Сомонаи пешина | Чш, 11 Декабр 2019 | 02:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳисоботи фаъолияти Вазорати фарҳанг дар нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо то охири сол

Дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 низ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми фаъолияти серсоҳаашро ба амалӣ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, тамоми ҷашну идҳои милливу касбӣ дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил гардиданд. Бахусус, тантанаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявии 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи чумҳурӣ, “Шоми дўстӣ” дар заминаи таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду халқи дўст — тоҷику ўзбек, Иди Наврўз, Рўзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон, ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шаҳристон, шахрхои Истаравшан ва Конибодоми вилояти Суғд дар сатҳи баланд доир гардида, чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бемайлон иҷро шуда истодаанд. 
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№776, аз 12 ноябри соли 2016) «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» Нақшаи тадбирҳои вазорат доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм таҳия ва тасдиқ гардида, корҳои омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар рўз ба рўз вусъат гирифта истодаанд. Фазои фарҳангии кишвар ҳамеша пур буда, рўзҳои шанбе ва якшанбе дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда мешаванд.

I. СОҲАИ САНЪАТ

Яке аз самтҳои фаъолияти бевоситаи муассисаҳои театрию консертӣ ташкили чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи баланди ғоявию бадеӣ ва ба саҳнагузории асарҳои ҷавобгў ба талаботҳои замони муосир ба пояи сифатан нав бардошта шуд. Дар ин замина, муассисаҳои театрию консертӣ барои баргузории ҷашнҳои 25-солагии Артиши миллӣ, Иди Модарон, Рўзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, Иди Наврўзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Панҷакент, таҷлили Рўзи Пойтахт, Рўзи Ғалаба, Рўзи “Шашмақом”, Рўзи Ҷавонон, Рўзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои ҳунарӣ бахшида ба баргузории конференсияи байналмилалии сатҳи баланд Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олимақом фаъолона иштирок намуда, репертуари ҳунармандон комилан нав карда шуд. 
Таҷлили 25-солагии Артиши миллӣ. Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2018 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки барнома вобаста ба мавзую муҳтавои ҷашн: шеъру оҳангҳои тозаэҷод дар васфи Тоҷикистон, ифтихор аз ватану ватандорӣ, сулҳу амният, меҳру муҳаббат ба ин марзу буми аҷдодӣ таҳия гардида буд, ин падидаи тоза мебошад.
Барномаи муштараки консертии “Шоми дўстӣ”. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2018 дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бо ҷалби беҳтарин ҳунарпешагон ва гурўҳҳои ҳунарии ду кишвари дўсту ҳамҷавор барномаи муштараки консертии “Шоми дўстӣ” бо шукўҳу шаҳомат доир гардид, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд. Ба майдони санъат чандин чеҳраи нави ҷавон ворид гардида, дар байни мухлисон маҳбубият пайдо намуданд. Дар маҷмўъ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 112 барномаҳои фарҳангӣ ва консертӣ доир карда шуданд.
Иди Наврўзи байналмилалӣ дар рўҳияи баланди худшиносии шаҳрвандон ва бо эҳтироми калон ба арзишҳои волои аҷдодӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Иди Наврўзи байналмилалӣ рўзҳои 21, 22 ва 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Дўстии халқҳо”, Боғи ба номи А.Мироненко ва Майдони 800-солагии Москва дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ҷалби беҳтарин овозхонон, гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ ва рўзи 24 март дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар ва шоми 25 март дар Наврўзгоҳи пойтахт бо намоишҳои пуршукўҳи театрикунонидашуда ва барномаҳои рангину хотирмон ва истифодаи техникаи муосир баҳри бошукуҳу хотирмон таҷлил гардид. Бояд тазаккур дод, ки ҳайатҳои эҷодии чорабиниҳо зимни омодагиҳо аз усулҳои наву муосири технологӣ, шакли тозаи пешниҳод ва ҷалби истеъдодҳои ҷавон, суруду оҳангҳои нав истифода намуданд, ки ба ин барномаҳо ҳусну таровати тоза зам намуд. Тантанаҳои наврўзӣ ҳамчунин дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо иштироки Пешвои миллат дар сатҳи баланди касбиву эҷодӣ ва ташкилӣ доир гардиданд.
Рўзи Ваҳдати миллӣ низ тибқи Нақшаи чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе ва дар пояи шаршараи Наврўзгоҳ, тамоми шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҳунарпешагону гурўҳҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ бошукўҳ баргузор шуданд. Ҳамчунин, дар доираи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ аз 21 то 26 июни соли 2018 дар ҷамоатҳои ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз ҷониби ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳоди сокинони ин ноҳияҳо гардиданд.
Тантанаҳои асосии ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ба иди ҳақиқӣ табдил ёфтанд, ки маросими бузургдошти он аз ноҳияи Шаҳристон оғоз гардида, рўзи 26 июни соли равон дар маҷмааи зебои таърихию фарҳангӣ Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан идома ёфтанд.
Рўзи 27 июни соли 2018 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Конибодом бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонону аҳли ҷамоатчигии кишвар барномаи муҳташами фарҳангӣ, ки дар он беҳтарин санъаткорони кишвар, гуруҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони муассисаҳои консертии пойтахт ва вилояти Суғд бо суруду оҳангҳои тозаэҷоди тараннумгари Ваҳдату Истиқлол ҷалб гардида буданд, доир гардида, аз тарафи Пешвои миллат ба он баҳои баланд дода шуд.
Чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ асосан ба баргузории конференсияи байналмилалии сатҳи баланд Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» рост омада, дар онҳо тамоми муассисаҳои консертӣ фаъолона ширкат намуда, дар 7 чорабинии марбут ба конфронс барномаҳои фарҳангии баландғоя намоиш дода шуданд.
Муассисаҳои театрӣ. Дар оғози соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон боз як Театри вилоятии лўхтаки “Афсона” таъсис ёфт ва ҳайати эҷодии муассиса ба фаъолияти пурсамар шурўъ намуд, ки воқеан падидаи фараҳбахши фарҳангист.
Дар шаш моҳи соли 2018 дар театрҳои касбии кишвар 36 асари нав саҳнавӣ гардиданд, ки 16 намоиш ба театрҳои пойтахт ва 20 намоиш ба театрҳои музофотӣ рост меоянд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии академӣ драмавии ба номи А.Лоҳутӣ аз 20 то 30 апрели соли 2018 бо намоишномаҳои «Вийд»-и Ҷ.Қуддус ва «Ҷиноят ва ҷазо»-и М.Зощенко ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Намоишҳои нав “Ҷашн”-и А.Чехов (тарҷумаи Ҷ.Қуддус) дар таҳияи Б.Қурбонзода, “Обу оташ”-и Мансур Суруш дар таҳияи Ш.Абдулқайсов, «Шуллук ва беваҳо»-и Ш.Солеҳ дар таҳияи З.Ҷаводов, «Мусичаро напаронед»-и Н.Табаров дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Д.Убайдуллоев ва “Ишқи нобино”-и Маҷид Салим дар таҳияи Т.Аҳмадхонов пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.
Рўзи 30 июн дар доираи сафари ҳунарии Театри миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон ба номи Муқимӣ намоишномаи «Жайдари келин»-и Нурулло Абосхон чун рамзи дўстии халқҳои тоҷику ўзбек пешкаши тамошобинон гардид.
Дар маҷмўъ 63 спектакли театрро зиёда аз 10200 нафар тамошо намуданд.
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дўстдорони санъати касбӣ намоиши “Куршапарак”-и И.Штраус ва нахустнамоиши «Алеко»-и С.Рахманинов дар таҳияи саррижессёри театр Султон Усмонов саҳнавӣ намуд.
Рўзи 25 апрел консерти хосаи солисткаи опера аз Ҷумҳурии Беларус Ирина Лой ва бахшида ба таҷлили зодрўзи Артисти халқии СССР, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рўдакӣ, ситораи балети тоҷик Малика Собирова 22 майи соли равон Гала-консерт дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардиданд.
Рўзи 21 июн бо сарварии Сархормейстери театр консерти хорсароёни театр баргузор гардида, дар он аккапелаҳои композиторҳои тоҷик, рус, қирғиз, хитой, украин, беларус ва асарҳои ҷашнӣ садо доданд.
24 июни соли 2018 маҳфили эҷодӣ бахшида ба 45-солагии фаъолият ва 70-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов дар толори театр доир шуд.
Ҳайати эҷодии Театр 64 намоиш ва барномаҳои ҳунариро манзури 15 280 нафар тамошобинон гардонид.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский намоишҳои навро аз рўи асари Саид Аҳмад «Исёни арўсон» дар таҳияи Х.Мустафоев, «Корнамоии Синдабад ва Юнга» аз рўи асари Р.Уланова дар таҳияи Р.Уланова ва «Ҷанг чеҳраи занона надорад» аз рўи асари С.Алексиевич дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон М.Дадаева саҳнавӣ гардонид.
Дар маҷмўъ театр 122 намоишномаро ба 11519 нафар шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе манзур намуд.
Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоиши тозаэҷодро аз рўи асари Меҳмон Бахтӣ «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ», дар таҳияи Ш.Халилов, «Коргардон»-и А.Фаррухӣ ва М.Миров дар таҳияи коргардон М.Миров ва «Гумроҳон»-и Д.Мирхонов дар таҳияи И.Мингбоев саҳнавӣ гардонид.
Дар моҳи май Бенифис-маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоеваро бахшида ба 50-солагии фаъолияти ҳунариаш бо шукуҳу тантанаи хос баргузор гардид.
Аз 5 то 13 майи соли равон ҳунарпешагони театр бо намоиши «Актриса» дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳо «Фазои ҷавонон» (Пространство юных) дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуда, сазовори ҷоиза, тандис ва сипосномаҳо гардиданд.
Ин давра 110 намоиши театрро 20614 нафар мухлисони санъат тамошо кардаанд.
Кормандони Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Шоҳзодаи хурдакак»-и А.Сент-Экзюпери дар таҳияи Ю.Москалевич, дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии ОКСФАМ дар Тоҷикистон намоиши лоиҳавӣ «Об неъмати бебаҳост» муаллиф ва таҳиягар Ҳотам Салимов ва «Китоб манбаи дониш аст»-ро (Ҳ.Салимов, И.Бухориев) ба саҳна гузоштанд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии театр ба вилояти Хатлон ва ноҳияи Рўдакӣ сафари ҳунарӣ анҷом дод. Театр 141 намоишро ба 26 424 нафар мухлисони хурдсол пешкаш намуд.
Театрҳои дар минтақаҳо будаи кишвар низ фаъолияташонро беҳтар намуданд. Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара намоишномаҳои «Дугоникҳо»-и Могилев дар таҳияи С.Алимов, «Бори каҷ»-и Ато Ҳамдам дар таҳияи Саломуддин Додарбеков, “Роҳҳо”-и И.Усмонова ва А.Қодиров дар таҳияи А.Қодиров ва “Тахти Султон Маҳмуд»-и Ш.Солеҳ дар таҳияи Р.Одинаевро рўи саҳна овард.
Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар 12 май барномаи ҳунарии ансамбли «Шашмақом»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рўзи «Шашмақом» баргузор гардид.
Таърихи 26 майи соли 2018 намоишномаи «Рудолфио» аз рўи ҳикояи В.Распутин дар таҳияи Саидзода Отахон ҳамчун кори дипломии магистри факултаи театри бадеӣ шуъбаи режиссураи драма ба устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода аз ҷониби шўрои бадеии театр қабул гардид.
Ба зиёда аз 26000 ҳазор тамошобин хизмати маънавӣ расонида, 44330 сомонӣ нақшаи даромади театрро иҷро намуданд.
Театри вилоятии лўхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар бо нахустнамоиши асари “Подоши амал”-и А.Абдураҳмонов рўзи 5 апрели соли 2018 дари худро ба рўи тамошобинон боз намуда, фаъолияташонро самарабахш идома дода истодаанд.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб дар ин давра намоишҳои тозаэҷоди “Дар кўчаҳои қисмат”-и Ато Ҳамдам дар таҳияи Р.Одинаев ва “Умед”-и Ш.Солеҳ дар таҳияи С.Мадалиевро саҳнавӣ гардонид.
Театр 38 барномаҳои рангини консертии худро таҳти унвони «Субҳи ҷавонӣ» дар ноҳияҳои Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, Темурмалик ва шаҳри Норак доир намуданд. Дар умум дар 48 намоиш 14000 ҳазор нафар тамошобинон ширкат карданд.
Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар ин давра асари Дарио Фо “Тиҷорат”-ро дар таҳияи У.Хисравов ва “Датабара”-и П.Қиматшоевро рўи саҳна овард. Ҳайати эҷодӣ ба ноҳияи Роштқалъа сафари ҳунарӣ намуданд. Дар маҷмуъ, аҳли эҷоди театр 59 намоишро пешниҳоди 3456 тамошобинон намуданд.
Ҳайати эҷодии Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Иди Наврўзи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент, таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ фаъолона иштирок намуданд. Нахустнамоиши «Макри зан»-и Ҷ.Қуддус дар таҳияи Н.Пояндаев ва «Исёни арўсон»-и С.Аҳмад дар таҳияи С.Исоева пешкаш гардиданд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 63 барномаҳои консертӣ ва намоишномаҳо ба тамошобинон ва мухлисони театр манзур гардид. Шумораи тамошобинон 21789 нафарро ташкил доданд, ки аз ин ба хизинаи театр 143185 сомонӣ маблағ ворид гардид.
Театри тамошобини навраси ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд намоишномаи нави “Алинур”-и В.Мейерхолдро дар таҳияи Ш.Ҷўраев пешкаши тамошобин гардонид.
Ҳайати эҷодии театр санаҳои 15,16 ва 17 май ба шаҳри Исфара ва ноҳияи Ҷ.Расулов бо намоишномаи «Заргўшаки доно» Ш.Қиёмов сафари ҳунарӣ намуд.
Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон намоишномаи нав — «Эй войи ҷавонӣ»-и Н.Шарипов ва Б.Холов, “Бояд китобхон шавем”-и Н.Шариповро рўйи саҳна оварданд.
Ҳунармандони театр моҳҳои май ва июни соли 2018 дар боғчаҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо намоишномаи «Лисёнок-плут» сафар намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати эҷодии Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон намоишномаи “Эраҷпаҳлавон”-и Ш.Қиёмовро дар таҳияи Н.Аҳмедова пешниҳоди тамошобинон гардониданд.
Ҳунармандони театр бо намоишномаи «Оҳуи тиллоӣ»-и Ш.Қиёмов ба шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол ва Гулистон сафари ҳунарӣ намуданд, ки бисёр хубу хотирмон баргузор гашт. Намоишномаи «Эраҷ паҳлавон»-ро ба тамошобинони шаҳрҳои Бўстон, Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров намоиш доданд.
Театри давлатии мусиқӣ -драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом намоишномаҳои «Тоқисурхак»-и Е.Шварц дар таҳияи Д.Шукурҷонзода ва «Оҳ муҳаббат»-и Олим Салимов дар таҳияи Шехов Сўҳроб саҳнавӣ намуд.
Дар ин давра, театр 149 намоишномаро ба 11 878 тамошобинон манзур намуд.
Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳияи Спитамен намоишномаи “Ҳаммолии Азроил”-и У.Усмон дар таҳияи Т.Маликов саҳнавӣ намуда, дар ноҳияҳои вилоят сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт дар ин давра намоишномаи тозаэҷоди Ш.Ҷўраев “Дар ҷустуҷуи Бобои Барфӣ” -ро рўи саҳна овард.
Муассисаҳои консертӣ дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, пазироии меҳмонони олиқадр фаъолона иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ҷашну идҳои миллӣ дар Боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе 41, вазорату идораҳо 22, пазироии меҳмонони олиқадр 17 ва таҷлили ҷашнҳои муҳими сиёсӣ 32 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки дар маҷмуъ 112 чорабиниро ташкил медиҳад, ки пурра ройгон буданд.
Дар ин давра аз ҷониби ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои консертӣ 71 суруду оҳангҳои тозаэҷод ва 55 номераҳои нави рақсӣ эҷод ва пешниҳоди мухлисони санъат гардонида шуданд.
Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев дар давраи ҳисоботӣ дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни “Сада”, 25-солагии Артиши Миллӣ, Иди Модарон, Ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Панҷакент, Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Шаҳристон, Истаравшан, Конибодом ва дигар барномаҳои консертӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар ин давра муассиса якчанд барномаҳои консертии ҳисоботии ҳунарпешагон ва гуруҳҳои ҳунарии худ, аз ҷумла, барномаҳои консертии ансамблҳои “Тарона ва рақс”, “Шашмақом”, “Ганҷина” ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев, ҳунарпеша Бахтиёр Оқилов ва ғайраро дар толори муассиса ташкил ва баргузор намуд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии муассиса 34 суруду оҳангҳои дастаҷамъона ва 20 рақси навро дар барномаҳои консертӣ иҷро намуданд.
Аҳли ҳунари Иттиҳодияи давлатии гурўҳҳои эҷодию консертӣ дар ҷашнҳои 25-солагии Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модарон, барномаи “Шоми дўстӣ”, Ҷашни байналмилалии Наврўз дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе, таҷлили ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе, чорабиниҳо фарҳангӣ бахшида ба ташрифи меҳмонони олиқадр, ҷамъулҷамъ дар 67 барномаҳои ҳунарӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” ва ҳунармандон дар Фестивали байналмилалии “Хунарҳои Сураҷкунд” дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ва дар чорабинии наврўзӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар ин давра ҳайати ҳунарии муассиса ба ноҳияҳои Рўдакӣ, Қубодиён, Шаҳритуз, Нуробод ва шаҳрҳои Панҷакент, Роғун, Норак ва Ҳисор сафарҳои ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар нимсолаи якум 17 суруду оҳанг ва 26 рақси навро дар барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби оркестри эстрадии “Гулшан”, ансамблҳоии рақсии “Зебо” ва “Ҷаҳоноро” истифода намуданд.
Муассиса тибқи нақшаи фаъолият 15 барномаи ҳунариро ба 27 440 тамошобинон манзур намуданд .
Муассисаи давлатии сафарию хунарии «Базморо» дар ташкил ва баргузории барномаи консертӣ бахшида ба 25-солагии Артиши миллӣ ва барномаи “Шоми дўстӣ” саҳми назаррас гузоштанд. Муассиса ҳамчунин дар ин давра дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рўзи Модарон, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Душанбе , Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуд.
Кормандони муассиса тибқи созишнома миёни МДСҲ “Базморо” ва Муассисаи “Ўзбекнаво” барномаи консертии Ҳунарпешаи халқии Ўзбекистон Озодбек Назарбеков ва Ҳунарпешаи шоистаи Ўзбекистон Оғобек Собировро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва сафари ҳунарии театри давлатии мусиқии мазҳакавии ба номи Муқимии шаҳри Тошкент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намуданд.
Муассиса якҷо бо филиалу намояндагиҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон силсилабарномаҳои фарҳангиро ташкил ва баргузор намуд.
Ҳайати ҳунарии Ансамбли «Сомон» дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои нақшавӣ фаъолона иштирок намуда, дар ин давра 7 асари нави мусиқиро эҷод ва пешниҳоди мардум карданд. Боиси тазаккур аст, ки муассиса моҳи майи соли 2018 дар ҷамоати Язғулом ва маркази ноҳияи Ванҷ ва тибқи нақша аз 22 то 27 июн дар ноҳияи Сангвор бо барномаҳои ҷолиби консертӣ баромад намуданд.
Барномаи консертии ҳунарпешаи ансамбл Гулҷаҳон Иброҳимова дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Сафари ҳунарии ансамбл ба ноҳияҳои Ваҳдат, Рўдакӣ ва шаҳри Роғун бо муваффақият баргузор гардиданд.
Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода баҳри дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронидани ҷашнҳои 25-солагии Рўзи Артиши миллӣ, барномаи “Шоми дўстӣ”, Иди байналмилалии Наврўз дар шаҳри Бохтар, Рўзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом ва дигар чорабиниҳо бо 9 рақси нав ва 13 суруду оҳанги нав баромад намуданд.
Мавриди зикр аст, ки муассиса моҳи майи соли равон бори нахуст ба вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон сафари ҳунарӣ анҷом дод. Дар ин сафар ҳайати ҳунарии муассиса бо барномаҳои ҷолиб дар ноҳияҳои Сариосиё, Деҳнав, Қумқурғон, Музратобод, Қизириқ ва дар маркази вилоят – шаҳри Тирмиз бо ҳузури роҳбарони вилоят баромад намуданд, ки аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвари дўст хеле хуб пазируфта шуд.
Гурўҳи рақсии кўдаконаи муассиса дар Фестивали байналмилалии “Рақси кўдакон ва наврасон”, ки аз 21 то 25 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Туркия доир гардид, ширкат намуд. Ҳамчунин гурўҳи мазкур бо барномаи мукаммали худ, ки аз 12 номераи рақсӣ иборат буд, дар телевизиони кўдакон ва наврасон “Баҳористон” сабт намуд.
Ансамбл тибқи нақша ба ноҳияҳои Шаҳринав, Тоҷикобод шаҳри Ҳисор сафари ҳунарӣ баргузор намуд.
Ҳайати эҷодии Сирки давлатии Тоҷикистон тибқи қарордод Сирки Ўзбекистонро даъват намуд, ки бо барномаи ҷолиб тўли як моҳ дар назди тамошобинони пойтахт ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳамчунин бо мақсади тавсеаи робитаҳо моҳи март Сирки Москва “Браво” даъват гардид, ки барномаи ҳайати ҳунарӣ аз ҷониби тамошобинон гарму ҷўшон пазируфта шуд.
Дар давраи ҳисоботи сирки сайёри муассиса ба ноҳияҳои Ҷайҳун ва Шаҳритузи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Кормандони Маркази эҷодии «Илҳом» дар таҳияи барномаҳо бахшида ҷашни “Сада”, барномаи “Шоми дўстӣ” ва Иди байналмилалии Наврўз ва пазироии меҳмонони олимақом дар маҷмўъ дар 11 чорабинӣ саҳм гузоштанд.
Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии №361 аз 28 июли соли 2017 дар заминаи Муассисаи давлатии “Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-Маркази ҷумҳуриявии кўдакон ва ҷавонон” таъсис ёфта, бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2018, №25 таҷдиди сохтор гузаронида шуд, дар ин давра дар чорабиниҳои ҷашни “Сада”, Рўзи Модарон, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Кулчақанд лаззатбахши хони мо”, намоиш-озмуни “Баракати Истиқлол”, барномаҳои наврўзӣ, таҷлили “Рўзи фарҳанг”, Рўзи Ғалаба, Рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон, Рўзи Ваҳдати миллӣ ширкат намуданд.
Дар арафаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рўзи ҷавонон дар муассиса 23-24 майи соли 2018 даври дуюми Озмуни истеъдодҳои ҷавон ҷамъбаст гардид.
Айни замон, як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки садди роҳи фаъолияти пурсамари театрҳо ва муассисаҳои консертӣ гашта ба фаъолияти пурмаҳсули онҳо монеа эҷод менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки бо баланд рафтани обрўю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва мизбонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ, таҷлили ҷашну санаҳои муҳими милливу таърихӣ теъдоди чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамасола афзоиш меёбанд. Аҳли фарҳанги кишвар баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ таҳия ва пешниҳоди ин чорабиниҳо пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд. Масалан, танҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳайатҳои ҳунарии муассисаҳои консертӣ дар зиёда аз 110 чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба таври ройгон ширкат намуданд.
Дар баробари ин, мавриди зикр аст, ки дар бисёр ҳолатҳо базаи моддиву техникӣ ва молиявии муассисаҳои театрию консертӣ барои дар сатҳи зарури таҳия ва ташкил намудани ин чорабиниҳо нокифоя мебошанд. Махсусан, чунин мушкилот ҳангоми сафарбар намудани дастаҳои ҳунарӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз сабаби пешбини нагардидани маблағҳои сафарҳои хизматӣ, нақлиёт ва таҷҳизоти муосири техникӣ ба назар мерасанд. Чунин вазъият боиси коҳиш ёфтани сатҳи барномаҳо ва ҷалби истеъдодҳо ба муассисаҳои театрию консертӣ гардида истодааст.
Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, муассисаҳои театрӣ ҳамасола зиёда аз 60 асарҳои тозаэҷодро саҳнавӣ менамоянд. Танҳо дар тули нисолаи аввал аз ҷониби театрҳои кишвар 35 асар саҳнавӣ гардонида шудааст. Мутаассифона, дар ин самт низ камбудиву норасоиҳо мавҷуд мебошанд. Ҷавобгў набудани техникаи муосири саҳнавӣ, аз қабили воситаҳои рўшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақвияти садо, таҷҳизоти саҳна ва воситаҳои нақлиётӣ, ба таври кофӣ ҷудо нагардидани маблағҳо барои ороиши саҳна, хариди асарҳо, сафарҳои хизматӣ аз мушкилоте мебошанд, ки сади фаъолияти пурсамари муассисаҳо мегарданд.

