Сомонаи пешина | Яш, 26 Март 2023 / 13:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

 Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол тантанаҳои идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дорад. Рӯзи 20 марти соли равон вазири фарҳанги кишвар Давлатзода Зулфия Давлат ба ноҳияи Дарвоз сафар намуда, ба ҳайси сарпарасти ноҳия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими таҷлили Наврӯзи бостонӣ дар ноҳия иштирок намуд. Вазири фарҳанг
23.03.2023 10:26 26

 Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳурияви рассомии ба номи М. Олимов» ҷашни Наврӯзи бо як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Маросими идона бо иштироки Муовини вазири фарҳанг Шарфизода Манучеҳр, Директори коллеҷ Ҷурахонзода С.Ш, Муовини аввали Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Давлатёр Муовини директори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ
18.03.2023 17:04 44

Дар доираи амалӣ намудани ин чорабиниҳо Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон санаи 17 – марти соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон тантанаи ҷашни Наврӯзӣ бо ҷамъбасти фаъолияти сол, намоиши асарҳои эҷодии омӯзгор – рассомон, инчунин маҳсули дасти донишҷӯёни кафедраи тарҳрезии бадеии либос «Намоиши мӯд» – ро баргузор намуд.
18.03.2023 16:12 44

 Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки муовини вазири фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Рамазонов Эраҷ Саъдуллоевич, як гурӯҳ устодон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикиситон, Донишгоҳи
18.03.2023 09:28 38

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ва вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои соли хониши 2023- 2024 дар донишгоҳу донишкадаҳои олии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 12- ум то 15- уми марти соли
17.03.2023 10:36 36

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Театр-студияи ҳаҷвии "Хандинкамон", Телевизиони вилояти Суғд, бо мақсади иҷрои босифати банди 22 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии "Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025" дар чойхонаи "Дилкушо"-и осоишгоҳи "Баҳористон"-и шаҳри Гулистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Аскиягӯӣ
14.03.2023 09:00 54

 Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби академики варзидаи соҳаи архитектураи ёдгориҳои таърихӣ, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Рустам Муқимов дар бинои вазорат мизи гирд ва мулоқоти кории судманд анҷом дода шуд. Дар мулоқоти мазкур Муовини якуми МД “Осорхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ,
13.03.2023 11:39 57

  Бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломов Мирзошариф - сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - академик Юсуфшоҳ Яъқубов, Фирӯз Шоинбеков, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО - Тахминаи С. , Сармутахассиси шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ - Наботов Муҳаммадҷон, Мутахассиси
13.03.2023 10:59 52

Бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар оғози ҳамоиш намоиши китобҳои нодиру тозанашри нависандагону шоирони тоҷик доир шуда, дар кори он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии
11.03.2023 12:55 170