Сомонаи пешина | Шб, 23 Ноябр 2019 | 00:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Маҷмӯаи осор»-и Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким рӯнамоӣ шуд

 

20 июн  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  китоби 7 ҷилдаи «Маҷмӯаи осор»-и Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким  рӯнамоӣ гардид.

Тавре аз Академияи мазкур  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  ин ҷамъомад олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони назм  иштирок  доштанд.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ   зимни муаррифии китоби мазкур нақши осори шоирро дар рушди адабиёти тоҷик беназир арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки эҷодиёти  Аскар Ҳаким дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982), «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993)  ва ғайра  ба табъ расида,  миёни хонандагони тоҷик маъруфияти хоса  пайдо намуд. Осори  шоир ҳамчунин  ба  забони русӣ ва  забонҳои дигари хориҷӣ  интишор ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки  дар  ин ҷамъомад  намояндагони аҳли зиёи мамлакат, ба монанди Абдунабӣ Сатторзода, Носирҷон Салимӣ, Ато Мирхоҷа, Ҳақназар Ғоиб, Кароматулло Олимов ва дигарон доир ба паҳлуҳои мухталифи китоби «Маҷмӯаи осор» -и Аскар Ҳаким, аз ҷумла,  аҳамият ва нақши тарбиявии он барои хонандаи тоҷик   ибрози андеша намуданд.

 

АМИТ «Ховар»