II. СОҲАИ ФАРҲАНГ

Вазорат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ»-ро мавриди омўзиш қарор дода, хулосаву тавсияҳоро оид ба ворид намудани тағйиру илова ба онҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Ҳамзамон, номгўйи намудҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ба унвони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд, ки дар ин замина аз 13 феврали соли 2018, №60 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012, №451» қабул карда шуд.
Мероси фарҳанги ғайримоддӣ. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, конфронсу фестивалҳо, мулоқоту вохўриҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ гашта истодаанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал-намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор гардид.
Моҳи апрел 6 нафар ҳунармандони мардумӣ дар фестивали «Рўзҳои фарҳангии Шарҷа»-и шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб иштирок ва маҳсули худро ба сокинон ва меҳмонон пешниҳод намуданд.
Ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Варзоб мағозаи фурўши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ ёфт, дар деҳаи Ободони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ коргоҳи истеҳсоли матои адрас ба фаъолият шурўъ кард. Инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам намоишҳои сару либоси қадима ва дигар маҳсули меҳнати ҳунармандон, дар ноҳияи Восеъ озмуни ноҳиявии «Фарҳанги деҳадорӣ» миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор шуданд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ. Дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт дар ин давра ҳар ҳафта дар рўзҳои истироҳатӣ бо ҷалби муассисаҳои фарҳангӣ, Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Фирдавсӣ, И. Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино, Шаҳринав, Рўдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, минтақаи Кўлоб ва Бохтари вилояти Хатлон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир шуданд. Дар майдони “Парчам”-и шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо ҳунармандони ансамблҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барномаи фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардониданд.
Дар китобхонаи вилоятии ба номи Ш.Шоҳин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба “Рўзи ҷавонон” намоиши кушоди китобҳои ҷавонони навқалам, дар шаҳри Кўлоб намоиши асарҳои меъмор ва тарроҳ Вайс Асозода ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар доираи “Рўзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон” аз 10 то 14 майи соли равон як қатор мулоқоту вохўриҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ансамблҳои вилоятӣ ва дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар рўзи ҷамъбаст бо иштироки раисони вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва 2000 нафар меҳмонони ВМКБ барномаи консертии “Шоми дўстӣ” доир шуд.
Дар муассисаҳои фарҳангии вилоятҳои Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Суғд ва Хатлон бахшида ба Рўзи Ғалаба, Шашмақом, оила, ҷавонон, Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028” ва оид ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” силсилаи чорабиниҳо, вохўриву сўҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъат, намоиши театришуда, мизи мудаввар, конфронсу семинар, намоиши китоб, матбуоти даврӣ, намоиши асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ доир гардиданд.
20-22 апрел дар доираи Рўзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон аҳли санъату ҳунар, зиёиён ва шоирону нависандагон ширкат варзида, бо барномаҳои ҷолиби адабиву фарҳангӣ баромад намуданд.
Фаъолияти китобдорӣ. Рўзҳои 6-7 апрел дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Китоб-равшангари дилҳо» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» бо иштироки олимони соҳаи китобдорӣ, кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ баргузор гардид.
Аз 15 апрел то 15 майи соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» зери унвони «Сайри китоб» баргузор шуд. Ба ин муносибат дастури таълимӣ-методии «Сафинае дар баҳри дониш» нашр шуда, фестивал як моҳ идома ёфт.
Дар доираи баргузории фестивал ба миқдори зиёда аз 55000 нусха китоб ба намоиш гузошта шуд ва зиёда аз 60500 нафар хонанда ба китобхонаҳо ташриф оварданд.
Барои иштироки фаъолона дар фестивал 19 нафар бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 69 нафар хонандагон бо «Диплом»-и дараҷаи I, II, III мукофотонида шуданд.
Ба Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар ин давра, аз ҷониби адибону шаҳрвандон 86 нусха китоб тўҳфа гардид. Инчунин, аз мағозаи «Дунёи Дониш» 149 нусха китоб, «Олами китоб» 161 нусха китоб ва аз нашриёти «Адиб» 43 нусха китоб харидорӣ гардид.
Дар ин муддат ба фонди китобхона 439 нусха китоб ба маблағи 6563 сомонӣ ворид шуд ваба маблағи 5230 сомонӣ тавассути «Почтаи тоҷик» ба матбуоти даврӣ (37 номгўй) обуна шудааст.
Аз аввали соли 2018 кормандони китобхона ба 8866 нафар хонанда хизмат расониданд, ки онҳо 35464 маротиба ба китобхона ташриф оварда 13550 нусха китоб гирифтаанд.
Ҳоло захираи китобии китобхонаро 106675 нусха китоб, аз ин 106432 нусха китобҳои чопӣ, 131 нусха бо 107 номгўй китобҳои таълимӣ дар шакли электронӣ ва 112 нусха бо 110 номгўй китобҳои гўё фаро гирифтааст.
Ба китобхонаҳои ВМКБ дар ин давра 3817 адад китоби тозанашр ворид шудааст, ки аз он 2787 адад ройгон мебошад.
Китобхонаи бачагонаи вилоятии ВМКБ намоиши китобӣ «Об барои рушди устувор», «Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Нашъамандӣ душмани ҷомеа» ба намоиш гузошт. Инчунин, бахшида ба «Рўзи Модар» вохўрии собиқадори китобхона бо хонандагон ва намоиши китобӣ «Бе зан зиндаги нест»-ро ташкил намудаанд.
Бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т. Асирии вилояти Суғд 409 адад чорабиниҳои мухталиф бо иштироки 25776 нафар доир гардиданд. Аз ҷумла, 5 мизи мудаввар, 37 маҳфили адабӣ, 11 вохўри, 10 конфронси илмӣ, 21 сўҳбат, 11 рўйхати тавсиявӣ, 19 хулосаи библиографӣ, 28 картотекаи мавзўгӣ, 2 озмун, 84 намоиши китобӣ, 8 маротиба муаррифии китобҳои тозанашр, 18 гўшаи тарғиботӣ-ташвиқотӣ, 6 ҷувздони электронӣ, 19 намоиши слайдӣ, 20 лавҳаи китобдорӣ ва намоиши китобию матбуотӣ ташкил ва доир намудаанд. Дар китобхонаи мазкур 165 ҳазор маводҳо дар шакли электронӣ мавҷуд буда, аз он миқдор 35 ҳазорашро китоб ташкил медиҳад.
Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А.Шукўҳӣ бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ, зодрўзи адибону шахсони барўманди кишвар, аз ҷумла, ба истиқболи 25-солагии таъсисёбии Рўзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Рўзи модар, ҷашни Наврўзи ҷаҳонӣ, Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи “Китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон” ва даҳҳо дигар чорабиниҳои гуногун баргузор карда шуданд.
Ба китобхонаҳои Ашт дар ин давра ба маблағи 2940 сомонӣ 105 адад адабиёти нав харидорӣ гардид.
Ҳамзамон, бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ барои харидории мизу курси барои китобхонаи деҳаи Зеробод ба миқдори 12 ҳазор сомонӣ, китобхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 11 ҳазору 350 сомонӣ рафҳои китобмонӣ, ба муассисаҳои фарҳангӣ ба маблағи 34 ҳазору 532 сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ карда шуд. Ба китобхонаҳои ноҳия ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ адабиёти тозанашр харидорӣ шуд.
Китобхонаи марказии шаҳри Бўстон ба маблағи 1250 сомонӣ адабиёти тозанашр харидорӣ гардида, барои харидорӣ намудани лавозимоти конселярӣ 1800 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Таъмири бинои китобхона-филиали №3-и шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ба маблағи 258 ҳазору 609 сомонӣ ҳазор сомонӣ ҷараён дорад. Ба китобхонаи бачагонаи ноҳияи Деваштич ба маблағи 2100 сомонӣ 10 адад мизу курсӣ харидорӣ ва дар умум барои таъмири муассисаҳои фарҳанги ноҳия ба миқдори 16 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Ба китобхонаи марказии шаҳри Исфара таҷҳизотҳои гармидиҳанда (кондинсионер) бо дастгирии соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба маблағи 6000 сомонӣ харидорӣ карда шуда, бинои китобхонаи марказӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Ба китобхонаи марказии шаҳри Конибодом 1 адад принтер ройгон тўҳфа гардида, барои китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен ба мабалғи 1500 сомонӣ 2 адад рафи китобмонӣ ва 4 адад курсиҳои нишаст ба маблағи 720 сомонӣ харидорӣ шуд.
Дар китобхонаҳои оммавии ноҳияи Рўдакӣ 54 нафар китобдорони соҳибкасб фаъолият доранд. Аз онҳо 9 нафарашон бо маълумоти Олӣ , 41 нафарашон бо маълумоти миёнаи тахассусӣ буда, ва 4 нафарашон бо маълумоти миёна буда, захираи китобҳо 232599 нусхаро ташкил медиҳад, ки ҳар сол зиёда аз 23689 нафар хонандагони доимӣ аз онҳо истифода мебаранд. Аз шумораи умумии захираи китобӣ 91587 нусха бо забони тоҷикӣ, 108538 нусха бо забони русӣ ва 32454 нусха китоб бо дигар забонҳоро ташкил медиҳанд.
Фонди Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ дар давраи ҳисоботӣ бо 1037 нусха китобу маҷаллаҳои тозанашр мукаммал гардид.
Дар ин давра теъдоди хонандагон ба 8918 нафар (дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ ба 5968 ва Китобхонаи муосир 2950 нафар) расид, ки ба онҳо 54203 нусха китоб (дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ ба 53227 нусха ва Китобхонаи муосир 976 нусха) манзур гардонида шудааст.
