Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ДАР ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ

20.10.21.4Шаҳраки Панҷакенти қадим аз беҳтарин ва дурахшонтарин ёдгории суғдии асрҳои V-VIII ба ҳисоб меравад. Таърихи Панҷакенти қадим диққати олимонро соли 1932, баъди аз ҷониби чӯпонон-сокинони деҳаи Хайробод дар вайронаҳои қалъаи кӯҳи Муғ пайдо намудани дастхатҳо ва ҳуҷҷатҳо дар пӯст, коғаз ва чӯбҳо нигошта, ба ваҷд овард. Кофтуковҳои аввалини бостоншиносиро дар шаҳри Панҷакент В.Р. Чейлытко бо иштироки кишваршиноси маҳаллӣ Раҳматулло Маҳмудов дар солҳои 1936-1940 дар теппаи баланди шаҳристон гузаронида буд.

Тадқиқоти илмии Панҷакенти қадим соли 1947 аз ҷониби Экспедитсияи археологии Тоҷику Суғд бо роҳбарии А.Ю. Якубовский оғоз ёфтааст. Баъдан соли 1953 сарварии экспедитсияро бостоншиносони варзида М.М. Дяконов, соли 1954 А.М. Беленитский ва аз соли 1984 то соли 2006 Б.И. Маршак ба уҳда доштанд. Аз соли 2008 то инҷониб экспедитсияи мазкурро П.Б. Лурйе роҳбарӣ мекунад.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо ҳунару истеъдоди худ ба шаҳрсозӣ, ҳунармандии касбӣ машғул буданд. Далели ин гуфтаҳо шаҳри Панҷакенти қадим буда, ин сарзамин бо ҳунару истеъдоди худ тамоми дунёро тасхир кардааст.

Яке аз ҳунарҳои волои панҷакентиён ин кулолгарӣ ба шумор меравад, ки аз асрҳои V-VIII мардум ба сафолпазӣ машғул буданд. Дар рафти кофтукови бостоншиносии ёдгориҳои Осиёи Миёна, мамлакатҳои Шарқ ва аз ҷумла Панҷакенти қадим илман собит гардид, ки шаҳраки давраи тоисломии Панҷакенти қадим дар байни бозёфтҳо ҷои аввалинро аз рӯи миқдори зарфҳои сафолӣ ишғол менамоянд. Мардуми қадим зарфҳои хӯрокпазию хӯрокхӯрии гуногуннамуд ва гуногунҳаҷм месохтанд. Баъзеи ин зарфҳо аз лой офарида шуда, барои нигаҳдории ғалла, об, равған, мусаллас истифода мешуданд. Намудҳои бисёри зарфҳои сафолӣ, аз он ҷумла зарфҳои хӯрокхӯрӣ, обнӯшӣ ва ҳатто майнӯшӣ хеле ҷолиб буданд ва бо нақшу нигорҳои гуногун оро дода мешуданд. Хусусияти асосии зарфҳо дар он буд, ки аксари онҳо ба зарфҳои мисин, нуқрагӣ ва тиллоӣ шабоҳат доштанд. Албатта, ба ин гуна зарфҳо, пеш аз ҳама, шаҳриён ва табақаи олимансаб эҳтиёҷ доштанд.

Ҳамчунин рушди чорводорӣ боиси инкишофи истеҳсоли маснуоти чармӣ гардида буд. Аз рӯи нақшу нигори деворҳо муайян кардан мумкин аст, ки собиқа ҳунармандон навъҳои гуногуни пойафзол, ҷавшан, тоскулоҳ, камон ва дигар асбоби рӯзгор тайёр менамуданд.

Бояд зикр кард, ки бостоншиносон аз шаҳристон якчанд лангарчаҳои чархҳои ресмонресӣ дарёфт намуданд, ки онҳо аз инкишофи бофандагӣ низ дарак медиҳанд. Дар истеҳсолоти косибии Панҷакенти қадим маснуоти кулолӣ ҷои махсусро ишғол мекард. Дар вақти ҳафриёт аз ҳар ҷо шадда ва бозубандҳои шишагӣ ёфт шуданд. Мавҷудияти корхонаҳои шишасозӣ тасдиқ мекунад, ки панҷакентиён ба истеҳсоли маснуоти шиша низ машғул буданд, инчунин оҳангарӣ ва заргарӣ низ хеле равнақ ёфта буд.

Аз гуфтаҳои бостоншинос Раҳматуллоев И. бармеояд, ки дар Панҷакенти қадим ва дигар шаҳрҳои Суғд соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ вуҷуд дошта, ҳунармандонаш маҳорати баланд доштаанд. Аз рӯи натиҷаи ҳафриёт тахмин карда мешавад, ки ҳунармандӣ дар ин ҷо соҳаи мустақил буд ва аксари ҳунармандон озод буда, барои фурӯш мол мебароварданд.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар санъати тасвирии суғдиён ҳайкалтарошӣ ва осори наққошӣ мақоми муҳиме доштааст. “Чандин хонаҳое кушода шуданд, ки деворҳояшон нақшдор буданд. Наққошони суғдӣ асарҳои нотакрори ҳудро рӯи деворҳо офаридаанд. Дар ин нигораҳо саҳнаҳои базму разм, суру мотам, муборизаи Хайру Шар ва рӯшаниву зулмот ҳаст, ки дар «Шоҳнома»- и безаволи Фирдавсӣ ба назм дароварда шудааст. Масалан, дар баъзе деворҳо манзараҳое ҳастанд, ки дар онҳо корнамоии Рустаму Исфандиёр тасвир шудааст. Вале муқаддамтар аз «Шоҳнома» рассомони суғдӣ баъзе аз ин саҳнаҳоро бо мӯқалами сеҳрофарини худ ранг додаанду ҷон бахшидаанд. Даромадгоҳи асосии манзили ҳар як истиқоматкунандаи осудаҳоли Панҷакент наққошӣ ва кандакорӣ карда шуда буд”, - омадааст дар китоби И. Раҳматуллоев ва М. Ансорӣ. “Панҷакенти қадим” (Душанбе - 2021).

Панҷакенти қадим яке аз нодиртарин ёдгории муаррификунандаи шаҳри замони асримиёнагӣ дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар Панҷакент инчунин бозори марказӣ, бо дӯконҳои гуногун вуҷуд дошт. Баъзан дар назди биноҳои истиқоматӣ низ дӯконҳои фурӯш ҷойгир буданд.

Хулоса, Панҷакенти қадим масоҳати на он қадар бузург дошта бошад ҳам, бо ҷамъи хусусиятҳояш дар Осиёи Миёна ва ҷаҳон яке аз нодиртарин ва машҳуртарин ёдгорӣ ба ҳисоб рафта, бозгӯи ташаккулу рушди ҳунармандии аҷдоди мо аст.

Бо ифтихору сарбаландӣ қайд намудан ҷоиз аст, ки рушди ҳунармандӣ дар маркази таваҷҷуҳу дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, Соли 2018-“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, ки ин рӯйдоди таърихӣ ба рушди ин соҳа боз як такони бузурге мебахшад.

Зебинисо ПӮЛОТОВА,
корманди Осорхонаи ба номи А. Рӯдакӣ,
шаҳри Панҷакент

Бознашр аз Рӯзномаи «Баҳори Аҷам»