Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маводи роҳбарикунанда зери унвони “Роҳнамои китобдор” рӯи чоп омад

KitobМуассисаи нашриявии “Ирфон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз силсилакитобҳои “Илм-фурӯғи маърифат” (барориши 1) таҳти унвони “Роҳнамои китобдор” маводи роҳбарикунандаро дар матбааи ҶДММ “Сифати чоп” нашр намуд.

Китоби “Роҳнамои китобдор” роҳбалади хуб ва такмили ихтисос барои шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба мафҳумҳои асосӣ, мақсаду вазифаҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои китобхонаҳо ва муассисаҳои интишорӣ, вижагиҳои ҷамъоварӣ, коркарду ҷобаҷогузорӣ ва ҳифзу нигаҳдории фонди китобхонаҳо мебошад. Ҳамчунин он ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, низоми интиқоли нусхаҳои ҳатмӣ, навъҳои дигари санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили оинномаву низомномаҳо, қоидаву тартибот ҷиҳати танзими фаъолияти китобхонаҳо ва муассисаҳои дигари интишорӣ мусоидат менамояд.

Маҷмӯаи мазкур имкон медиҳад, ки китобхонаҳо дар шароити нав бо назардошти талаботи даврони соҳибистиқлолӣ ва вижагиҳои воридшавии технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ фаъолияташонро ба роҳ монанд. Китоби “Роҳнамои китобдор” дастури илмиест, ки имкон медиҳад китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли абстракт баромада, ба давраи нави рушд ворид шаванд. Албатта, дар рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат имкон медиҳад, ки ҳамасола аз ҳисоби хазинаи Президенти мамлакат барои чопи китобҳо маблағҳои махсус ҷудо гардида, китобхонаҳо соҳиби биною таҷҳизоти нав ва барои дӯстдорони адабиёт озмуну фестивалҳои китоб баргузор шаванд.

Муассисаи нашриявии “Ирфон” дар навбати худ маҷмӯаи минбаъдаро аз силсилакитобҳои “Илм-фурӯғи маърифат” (барориши 2) сари вақт ва бо сифати баланд мураттаб намуда, пешкаши хонандагони нуктасанҷ мегардонад.

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии нашриявии “Ирфон” хабар доданд.