Дар китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш.Шоҳин намоиши китобӣ таҳти унвони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллатанд», дар китобхонаи бачагона ва китобхона филиалҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуъҳои «Ватандорӣ шараф аст» ва «Як каф дуои модар», дар ноҳияи Восеъ озмунҳои «Сабқати зеҳнӣ» ва «Китобхони беҳтарин» миёни дастаҳои муассисаҳои таълимӣ ҷараён дорад.
Бо дастгирии Кумитаи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи беш аз 2000 сомонӣ 102 номгўи китобҳо ва «Корвони китоб»-и вазорат ҳаҷми 21472 сомонӣ 672 номгўи китоб дастрас гардиданд.
Дар китобхонаҳои шаҳри Ҳисор 447 адад намоиши китобӣ, 179 адад сўҳбат, 158 адад маҳфилҳои адабӣ, 1076 адад хулосаи библиографӣ ва 62 вохўриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат, шоирону нависандагон ва шахсони барўманд дар мавзуъҳои мубрами рўз баргузор гардиданд.
Дар деҳаи Роғуни ҷамоати деҳоти ба номи И.Ҳалимови ноҳияи Нуробод бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Пудинаев Давлатқадам бинои нави китобхона ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар ноҳияи Лахш бинои нави китобхона дар деҳаи Оқсой ва клуб дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Лахш ба истифода дода шуд.
Фаъолияти муассисаҳои клубӣ. Бахшида ба ёдбуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дустмурод Алиев дар филармонияи халқии ноҳияи Файзобод маҳфили бадеӣ таҳти унвони “Ёди ҳофиз” хотирмон баргузор гардид.
Ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон», ансамбли «Эҳё» ва бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ дар ҳайати 23 нафар дар барномаи консертӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон баромад намуданд.
Дар ноҳияи Роштқалъа озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Боз оҳанги тор меояд» гузаронида шуд.
Дар ноҳияи Ховалинг намоишномаи «Наврўзи ҳунар» бо саҳнаҳои «Ҳунармандон», намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва бо базми санъаткорон доир шуд. Дар муассисаҳои клубии ноҳияи Темурмалик вохўрӣ таҳти унвони «Ақди никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои ногувори он аз нигоҳи тиб» баргузор карда шуд.
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат озмуни умумишаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» ва «Оилаи беҳтарин» гузаронида шуд.
Дар ноҳияи Файзобод озмуни ноҳиявии наттоқони ҷавон таҳти унвони «Сеҳри сухан», намоиши намоишномаи Ф.Нуров бо номи «Муҳаббати модар» бахшида ба Рўзи модар, намоиш ва барномаи консертии ҳунармандони Филармонияи халқӣ бахшида ба Рўзи ҷанговарони байналмилал дар ҳудуди 9 ҷамоати шаҳраку деҳот баргузор гардиданд.
Дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷониби гурўҳи тарғиботии бахши фарҳанг оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷамоати деҳоти Нўшор, Ширинчашма, М.Шогадоев, Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби Об вохўриҳо гузаронида шудааст.
Фаъолияти осорхонаҳо.
Бахшида ба Рўзи байналмилалии осорхонаҳо санаи 17 май дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конференсияи илмӣ таҳти унвони “Осорхонаҳо — макони таъриху тамаддун” баргузор гардид. Бахшида ба ин ҷашн дар ҳамаи осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ “Шоми осорхонаҳо” доир гардида, аз ҷониби масъулини осорхонаҳо қабули тамошобинон ройгон доир карда шуд.
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоятӣ бахшида ба Рўзи ҳифзи ёдгориҳо ва зиёратгоҳҳо бо иштироки таърихшиносон, мутахассисони соҳа, директорони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва нозирони ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ конференсияи илмии “Ҳифзи асолати осори миллӣ” доир кард.
Дар толори Вазорати фарҳанг, осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнии шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо мақсади созмон додани намоишгоҳҳои экспозитсионӣ тибқи талаботи осорхонашиносии муосир ва ҷалби бештари сайёҳону тамошобинон ба объектҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷо ба ҷо гузоштани ашё дар осорхонаҳо, инчунин оид ба таҳияи феҳристи давлатии фонди осорхонаҳо семинари омўзишӣ гузаронида шуд.
Дар вилояти Хатлон 19 осорхона фаъолият доранд, ки аз инҳо 3 адад дар ҳолати таъмирталаб мебошад, осорхонаи ноҳияи Ёвон, Носири Хусрав ва Шаҳритуз, инчунин осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон дарҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Вахш, Бохтар, Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва Данғара осорхонаҳои таъриху кишваршиносӣ таъсис дода нашудааст.
Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ таъсис дода шуд.
Дар ВМКБ 3 осорхона ва 8 хона-осорхона фаъолият мекунад. Имсол ба фонди осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 197 нигораҳои нав дохил гардиданд.
Аз ҷониби директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор 2 дастури методӣ бо номи «Тарзи корбарӣ дар Осорхона» ва «Фаъолияти кории кормандони техникӣ», 5 мақолаи тадқиқотӣ дар мавзўи «Табари мисин дар илми бостоншиносӣ», мақолаҳои Забарова Марҳабо дар мавзўи «Ҳунарҳои мардумӣ» ва 3 мақолаи публисистии корманди Осорхона Қурбонова М. дар мавзўҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ ва публисистӣ дар рўзномаи маҳаллии “Ҳисори Шодмон”, “Ҳисори зарнисор” ва “Самак” нашр гардиданд.
Дар ин муддат ба осорхонаҳои шомили Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кўлоб» 9821 нафар тамошобин ташриф овардаанд.
Дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Панҷакент 68220 номгўй ашёи осорхонавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ маҳфуз буда, 17225 адади онҳо дар Фонди асосӣ ва 11919 адад дар Фонди ёрирасон ва 39076 адад нигораҳо дар экспозитсияи толорҳо нигоҳ дошта мешаванд. Дар ин давра — 16 адад ашёи арзиши таърихию фарҳангидошта аз қабили зарфҳои мисӣ, дастнависҳо, сўзанӣ, ороишоти нуқрагии занона, ҷома ва ғайра аз ҷониби комиссияи харид ба Хазинаи осорхона ворид гардиданд. Инчунин 1 адад чароғи сиёҳ ва 9 адад расмхо оид ба 25 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ ройгон ба Осорхона тўҳфа гардиданд.
Ба Осорхона дар маҷмўъ 2251 нафар тамошобинон ташриф оварда, 124 сайрҳои илмӣ гузарониданд. Аксарият меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ аз мамлакатҳои Япония, Олмон, Корея, Эрон, Англия ва ғайра пас аз боздид ҷиҳати сатҳи касбии экспозитсионӣ ва ороишӣ, дизайни толорҳо ва хизматрасонии кормандон дар китоби қайди таассуроту хотирот изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” маҳфили фарҳангӣ дар мавзӯи “Шоми суруди миллӣ”, бо иштироки хонандагони мактаб-интернати мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ баргузор гардид. Дар маҳфил зиёда аз 160 нафар меҳмонон, аз ҷумлаи аҳли фарҳанг ва санъат, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок доштанд.
Фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳо. Яке аз падидаҳои нав ин таъсисёбии ансамбли тарона ва рақси “Садои Лахш” мебошад, ки дар як муддати кўтоҳ дар байни мардуми ноҳия ва берун аз он бо ҳунарнамоии ҷаззобашон мақбули тамошобинони сершумор гардиданд.
Дар театри халқии ноҳияи Рўшон намоишномаҳои «Марҳабо» ва «Аскари қаторӣ» пешкаши тамошобинон гардиданд.
Ҳунармандони театри халқии ноҳияи Дарвоз дар баргузории рўзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон бо намоишномаи «Ҳукми модар» баромад намуданд.
Ансамбли тарона ва рақси «Умед»-и ноҳияи Шуғнон дар ҷамоатҳои деҳот барномаҳои фарҳангии ҷолибро пешкаш намуданд.
Санъаткорони дастаи ҳунарии эҷодии ҷавонон «Эҳё» бахшида Рўзи Модар дар шаҳри Хоруғ барномаи рангин таҳия намуданд.
Театри халқии шаҳри Ҳисор намоишномаи дупардагии «Ватан пайванд бар ҷони ману ту» ва композитсияи адабӣ-бадеии «Дасти дуои модар»-ро ба саҳна гузоштанд.
Фаъолияти боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ. Ба истиқболи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангу фароғатии «Гулзори маърифат» дар ду давр доир гардид.
Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 августи соли 2017, №505 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола дар мавсими тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018” дар мавсими тирамоҳи соли 2017 ва ба ҳолати 23 майи соли 2018 дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои соҳаи маориф, фарҳанг ба миқдори 72 425 бех дарахту буттаҳо ва 2 442 956 бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шуда, дар майдони 337 557 метри мураббаъ майсакорӣ шуд.
Ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани боғугулгаштҳо, кӯчаю хиёбонҳо ва афзун намудани шумораи дарахтони ороишию экзотикӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018 ба миқдори 6602 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуд, ки аз он 4916 бех дарахтони ороишию сояафкан аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ватеъдоди 1686 бех дарахту буттаҳо аз Ҷумҳурии Сербия дастрас карда шуда дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр шинонида шуд.
