой дода шудаанд.
Дар ин шумора матлаби таҳлилии «Тарбияи мутахассисони ҷавон дар соҳаи фарҳанг тақозои замон аст» бо қалами сармутахассиси раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров нашр гардидааст. Матлаби мазкур авзои муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳолати то куҷо бо кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони соҳа таъмин будани зерсохторҳои Вазорати фарҳангро матраҳ месозад. Дар он барои фаъолияти самараноки муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва санъат андешидани чораҳои амалӣ пешниҳод гардидааст.
Матлаби «Сутуни театри ҷавонон», ки дар ҳошияи 70-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ғолиб Исломов таҳия шудааст, аз 50 соли фаъолияти пурсамари ин ҳунарманди номвар дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон, лаҳзаҳои хотирмон ва тарбияи мутахассисони ҷавон қисса мекунад.
Ҳамчунин мақолаҳои «Нақше, ки ранҷ баст зи «Ирфон» муборак аст», «Ромишгар, ё худ зеби саҳна санъати воло бувад», матлаби донишҷўи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Дилноза Назарова «Неруи ҷавонон-омили шукуфоии Ватан», мақолаи «Савдои одамон-яке аз масъалаҳои доғи замони муосир», нигоштаи Зарема Карпова «Под шорох листопада», ки маҳорати нақшофарии рассом Баҳром Исматовро васф мекунад, ҳамагӣ мавзўъҳои мубраму ҷолибе ҳастанд, ки дар «Баҳори Аҷам» дарҷ гардидаанд.