Сомонаи пешина | Яш, 20 Июн 2021 / 07:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷуроббофӣ

Ҷуроббофӣ ҳунари бофандагӣ буда, аз ҳунарҳои суннатии бонувони кӯҳистон ба ҳисоб меравад. Ин ҳунар ба коркарди нахи пашмин марбут аст. Тавре сарчашмаҳои таърихию мардумшиносӣ иттилоъ медиҳанд, ҷуроббофӣ аз қадим дар Бадахшони Тоҷикистон маъмул мебошад. Барои бофтани ҷуроб ҳунармандон, асосан, аз сихҳои махсус истифода мебаранд. Онҳо бо тарзҳои дусиха, сесиха, чорсиха бофта мешаванд. Замонҳои пеш онро аз химчаи чӯбҳои сахт, бахусус дарахти тӯғ, тайёр мекарданд, ки он ҳам устои махсуси худро дошт. Дар баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ҳоло ҳам занони куҳансоле ёфт мешаванд, ки аз сихҳои чӯбини қадимӣ истифода мебаранд. Ҳоло ҷои сихҳои чӯбиро сихҳои симин гирифтаанд. Пашми гӯсфанд барои таҳияи ҷуроб ашёи хоми асосӣ ба ҳисоб меравад. Аммо, ғайр аз пашми гӯсфанд, пашми буз ва қутосро низ ба кор мебаранд. Дар баробари ин, худи ҳунармандон вазифаи ресандаро иҷро мекунанд. Риштаи ресидашударо бо рангҳои табиӣ ранг месозанд.

Барои бофтани ҷуроб пашми дар фасли баҳор тарошидашуда истифода мешавад. Зеро он мулоим буда, ресиданаш ҳам осон ва ҷуробе, ки аз ин гуна ришта бофта мешавад, босифат аст.

Ҷуробро, асосан, вобаста ба иқлим дар шаклҳои гуногун, баъзан то зону ва ҳатто аз зону боло мебофанд. Ҷуроби аз зону болоро танҳо аз рӯи фармоиши чӯпонону шикорчиён таҳия мекунанд. Дар замонҳои пеш ба таги ҷуробҳо мисли кашф пораи алоҳидаи бофташударо илова мекарданд. Баъди ба вуҷуд омадани пойафзолҳои замонавӣ омода намудани он оҳиста - оҳиста аз байн рафт.

Дар баъзе ноҳияҳои кишвар бо вуҷуди мушкил ва заҳматталаб будан ҷуробро яклухт мебофанд. Ҷуроби армуғониро бо иловаи риштаҳои симӣ мебофанд, ки ҳангоми ҷашнҳои оилавӣ, зодрӯз ва тӯй ҳамчун туҳфа ба наздикон тақдим месозанд.

Дар соқи ҷуробҳо нақшу нигорҳои гуногун дида мешаванд, ки ба номашон хеле мувофиқанд. Аслан ҷуробро вобаста ба нақшу нигораш номгузорӣ мекунанд. Масалан, “Аждапайкар”, “Аловгул”, “Пари товус”, “Синаи боз”, “Чархгардонак”, “Пайи пишак”, “Гандумак”, “Занҷирак”, “Камони Рустам”, “Шамшодгул”, “Абри сари кӯҳ”, “Чапу рост”, “Лолагул”, “Садбарг” ва ғайраҳо.

Махсусан, гули “Аждар” ва “Алов” дар санъати ҷуроббофии мардуми тоҷик нақши муҳим мебозад, чунки гули “Аждар” ва “Алов” нишонаҳои ориёиён мебошанд. Ҳам дар ҷуробҳои пешина ва ҳам ҳозира тасвири ин ду нақш васеъ ба назар мерасад. Дар баробари ин, дар қисми зиёди ҷуробҳо нақши салиб хело равшану возеҳ ба назар мерасад, ки он ҳам аз даврони бостон анъана шудааст.

Ҷуроби занона аз мардона бо нақшу нигор ва андозааш тафовут дорад. Дар ҷуроби арӯсӣ ба ҷуз нақшу нигор риштаҳои симин низ илова мекунанд. Ҷуробҳои кӯдакону наврасон бо гулҳои реза – реза оро дода мешаванд. Дар замони муосир низ дар ноҳияҳои мухталифи кишвар ҳунармандон аз нақшҳои қадимӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, ҷуробҳое вомехӯранд, ки нақшу нигорашон навоварона мебошанд.

Сабаби то имрӯз идома доштани ин ҳунар, пеш аз ҳама, дар фаровон будани ашёи хом, инчунин, талаботи мардуми маҳаллӣ ва таваҷҷуҳи хориҷиён ба маҳсулоти мазкур мебошад.

Садафмоҳ Сангова, аз зумраи занонест, ки бо ин ҳунар рӯзгорашро таъмин месозад. Номбурда маҳсули кори худро дар бозори «Корвон» ба фурӯш мебарорад. - Ман ин ҳунарро аз модарам ва гузаштагонам омӯхтаам. Ҳама аҳли оилаи мо ҷуроббофӣ хуб ҳастанд. Вобаста ба талабот ва завқи мизоҷон мо ҷуробҳоро ба шаклҳои замонавӣ омода месозем, - нақл мекунад Садафмоҳ.

Талабот нисбат ба ҷуробҳои бофтаи мо зиёд аст. Ҷуробҳои мо чун ба таври табиӣ бофта мешаванд, дар фасли сармо пойҳоро гарм нигоҳ медоранд.

Ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба мамлакати мо ташриф меорад, албатта, аз минтақаҳои кӯҳӣ дидан мекунад. Барои онҳо ҷӯробҳои бофтаи мардуми кӯҳистон ҷолиб аст ва аксарияташон бо худ ин гуна ҷуробҳо гирифта мебаранд.

Ҳунари ҷуроббофӣ, дар баробари дигар анъанаҳои миллиамон, муаррифгари фарҳанги қадимаи тоҷикон мебошад.

Нигина РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»