Дар вилояти Суғд 20 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд буда, аз ин миқдор 5 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ (шаҳру ноҳияи Гулистон 2 адад, Истаравшан, Истиқлол 1 адад, Зафаробод) аз фаъолият бозмонда, ҷиҳати ободонӣ ва фаъолияти мунтазами онҳо корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба 15 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунии ҳудуди боғҳо зиёда аз 46000 адад гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишию ҳамешасабз ба маблағи зиёда аз 122000 (як саду бисту ду ҳазор) сомонӣ харидорӣ ва шинонида шуданд. Барои ободонӣ ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба маблағи 104000 (яксаду чор ҳазор) сомонӣ ва ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Юсуф Вафои ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ харидорӣ карда шуд.
Дар моҳи май боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Норак барои истироҳату фароғати меҳмонон сайёҳон, аҳолии шаҳр ва кӯдакону наврасон чархофалакҳои “Офтобак”, “Сюрприз”, лимпопо, майдончаи қаторасаворӣ васл карда шуданд. Инчунин аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ “Чархи назарандоз” ба маблағи 739700 сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ гардида ба истифода дода шуд.
Ташкили студияи сабти овоз ва ҷудо гардидани воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ. Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат гурӯҳҳои ҳунарӣ бо маблағи 62530 сомонӣ бо асбобҳои нави мусиқӣ, ба маблағи беш аз 98902 сомонӣ бо студияи сабти овоз муҷаҳхаз бо технологияи навтарин аз Ҷумҳурии Олмон, бо маблағи беш аз 1 миллиону 190 ҳазор сомонӣ бо либосҳои саҳнавӣ бо тарҳи зебои миллӣ таъмин гардиданд,
Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ дар бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ. Бо қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 14.02.2018, №82 барои таъмири клуби Ҷамоати деҳоти Ғозиён 200 ҳазор сомонӣ, барои таъмири хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Хистеварз 320 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Истаравшан барои таъмиру тармими бинои муассисаҳои фарҳангӣ 20 ҳазор сомонӣ, дар ноҳияи Спитамен; барои таъмири клуби №2-и ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев аз буҷаи мақомоти маҳаллӣ 17 ҳазор сомонӣ, дар шаҳри Хуҷанд; масҷиди “Нури Ислом” бо қарори Раиси шаҳр аз 31 январи соли 2018 ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронида шуда, корҳои таъмир ва тармим ба роҳ монда шудааст.
Дар бахши фарҳанги ноҳияи Зафаробод утоқи кории хонаи фарҳанги «Зафар» ба маблағи 1200 сомонӣ, Қасри фарҳанги шаҳри Исфара, утоқҳои кории ансамбли халқии “Шашмақом” ва ансамбли рақсии “Зумрад” ба маблағи 33 ҳазору 500 сомонӣ, дар шаҳри Истаравшан сохтмони Амфитеатр дар Қалъаи Муғ, дар шаҳри Истиқлол; барои таъмири Қасри фарҳанг 146 ҳазор сомонӣ, Хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастҷоҳ ба маблағи 380 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуданд.
Дар ноҳияи Шаҳристон сохтмони Қасри фарҳанг ба итмом расонида шуд. Инчунин дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст бомаром ҷараён дорад.
Мувофиқи барномаи рушди муассисаҳои фарҳанг барои солҳои 2016-2020 сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияҳои Ванҷ ва Шуғнон оғоз ёфта, соли 2018 ба итмом хоҳанд расид. Дар ноҳияи Ванҷ 22 ҳазор сомонӣ барои таъмири пурраи хонаи фарҳанги деҳаи Гишхун, 8 ҳазор сомонӣ барои хонаи фарҳанги деҳаи Ғумаст ҷудо гардид.
Аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо маблағи 3,5 млн. сомонӣ зина ба зина вусъати тоза пайдо мекунад.
Камбудиҳои муассисаҳои фарҳангӣ. Дар баробари бурдбориҳо дар фаъолияти муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ камбудиҳо низ ҷой доранд, ки барои фаъолияти пурсамари онҳо монеаҳо эҷод мекунанд.
Аз 502 адад китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон — Восеъ, Ёвон, Кӯлоб, Ховалинг, Балҷувон, Муъминобод, Бохтар, Норак, Ш. Шоҳин, Панҷ ва Темурмалик — 29 адад бинои китобхонаҳо таъмирталаб буда, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Муъминобод, Ҷайҳун ва Бохтар 6 адад биноҳои китобхонаҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки дар муқоиса нисбати соли 2017 шумораи китобхонаҳои таъмирталаб 6 адад кам мебошад.
Бисёр аз биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ таъмирталаб буда, ба таъмири куллию ҷорӣ ниёз доранд, аз ҷумла: клубҳои деҳаи Хушекат, шаҳраки Зарафшон №2, клуби деҳаи Фатмев, деҳаҳои Шаватки поён, Похут, Дарғ, Зеробод, Мадм, хонаи фарҳанги деҳаи Рарз ва китобхонаҳои деҳаҳои Хушекат, Қум, Томин, Шамтуч, Шаватки поён, Пасруд, Сурмашк, Каздони ноҳияи Айнӣ, Китобхонаи марказӣ ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, хонаҳои фарҳанги ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Меҳробод, клубҳои деҳаҳои Мулломир, Ҷўлихоҷа, Даҳана, Суҷа, Хиштхона, Бободархони ноҳияи Ашт. Қасри фарҳанги шаҳри Бўстон, клуби «Ҷавонӣ»-и шаҳраки Навгарзани шаҳри Гулистон, хонаи фарҳанги деҳаҳои Далёни поён, Нуробод, клубҳои деҳаҳои Даштикон, деҳаи Хўҷа Тоҳир, китобхонаҳои филиали №3 деҳаи Истиқлол, филиали №14 деҳаи Лолазор, филиали №21 деҳаи Дархон, филиали №23 деҳаи Даштикони ноҳияи Деваштич, хонаҳои фарҳанги Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Бахт, Ҷомӣ ва клуби деҳаи Хайрободи ноҳияи Зафаробод, 37 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили клубҳо, китобхона-филиалҳо, хонаи фарҳанг, мактабҳои санъат ва рассомии бачагонаи шаҳри Исфара, китобхонаи марказӣ, клубҳои деҳаи Вогад, Ҷамоати деҳоти Сабристон, деҳаи Лакат, Ҷамоати деҳоти Зарҳалол, хонаи фарҳанги деҳаи Ҷарқўрғон, хонаҳои фарҳанги №1 ва №2 маркази шаҳр, китобхонаҳои шаҳрӣ, бачагона, китобхона-филиалҳои №9 деҳаи Боғкалон, №10 деҳаи Тапқоқ, №20 деҳаи Навгандаи шаҳри Истаравшан, бинои китобхонаҳои деҳаҳои Оббурдон, Мадрушкат, Худгифи боло, Ғузни ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, бинои мактаби бачагонаи санъат, клуб ва китобхонаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, бинои хонаи фарҳанги №4 Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, хонаи фарҳанги №3 деҳаи Панҷруд ва клуби №3 деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ, филиали китобхонаҳои №1 ва №3 шаҳрӣ, №12, 13, 14, 20, 21, 28 шаҳри Панҷакент, се муассисаҳои фарҳангӣ (клуби №4 деҳоти Истиқлол, китобхона-филиали №3 деҳаи Андарсой, китобхонаи №22 деҳаи Метар) таъмирталаб буда, 4 муассисаҳои фарҳангӣ (хонаи фарҳанги деҳоти Тағояк, китобхона-филиали №6 деҳоти Тағояк, мактаби санъати ба номи М.Пардаев)-и ноҳияи Спитамен, хонаи фарҳанги №5 деҳаи Зарафшон, китобхонаи марказӣ, китобхона-филиали №20 деҳаи Заркор, китобхона-филиали №1 деҳаи Деҳмой, китобхона-филиали №13 деҳаи Қўрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, бинои муассисаҳои клубӣ, хонаҳои фарҳанг ва китобхонаҳои ноҳияи Шаҳристон (клубҳои деҳаҳои Чашмасор, Ваҳдат, Себзор, Истиқлол, хонаҳои фарҳанги деҳаҳои Навкент, Ободӣ, китобхонаҳои деҳаҳои Турсунзода, Ҳисор, Гулистон, Себзор, Навкент, Чашмасор, Саробӣ), хона-осорхонаи Шириншоҳ Шотемури ВМКБ, маркази фарҳангӣ-фароғатии №7 ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор. Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии «Курушкада»-и ноҳияи Спитамен ба бинои алоҳида эҳтиёҷ доранд;
Дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии мамлакат норасоии нақлиёти хизматӣ, созҳои миллии мусиқӣ, таҷҳизоти компютерӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, рафҳои китобмонӣ, мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ба назар мерасанд, аз ҷумла: бахши фарҳанг, хонаи фарҳанги марказӣ, ансамбли эстрадии “Садои Шайдон”, ансамбли “Тарона ва рақс”-и ноҳияи Ашт.
Муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ашт ба устоди рақс, хормейстер, актёри саҳна, омўзгорони фанҳои навозандагии дойра, пианино ва рубоб ниёз доранд;
Дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ масъалаи таъсиси мактаби бачагонаи мусиқӣ то ҳанўз ҳалли худро наёфтааст.
Квотаҳои Президентӣ барои донишкада, консерватория дар мувофиқа бо бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дода шаванд.
Айни ҳол дар вилояти ВМКБ 334 адад муассисаҳои фарҳангӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Аз онҳо 77 адад муассиса таъмирталаб буда, 21 адад садамавӣ мебошанд. Ду муассиса дар хона-вагон, 10 адад дар хонаи шахсӣ, 2 адад дар мактабҳо ва 1 адад дар бунгоҳ ҷой дода шудаанд.
Дар ВМКБ таъсис додани коллеҷи санъат.
Ба шабакаи интернет пайваст намудани ҳамаи муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
Ба ғайр аз китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор дар дигар китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои истифодабарандагони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ (маъюбон) тифлокабинетҳо таъсис нагардидаанд;
Бисёре аз муассисаҳои фарҳангӣ сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ надоранд;
Барои харидории адабиёти тозанашр, мизу курсӣ, рафҳои китобмонӣ, матбуоти даврӣ, созҳои мусиқӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва сарулибоси саҳнавӣ, арғунчаку чархофалакҳо ва дигар таҷҳизоти замонавӣ маблағи зарурӣ ҷудо намегарданд;
Ба ғайр аз шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Варзоб дар дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳисоби азнавтақсимкунии воҳидҳои кории мақомоти маҳаллӣ ҷудо нагардидаанд, (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53 аз 9.02.2016);
Ҷиҳати бунёди китобхонаҳои электронӣ дар назди китобхонаҳои марказӣ чораҳо намеандешанд;
Ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии кормандон бо ҷалби мутахассисони варзида семинарҳои омўзишӣ баргузор намегарданд.

III. ТАБЪУ НАШР ВА МАТБУОТИ ДАВРӢ

Муассисаҳои нашриявии вазорат дар маҷмўъ 34 номгўй китоб, бо теъдоди 234 ҳазору 500 нусха адабиёти бадеӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расонданд. 
Дар Муассисаи нашриявии “Адиб” 35 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Бо маълумоти олии тахассусӣ 33 нафар, бо маълумоти миёнаи умумӣ 1 нафар, бо маълумоти миёнаи техникӣ 1 нафар фаъолият мекунанд.
Муассисаи нашриявии “Адиб” дар нимсолаи аввали соли 2018 — 5 номгўй бо теъдоди 5000 нусха ба табъ расонд, ки маблағи умумиашон 112000,00 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби даромадҳои дохилии нашриёт ва сарпарастон 4 номгўй бо теъдоди 2900 нусха китоб ба табъ расонд, ки 140435,00 сомониро ташкил дод. Дар ин муддат бо тамғаи нашриёт 8 номгўй бо теъдоди 2500 нусха китоб рўи чопро дид. Яъне, то ин дам 17 номгўй бо теъдоди 10400 нусха китоб ба нашр расид. Дар ин давра Муассисаи нашриявии «Адиб» ба корхонаҳову ашхоси инфиродӣ ба тариқи нақдӣ 66015,58 сомонӣ, ғайринақдӣ 57746, 28 сомонӣ ва дар маҷмўъ 123361,90 сомонӣ китоб ба фурўш баровард.
Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар шаш моҳи соли 2018 ду номгўй китоб бо теъдоди 2700 нусха ба табъ расонд. Аз ҷумла китобҳои “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” ҷилди 16 бо забони тоҷикӣ, бо теъдоди 500 нусха, ҷилди 17 бо теъдоди 1000 нусха, китоби “Независимость Таджикистана и возрождение нации” ҷилди 15 бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расонид. Дар ин муддат Муассисаи нашриявии “Ирфон” теъдоди 125 китобро ба маблағи 7907,00 сомонӣ фурўхта даромад гирифтаст.
Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» се номгўй китоб бо теъдоди 5500 нусха китобҳои нақшавиро ба табъ расонид. Аз ҷумла, китобҳои “Аҳмади Девбанд” 2500 нусха, Повести “Ятим” бо теъдоди 1000 нусха, “Мактаби кўҳна” ҷузъи чопӣ, бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расонд, ки дар маҷмуъ 5500 нусха китобро ташкил медиҳад.
Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик китоби «Энсиклопедияи миллии тоҷик»-ро бо теъдоди 5000 нусха китоби “Донишномаи Донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои карни 21” бо теъдоди 1000 нусха, “Фикҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ” бо теъдоди 2000 нусха, 69,3 ҷузъи чопӣ, китобҳои “Маҷмўи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ”, китоби “Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020” ва “Ёдгориҳои эҳёшудаи Роҳи бузурги абрешим”-ро бо теъдоди 200 нусхагӣ ва китоби “Шоҳписари Хайём”-ро бо теъдоди 1000 нусха, китобчаи “Тоҷикон”-и М.С. Элфинстон бо теъдоди 2000 нусха ба табъ расонд. Дар маҷмуъ ҳашт номгўй китоб, бо теъдоди 11600 нусха нашр намуд. Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик”дар доираи Намоиши 3-ми китоби ЕвроОсиё, ки рўзҳои 25-28 апрели соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик барои таҳияи китоби “Донишномаи кўдакон ва наврасон” соҳиби “Шоҳҷоиза” гардида, дар номинатсияи “Фарҳанг ва санъат” китоби дигари Сарредаксия – “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик”бо “Дипломи дараҷаи 1” сазовор дониста шуд.
Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар самти тарғибу ташвиқи китоб ҳамчун манбаи дониш дар чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳ, Рўзи модарон, Рўзи матбуоти тоҷик, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни кишвар, ҷашни байналмилалии Наврўз, Фестивали ҷумҳуриявии китоби бачагона ва дигар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо ташкил ва баргузор намудани намоишу фурўши китобҳо иштирок намуд. Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар ин муддат бо як қатор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба харидории китоб ва дигар маводи чопӣ қарордодҳо ба имзо расонид. Дар амбори корхона 143811 адад китоб ба маблағи 997468 сомонию 13 дирам маҳфуз буд. Тайи моҳҳои январ-майи соли 2018 — 1204 нусха китоб ба маблағи 25135 сомонӣ ҷиҳати фурўш ворид гардид. Дар панҷ моҳи соли равон 13232 нусха китоб ба маблағи 40999 сомониву 15 дирам фурўхта шудааст.
Муассисаи давлатии “Агентии миллии СБРСК — Хонаи китоби Тоҷикистон” 28 нафар корманд дорад, ки аз инҳо 3 нафар кормандони техникӣ, 13 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 7 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 5 нафар бо маълумоти миёна, 1 нафар бо маълумоти миёнаи умумии соҳавӣ ва 5 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси ғайритахассусӣ фаъолият менамоянд. Фаъолияти хешро аз рўйи Нақшаи кории муассиса ва супоришҳои Вазорати фарҳанг ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
— расонидани ёрии методӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои меёриву ҳуқуқӣ оид ба табъу нашр, тарзи дурусти истифодаи ISBN, интиқоли нусхаҳои ҳатмӣ ва гирдоварии маводи тозанашр аз муассисаҳои нашриявии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
— таъмини нашриётҳо ва чопхонаҳо бо шаҳодатномаи узви комилҳуқуқи «Агентии миллии СБРСК — Хонаи китоби Тоҷикистон» барои гирифтани рақами стандарти байналмилалии китоб ISBN;
— назорат ва омўзиши фаъолияти нашриётҳо ва чопхонаҳо тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» аз 15-уми декабри соли 2011;
— таҳия ва нашри “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давраи моҳҳои июл-сентябр ва октябр-декабри соли 2017, январ-март ва апрел-июни соли 2018.
ҶСК “Матбуот” 61 нафар корманд дорад, аз инҳо бо маълумоти олии умумӣ 44 нафар, бо маълумоти олии тахассусӣ 4 нафар, бо маълумоти миёнаи махсуси соҳавӣ 4 нафар, бо маълумоти миёнаи техникӣ 9 нафар фаъолият менамоянд, дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 106610 сомонӣ маҳсулоти полиграфӣ истеҳсол намудаст. Корхона дар ин давра 4 номгўй китобҳои дарсиро бо теъдоди 204300 нусха, 35,25 ҷузъи чопӣ ба чоп расондаст.
Аз ибтидои соли равон шумораҳои рўзномаю маҷаллаҳои соҳавии Вазорати фарҳанг — «Тоҷикистон», «Фирўза», «Истиқбол», «Илм ва ҳаёт», «Чашма», «Хорпуштак» ва «Баҳори Аҷам»-у «Анбоз» дар мўҳлатҳои пешбинишуда нашр шуданд. Хабару мақолаҳои дар ин нашрияҳо батабърасида ба тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин масоили фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон ва мубориза алайҳи зуҳуроти нангини ҷомеа, амсоли ришвахорию ришваситонӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ нигаронида шуда буданд.
Муассисаи давлатии “Рўзномаи “Баҳори Аҷам” 14 нафар корманд дорад, аз инҳо 3 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 11 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ фаъолият менамоянд. 18 шумораи рўзнома бо сифати баланд ва бо фарогирии маводҳои инъикосгари рўйдодҳои муҳими рўз ба табъ расонд.
Муассисаи давлатии “Рўзномаи Анбоз” 10 нафар корманд дорад, азинҳо 9 нафар бо маълумоти олии умумӣ ва 1 нафар бо маълумоти миёнаи умумии техникӣ фаъолият менамояд. Дар ин муддат панҷ шумораи рўзномаро аз чоп баровард, ки фарогири мавзўъҳои дархурди кўдакону наврасон ва талаботи имрўзи ҷомеаи ҷаҳону Тоҷикистон мебошад. То 20 феврали соли 2018 ба рўзномаи «Анбоз» дар умум 2000 нафар обуна шудаанд. Арзиши як донаи рўзнома 1,5 сомонӣ буда дар як сол, ки 9 шумора чоп мешавад, 27000 сомониро ташкил медиҳад, ки он барои пардохти чопхона сарф мегардад.
Рўзномаи «Анбоз» моҳе як маротиба бо теъдоди 2000 нусха ва ҳар шумора дар 16 саҳифа чоп мешавад.
Муассисаи давлатии «Маҷаллаи Истиқбол» 14 нафар корманд доад, аз инҳо 1 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 9 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 4 нафар бо маълумоти миёнаи техникӣ фаъолият менамоянд, дар се моҳ як бор ба нашр мерасад. Маҷалла бо андозаи 60-84, теъдоди 600 нусха чоп мешавад. Ҷузъи чопиаш 13,5 коғазаш ҷилодор, муқовааш ранга мебошад. Азбаски маҷалла барои ҷавонону наврасон нашр мешавад, аҳли эҷоди маҷалла талош мекунанд бештар ба мавзўъҳое рўй оранд, ки ҳаёти ин қишри ҷомеаро фаро гирад ва ҳам аз ҷиҳати муҳтаво барояшон судманд бошад.
Муассисаи давлатии маҷаллаи “Фирўза” 14 нафар корманд дорад, аз инҳо 1 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 11 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 2 нафар бо маълумоти миёнаи техникӣ фаъолият доранд. Муассисаи давлатии маҷаллаи “Фирўза” дар шаш моҳи соли 2018 мутобиқ ба рисолати эҷодии хеш дар баробари инъикоси муҳимтарин рўйдодҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар аз ҳаёти ибратомўзи бонувони дар корҳои давлатӣ ва ҳаёти оилавию соҳибкорӣ муваффақ ва занони шинохтаву ҳунарманд мақолаҳои хонданбоб ба нашр расонданд. Муассисаи давлатии маҷаллаи «Фирўза» дар ин давра сиёсати хирадмандона, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва қарору дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда гирифта, мутобиқ ба талаботи онҳо фаъолияти эҷодии худро ба роҳ монд. Дар нимсолаи соли 2018 се шумораи маҷалла нашр шуда, ба обуначиён расонида шуд.
Дар идораи маҷаллаи “Тоҷикистон” 11 нафар коргар фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 9 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 2 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ фаъолият доранд, шумораҳои 1-2, 3-4 ва 5-6-и маҷалларо бо теъдоди 3000 нусха чоп кард, ки дар он зиёда аз 75 мавод интишор ёфтааст.
Муассисаи давлатии Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» 9 нафар коргар дорад, ки аз инҳо 3 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 6 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ фаъолият менамоянд. Муассисаи давлатии Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» нашрияи илмиву оммавии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар як сол шаш маротиба дар ҳаҷми 32 саҳифа, бо теъдоди 1000 нусха чоп ва тариқи обунаву фурўши озод паҳн мегардад. Дар моҳҳои сипаришуда ҳайати эҷодӣ барои омода намудани мавод ва пур кардани саҳифаҳои шумораи №2 , ки дар ин давра нашр шуд ба як қатор донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмиву истеҳсолӣ, коргоҳҳои саноатӣ рафта, бо иншои мавод маҷалларо хонданибоб ба чоп расонида дастраси муштариён гардониданд.
Дар ин давра ташкили обуна ба маҷалла низ ба роҳ монда шуд ва он то охири сол давом хоҳад кард. Барои самарабахш гардидани обуна кормандон ба вилояту ноҳияҳои кишвар сафарбар гардида, бо хонандагони маҷалла вохўриҳо гузарониданд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати фарҳанг дар хусуси дастгирии ниёзмандон дар моҳи шарифи рамазон, аз ҳисоби даромадҳои идора ба муҳтоҷон кўмаки яквақтаина расонида шуд. Ҳамзамон аз ҳолу шароити зисти собиқадорони соҳа огоҳ гардида, баҳри рафъи камбудиҳояшон саҳм гузоштанд.
Маҷаллаи ҷумҳуриявии ҳаҷвии «Хорпуштак» 12 нафар корманд дорад, аз инҳо 3 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 8 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 1 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият менамоянд. Маҷаллаи ҷумҳуриявии ҳаҷвии «Хорпуштак» дар шашмоҳаи аввали соли равон баҳри амалӣ намудани дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва Вазорати фарҳанг корҳои назаррасро ба сомон расонд. Дар ин давра шаш шумораи рангаи маҷалла ба дасти хонандагон расида, бо маводи хонданбоб дар мавзўъҳои муҳими рўз ва суратҳои ҷолиб ба табъ расид. Мазмуну мундариҷаи мавод ва аксҳои чопшуда, пешгирии ифротгароӣ, ришваситонӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар мавзўъҳоро дар бар гирифтааст:
Муассисаи давлатии маҷаллаи «Чашма» бо замимаҳои худ маҷаллаи «Офтобак» ва рўзномаи «Зангўла» дар шаш моҳи соли 2018, 3-4 нусхагӣ ба чоп расиданд. Маҷалла 17 нафар корманд дорад, ки аз инҳо 15 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 1 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ ва 1 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият менамоянд.
Рўзи матбуоти тоҷик 11 марти соли соли ҷорӣ дар бинои “Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” бо лавҳаю навиштаҷот, расму мусаввараҳои марбут ба соҳаи матбуоторо дода шуда, бо иштироки васеи журналистону матбуотчиён бо ташкилу баргузории намоишгоҳи китобу нашрияҳои даврӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ ба таври хотирмон таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур Вазорати фарҳанг як гурўҳ собиқадорони соҳаи табъу нашр ва матбуот, инчунин муассисаҳои нашриявию матбуоти даврӣ ва корхонаҳои полиграфиро бо мукофотҳои пулӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Ба таври дилхоҳ ба фурўш нарафтани китобҳо, дар шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ фаъолият накардани мағозаҳои китоб, ба талаботи замон мувофиқ набудани обуна ба рўзномаю маҷаллаҳои тобеи Вазорат проблемаҳои асосии соҳа мебошанд, ки ҳалли таъхирнопазири худро тақозо доранд.

IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН

Вазорат барои дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2020», «Нақшаи Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 тасдиқ шудааст, тибқи нақша фаъолияташро ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои муқаррароти онҳо корҳои муайянро ба сомон расонд.
Бо мақсади иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020, Барномаи рушди нерў ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» аз 23 декабри соли 2014, №762 тасдиқ шудааст, маълумот таҳия намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод кард.
Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои шахсони нобино ва онҳое, ки қобилияти маҳдуди биноиш доранд ва мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №256 аз 30 майи соли 2018 «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» тасдиқ гардид ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки он 8 июни соли 2018 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Барои дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2020» ва «Нақшаи кори Шўрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳисобот пешниҳод гардид.
Дар ин давра 46 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар барои гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ карданд, ки аксари онҳо дар натиҷаи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо кумаки мақомоти дахлдор ҳал шуданд ва ё мавриди омўзиш қарор доранд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва малакаи кории хизматчиёни давлатӣ 29 майи соли ҷорӣ дар мавзўи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Муҳтавои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ” бо иштироки кормандони вазорат, дарси омўзишӣ гузаронида шуд.
Кормандони вазорат дар ҳайати гурўҳи корӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муайян намудани истеҳсол, интишор, ворид ва паҳншавии маҳсулоти чопии пастсифат, видео ва аудио таъсис дода шуд иштирок намуда, дар нуқтаҳои фурўши маводҳои аудиовизуалӣ, дўконҳои фурўши китоб ва марказҳои бозиҳои компютерии ноҳияҳои Синои ш. Душанбе, Ҳисор ва шаҳри Турсунзода санҷиши муштарак гузарониданд.
Зимни санҷиш аз ҷониби гурўҳи корӣ 3450 адад маводҳои аудиовизуалии ғайристандартӣ, 55 адад китобҳои хусусияти динӣ-ифротӣ, 88 адад китобҳои чопи пастсифат, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў нестанд мусодира гардида, барои ташхис ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Бо мақсади таблиғ ва баланд бурдани дониши ҳуқуқии эҷодкорон ва истифодабарандагони асарҳои муаллифон, китоби «Маҷмўаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф»-ро таҳия намуда, дар рўзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо нашр карданд ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ суҳбатҳо гузарониданд.
Муаллифон ва соҳибҳуқуқоне, ки асарҳояшонро барои сабти ном ба шуъба пешниҳод карданд, аз ҷониби кормандон ва коршиносон баррасӣ гардид ва ба 5 муаллиф шаҳодатномаи муаллифӣ дода шуд.
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои амволии муаллифон, мутобиқи низомнома ва ўҳдадории соҳавӣ аз ташкилоту муассисаҳое, ки асарҳои муаллифонро истифода менамоянд ба маблағи 23875,92 сомонӣ ҳаққи қалам ҷамъ оварда шуд. Аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардашуда ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ФҲИА) (1% ва 25%) 4222,12 сомонӣ, андоз аз даромад (13%) 2115,75 сомонӣ, андоз ба Вазорати молия (10%) 2388,21 сомонӣ, (5%) – барои захираҳои иловагии молиявӣ 1193,74 сомонӣ ва ба муаллифон ба маблағи 13955, 50 сомонӣ ҳаққи қалам пардохта шуд.

V. ИЛМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Бо мақсади ба роҳ мондани низоми ягонаи тайёр намудани мутахассисони соҳа, ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар соҳаи фарҳанг ва санъат, тақвияти базаи моддӣ-техникӣ ва илмию методии муассисаҳои таълимӣ, мукаммалгардонии шаклҳои тарбияи кадрҳо, тақвияти мақоми иҷтимоӣ ва такмили касбияти кормандони педагогӣ ва эҷодии муассисаҳои таълимӣ, рақобатпазирии таҳсилоти соҳа дар асоси «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таҳия гардид. 
Дар оғози сол Комиссия оид ба қабули имтиҳонҳои довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии фарҳангии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Дар натиҷаи кори Комиссия бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи кишвар тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) 30 нафар барои фиристодан ба хориҷӣ кишвар номнавис шуда, моҳи март аввалин имтиҳонро аз фанни забони русӣ супорида, моҳи апрел бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия 22 нафар аз суҳбати пешакӣ гузаштанд. Аз ҷумла 2 нафар ба магистратура.
Бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модарон, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гаштанд. Ҳамзамон, як қатор чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, намоиши асарҳои эҷодӣ, консертҳои ҳисоботӣ, ҷаласаи шурои директорни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои гуногун ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардиданд.
Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфт ва ҷалби наврасону ҷавонони боистеъдод ва фарогирии онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии пойтахти ҷумҳурӣ, аз ҳисоби омўзгорон-мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ гурўҳи корӣ аз 20 то 27 июни соли 2018 дар ноҳияҳои водии Рашт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва раҳнамоиро ба касбҳои соҳаи фарҳанг ва санъат анҷом дода, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд. Дар натиҷа зиёда аз 70 нафар ҷавонписарон ва духтарони синфҳои 9 ва 10-ро барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ номнавис намуданд.
Моҳи майи соли 2018 бори аввал дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода Шўрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии ихтисосҳои фарҳанг ва санъат, доктори фалсафа (PHD), доктор аз рӯи ихтисосҳои «Фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ», «Таҳсилоти мусиқӣ», «Фарҳангшиносӣ», «Кори китобдорӣ» таъсис дода шуд, ки ин барои соҳаи фарҳангу санъати ҷумҳурӣ дастоварди бузург мебошад.
Ҳоло дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат ва ПИТФИ фаъолият менамоянд, ки дар 6 моҳи соли 2018 дар онҳо чандин чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор гаштанд, аз ҷумла, Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Об барои рушди устувор, 2018-2028», семинар дар мавзӯи “Ҳунарҳои мардумӣ ва дурнамои рушди он ” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ”, Намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва педагогии Барим Негматуллоев Намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба “Иди модарон”, Намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба таҷлили Наврўзи байналмилалӣ, “Аз Наврӯз то Наврӯз. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Намоиши корҳои эҷодӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Швейтсария.
Дар давраи ҳисоботӣ донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ дар ҷодаи санъати овозхонӣ ҳам ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Аз ҷумла, аз 11 январ соли 2018 то инҷониб донишҷўи курси якуми шуъбаи «Сурудхонии академӣ» Ғайбуллоева Меҳрона дар Озмуни байналмилалии телевизионии «Ту беҳтарин» («Ты Супер»), бо дархости ширкати телевизионии «Телекомпанияи НТВ» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бомуваффақият иштирок намуд. Донишҷўёни Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз низ дар як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд.
Донишҷўи курси 4-уми шуъбаи «Сурудхонии анъанавӣ» Аловатов Чоршанбе ба даври финалии Озмуни телевизионии «Парвин», ки бо ташаббуси ширкати телевизионии «Баҳористон» баргузор гардид, роҳхат гирифта, яке аз ғолибони ин озмуни бонуфузи телевизионӣ гардид.
20 март дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода аввалин маротиба Рўзи фарҳанг ба таври тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гашт, ки дар он муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъати шаҳри Душанбе фаъолона ширкат намуданд.
Дар 6 моҳаи аввали соли 2018 муассисаҳои таълимии соҳа сессияи тобистонаро ҷамъбаст намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд. Азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар ин давра аз 86 то 93 фоизро ташкил дод, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.
Аз ҷумла, 3 майи соли равон дар ДДФСТ ба номи М.Турсунзода тақсимоти давлатии хатмкунандагони соли таҳсили 2017-2018 баргузор гардид. Аз 176 нафар хатмкунандаи бахши буҷетӣ 170 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифт. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторовро соли равон 53 нафар хатм намуда, ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд.
Аттестатсияи давлатии хатм дар Коллеҷи санъати ш.Кўлоб ба номи К.Қурбонов низ бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Соли 2018 коллеҷро 76 нафар хатм намуданд. Аз ҳисоби 11 нафар донишҷўёни аълохон, барои идомаи таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон 4 нафар, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 4 нафар, Донишкадаи давлатии Данғара 2 нафар ва Донишкадаи давлатии ш. Кўлоб ба номи А.Рўдакӣ 1 нафар фиристода шуданд. 65 нафар донишҷўён мувофиқи дархостҳои пешниҳодшуда ба ҷойҳои корӣ равона карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ПИТФИ 115 кори илмӣ, пажўҳишӣ, тадқиқотӣ ва методӣ, аз ҷумла 8 китобу дастур, 83 мақолаи илмӣ ва 24 мақола дар сомонаи интернетӣ ба табъ расиданд. Ҳамчунин, ходимони илмии пажўҳишгоҳ дар зиёда аз 31 ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, бо маърўзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Маркази мероси фарҳангии тоҷикон 221 адад варақаи инвентаризатсионӣ оид ба касбу ҳунарҳои мардумӣ пур гардида, хазинаи маводи электронӣ доир ба касбу ҳунарҳо дар асоси 230 маводи эмпирикӣ ташкил карда шуд.
Ҳамзамон, дар натиҷаи сафарҳои хидматӣ бо дастрасии маводи гирдоваришуда номинатсияи “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” бо ҳуҷҷатҳояш дар ҳаҷми 35 саҳифа ба забони англисӣ таҳия гашта, ба қароргоҳи ЮНЕСКО фиристода шуд.
Шумораҳои №3, ва №4 (соли 2017) маҷаллаи илмии “Паёмномаи фарҳанг” ба китобхонаи электронии Маскав (РИНЦ) ворид карда шуда, шумораҳои 1 ва 2-и китоби “Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” аз шакли хаттӣ ба шакли электронӣ баргардон шуд. Нусхаи қаблии дастурамали «Либосҳои миллии мардона» таълифу таҳия карда, ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таҳияи Китобномаи шарҳиҳолии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи пажўҳиш, тасвирнигорӣ ва саҳеҳшуда дар ҳаҷми зерин мураттаб гардид: нашри алоҳида – 55 номгўй; маводи дохили китоб – 46 номгўй; маводи матбуоти даврӣ – 3127 номгўй, ҳамагӣ – 3228 номгўй. Ҳамзамон, корҳои таҳқиқотӣ ҷиҳати таҳияи Луғати тафсирии истилоҳоти соҳаи китобдорӣ идома дода шуда, китобномаи «Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар осори олимони ПИТФИ» дар ҳаҷми 295 саҳифа таҳрир карда шуд.
Дар ин давра дар баробари таҳқиқи самтҳои гуногуни ҳаёти фарҳангии ҷомеа ва мероси фарҳанги миллӣ, инчунин дар ташкилу як қатор семинару мизи мудаввар ва конференсияҳои илмиву амалии зерин баргузор шуд:
1. «Эҳёи ҷашни Сада ва аҳамияти таҷлили он».
2. «Нақши занон дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ».
3. «Наврўз – падидаи арзишманди фарҳанги миллӣ».
4. “Ҳунарҳои мардумӣ: мушкилот ва дурнамо”.

VI. ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба анҷом расонида шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. 
Ҳамчунин, вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар шуъба Нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шуд, ки тибқи он дар ҳамаи муассисаҳои зертобеи шуъба тарғиби ёдгориҳои мероси ғайриманқул фаъол гардонида шуда, пешрфти соҳа рўй ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи ҳисоботҳои оморӣ ташрифи меҳмонон ва сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 дар маҷмуъ 30% боло рафтааст.
Вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» вазорат пешниҳодҳои мушаххасро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард.
Бояд қайд намуд, ки имрўзҳо талаботи мутахассисони соҳавӣ ва шаҳрвандон кишвар оид ба санадҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ёдгориҳои мероси ғайриманқули кишвар ба миён омадааст. Вобаста ба масъалаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик китоб-маҷмўаи «Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» аз чоп баромад.
Ҳамчунин, вобаста ба тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангии ғайриманқул тавассути васоити ахбори омма 12 намоишу гузоришҳо, 4 мақола ва 2 тақриз ба рисолаҳои илмӣ таҳия гардид.
Бояд қайд намуд, ки корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба анҷом расонида мешавад.
Тибқи Нақшаи мазкур дар марҳилаи дуюм (солҳои 2016-2020) барои соли 2018, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои меъмории Қалъаи Муъминободи н. Муъминобод, кушодани ҳуҷраҳои Мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳ. Шаҳритус, ҳифзи Қалъаи Данғараи ноҳ. Данғара, барқарорнамоии ҷузъии Муғтеппаи ш. Истаравшан, тармими Мадрасаи Абдуллохони ш. Исфара, тармими Қалъаи Вамари ноҳ. Рўшон ва таҳқиқҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои бостони Ҳулбук, Кофирқалъа ва Вашгирд пешбинӣ шудааст.
Дар асоси мактубу аризаҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ 76 ташхисҳои тахассусӣ ва 1 ҷаласаи Комиссияи экспертизаи бадеиро тибқи дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани арзиши таърихию фарҳангии як адад осори санъати тасвирӣ ба анҷом расид.
Вобаста ба интиқоли ғайриқонунии мероси моддии манқул ва паҳн намудани маводи номатлуб дар ҷомеа дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдори кишвар оид ба пешгирии ин равандҳои номатлуб дар байни аҳолӣ 23 хулосаи ташхисҳои тахассусӣ ва маълумотномаҳоро пешниҳод намуданд.
Боиси таваҷҷуҳ аст, ки аз ҷониби кормандони шуъба ҳангоми бурдани корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ 4 адад мукофотҳои давлатии ҷангӣ ва сиккаҳои тарғибкунандаи равияи фашистӣ аз муомилот берун бароварда шуд.
Ҷиҳати таҳқиқ, омўзиш ва таҳияи харитаи бостоншиносии шаҳру ноҳияҳои кишвар тибқи дархости Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои ҳафриётӣ ва бостоншиносӣ дар ёдгориҳои бостонии «Саразм», «Хўшдилон», «Панҷакенти Қадим ва Санҷаршоҳ», «Ёдгориҳои болооби Зарафшон», ёдгориҳои бостонии ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва омўзиши ёдгориҳои бостонии шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Роғун ва ноҳияҳои Носири Хисрав, Қубодиён, Фархор, Данғара ва Темурмалик 6 иҷозатномаҳо — «Варақаи кушод» дода шуд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар нимсолаи якуми соли 2018 ба муассисаи давлатии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ — «Тоҷик МДМЁ» аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 166750 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ҷиҳати ба идомаи корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои меъмории Қалъаи Муъминободи н. Муъминобод -70 ҳазор сомонӣ, барои корҳои лоиҳакшии мақбараи Хоҷа Нақшрон 29 ҳазор сомонӣ, 20 ҳазор сомонӣ барои барқарорнамоии Қалъаи Муғ ва 20 ҳазор сомонӣ барои пешниҳоди ёдгориҳои нодири кишвар ба ЮНЕСКО равона мегарданд. Корҳои кушодани ҳуҷраҳои Мадрасаи Хоҷа Машҳади н. Шаҳритус, ҳифзи Қалъаи Данғараи н. Данғара мавриди омўзиш қарор доранд.
Ҳамчунин аз ҷониби муассисаи болозикр марҳилаи сеюми барқарор намудани девори қисмати шимолии ёдгории бостонии Ҳулбук ҷараён дорад. Дар соли 2018 ҷиҳати иҷрои корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгории мазкур бо фармоишгар — Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ дар шаҳри Кўлоб ба маблағи 1185,0 млн сомонӣ шартнома баста шудааст. Корҳо аз моҳи май дар объекти мазкур оғоз гардида ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорнамоӣ иҷро шуданд.
Лоиҳаи барқарорнамоии манораи дидбонгоҳ, ободонии ҳудуди ёдгорӣ бо чароғон намудани он дар марҳилаи 4 ба маблағи 5 млн. 583400 сомонӣ омода шуда, ба фармоишгар ҷиҳати гузаронидани ташхис пешниҳод шудааст.
Ҷиҳати «Барқарорсозии Қалъаи Кўлоб дар ҳудуди маҷмааи меъмории 2700 солагии шаҳри Кўлоб» барои иҷрои корҳои лоиҳакашӣ (муҳандисӣ-геологӣ; муҳандисии топографӣ-геодезӣ; корҳои илмию бостоншиносӣ; равшаннамоии беруна) аз 27.03.2018 шартнома бо Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ ба маблағи умумии 378299 сомонӣ имзо расид. Моҳи майи соли 2018 — 10% аз маблағи умумии шартнома барои корҳои лоиҳакашӣ пешпардохт карда шуд. Айни ҳол корҳои муҳандисӣ-геологӣ ва муҳандисии топографӣ ба анҷом расида, корҳои лоиҳакашӣ оғоз карда шудааст.
Оид ба идомаи лоиҳаи «Барқароркунии Қасри ҳокими Ҳисор» бо фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 млн сомонӣ шартнома баста шудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2018 ба маблағи 510 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқароркунӣ иҷро шудааст. Дар айни ҳол лоиҳаи ободонии атрофи Қасри ҳоким ва девори ғарбии даромадгоҳи арки Ҳисор барои гузаронидани ташхис ба фармоишгар супорида шудааст.
Маъмурияти муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» феҳрист ва харитаи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисорро таҳия ва дар рўзномаи «Ҳисори Шодмон» нашр намуда, хатсайри ёдгориҳои меъмории дар тавозуни муассиса қарордошта таҳия гардида дар намои даромадгоҳи мамануъгоҳ ба маърази меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудааст. Кормандони муассиса дар таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ иштироки фаъолона намуда, рўзҳои 19-20 январи соли 2018 дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Курси омўзиши кормандони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандон»-ро бо иштироки намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони шаҳри Ҳисор баргузор намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса 20484 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд. Ҷиҳати корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди муассиса зиёда аз 7000 адад дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ шинонда шуда, вобаста ба таъмини оби хоҷагидорӣ ҳавзи бетонӣ бо ғунҷоишӣ 70м3 сохта ба истифода дода шуд.
Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» самаранок фаъолият намуда, таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва миллии «Садда», «Наврўз», инчунин «Рўзи байналмилалии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» ва таҷлили рўзи ғалаба бар фашизми гитлериро дар сатҳи муносиб ба анҷом расониданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса 13942 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд. Вобаста ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди гулгашти муассиса 202 адад дарахту буттаҳо, инчунин 3200 адад гулҳои ороишӣ шинонда шудааст.
Кормандони маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрўд дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли китобхона ба ифтихори ҷашну санаҳои таърихӣ як қатор чорабиниҳои адабию фарҳангӣ баргузор намуданд. Аз ҷумла, вобаста ба рўзи Артиши Миллӣ, Рўзи Модарон, ҷашни байналмилалии Наврўз базмҳои шеъру тарона, конференсияи илмию адабӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуданд. Дар доираи таҷлили навбатии ҷашни Наврўзи фархундапай як маҳфили бонуфуз таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврўз аст» баргузор карда шуд. Бахшида ба ҷашни Наврўзи ҷаҳонӣ дар байни мардуми маҳал мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши ҳунару дастовардҳои мардумӣ баргузор гардиданд. Ғолибони мусобиқаву озмунҳо аз ҷониби маъмурияти муассиса бо туҳфаҳои молию хотиротӣ қадршиносӣ гардиданд.
Барои ғанигардонидани фонди китобхонаи муассиса аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 68 нусха китобҳои тозанашр бо арзиши умумии 2877 сомонӣ харидорӣ карда шуда, аз ҳисоби туҳфаи муаллифон ва шахсони алоҳида 22 адад китобҳои тозанашр ворид гардид. Ҳудуди муассиса бо шиору овезаҳои ҷадид оро дода шуда, инчунин 122 адад ниҳоли мевадиҳанда ва гулҳои садбарг шинонда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса 3081 нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф оварданд, ки дар таносуб ба соли 2017, 1215 нафар зиёд мебошад.
Муассиса 48 сайрҳои осорхонавӣ ва 15 сайрҳои беруниро бо ҷалби 1080 нафар тамошобинон ва сайёҳони хориҷӣ барпо намуда, ҷашнҳои миллию давлатиро дар сатҳи муносиб ҷашн гирифтанд.
Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни минтақавии «Беҳтарин ҳунарманди мардумӣ»-ро бо ҷалби ҳунармандони моҳири минтақа, «Ҳафтаи фарҳанги вилояти Бадахшон» баргузор намуда, дар маросими тантанавӣ ба иштирокчиён ва ғолибон тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Кормандони илмии муассиса дар доираи таҷлили 10-солаи амал «Об барои рушди устувор — 2018-2028» мақолаи илмии «Об сарчашмаи ҳаёт»-ро дар рўзномаи ноҳиявӣ нашр намуданд. Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди иншооти дар тавозуни муассиса қарордошта мунтазам идома ёфта, дар маҷмуъ 4750 адад дарахту буттаҳои сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонда шуд.
Муассисаи давлатии Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дар ҳамкорӣ бо кормандони институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон 62-адад нигораҳои нав харидорӣ карда шуданд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо кўҳансолони диёр тарҳи қадимаи мавзеи Дараи Мухтор дар шакли мусаввара барқарор карда шуда, «Роҳнамои тамошобин» таҳия ва чоп карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса 582 нафар меҳмонон ва сайёҳон ташриф оварданд. Ҷиҳати корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди осорхона 50 адад дарахти ҳосилдиҳанда, 200-адад дарахтони сояафкан ва гулбуттаҳо шинонида шуд.

VII. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Вазорат дар нимсолаи аввали соли 2018 мувофиқи нақшаи корӣ дар амри густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ тадбирҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Бо дарназардошти баргузор намудани Рўзҳои фарҳанг дар соли 2018 таърихи мушаххаси Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳри Шориқаи Аморати Муттаҳидаи Араб инчунин, Рўзҳои фарҳанги Давлати Қатар ва Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мукотибаи расмӣ ва розигии тарафайн муайян карда шуда, айни замон зимни иҷозату ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабиниҳои номбурда корҳои омодагӣ идома доранд.
Дар ин давра мутахассисон дар ҷаласаҳои гуруҳҳои кории комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Озарбойҷону Ўзбекистон иштирок намуда, бобати густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ба протоколҳои ҷаласаҳои номбурда пешниҳодҳои мушаххас ворид карда шуданд.
Барои таҳким додани муносибатҳои фарҳангӣ бо хориҷи кишвар 12 нафар ҳунармандон дар Фестивали 32-уми байналмилалии “Сураҷкунд мелла”, ки моҳи феврал дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ин муддат вохўрии роҳбарияти вазорат бо сафирони Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Фаронса ва Беларус баргузор гардид, ки дар он густариши ҳамкориҳои фарҳангии тарафҳо, махсусан табодули Рўзҳои фарҳангӣ ва рафти омодагӣ ба намоиши Тоҷикистон дар Осорхонаи Гимейи Париж мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таи ин давра лоиҳаҳои санадҳои ҳамкориҳо, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси муштараки Марказҳои фарҳангӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва лоиҳаи Барномаи ҳамкории фарҳангӣ барои солҳои 2018-2020 байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гаштаанд.
Лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат таҳия гардида, ба мақомоти расмӣ ирсол шуд.
Ҳамчунин ҳайати ҳунарпешагони ансамбли давлатии “Ҷаҳоноро” ҷиҳати таҷлили Иди байналмилалии Наврўзи оламафрўз тибқи даъвати Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Вазорати фарҳанги Туркманистон ба шаҳри Ашқобод рўзҳои 18-23 марти соли ҷорӣ сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар моҳи май Рўзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон доир гардиданд. Дар ҷараёни он Барномаи иҷроияи ҳамкории фарҳангӣ байни Кумитаи давлатии фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

VIII. СИЁСАТИ КАДРӢ

Вазорат ҷиҳати таъмини иҷрои талаботҳои Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва низомномаҳое, ки фаъолияти хизматчиёни давлатиро ба танзим медароранд, корҳои назаррасеро ба анҷом расондааст.
Айни ҳол, дар сохтори дастгоҳи марказии вазорат 63 воҳиди корӣ фаъолият дошта, 3 ҷойи кории холӣ мавҷуд мебошад, ки барои пурра гардонидани ҷойҳои холӣ озмун эълон гардидааст.
Ҳамзамон, дар фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадркои баландихтисос ва қобилиятнок ба хизмати давлатӣ, инчунин таъмини болоравии касбии хизмати давлатӣ дар вазорат тибқи тартиби муқарраргардида 3 маротиба озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат гузаронида шуд, ки аз ин 9 нафар довталабон чиҳати фаъолияти минбаъда ба кор қабул карда шуданд.
Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ, гирифтани иттилооти объективӣ оид ба иҷрои ўҳдадории мансабӣ ва сатҳи дониши касбии хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар дастгоҳи марказии вазорат 1 маротиба аттестатсия гузаронида шуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии кормандони соҳа барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои назаррас, навоварию эҷодкорӣ, дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои соҳаи фарҳанг, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба ҷашни Рўзи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор кормандони соҳа бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5-солагии Муассисаи давлатии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон” ва Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

IX. СОХТМОНҲОИ АСОСӢ

Оид ба сохтмони асосӣ.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №587 аз 29.12.2017 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» барои иншоотҳои сохташавандаи вазорат аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Маблағи зикргардида, мутобиқи нақшаи дурнамои сохтмони асосӣ ба иншоотҳои зерин тақсим гардиданд: барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод — 1,1 млн. сомонӣ, сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳринав — 800 ҳазор сомонӣ, сохтмони Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ — 440 ҳазор сомонӣ ва барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони иншооти солҳои оянда — 60 ҳазор сомонӣ. Номгўи иншоотҳо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кушодани маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Моҳҳои феврал-апрели соли ҷорӣ дархостҳои тендерӣ барои муайян намудани пудратчиёни сохтмони иншоотҳои зикргардида ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, озмуни интихоби пудратчиёни иншоотҳо муайян шуда, корҳои сохтмонӣ дар онҳо оғоз гардиданд.
Аз маблағҳои пешбинишуда ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ дар иншооти «Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод» — 472 ҳазор сомонӣ, дар сохтмони «Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав» — 376 ҳазор сомонӣ ва дар иншооти «Маркази фарҳанги деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ» — 64 ҳазор сомонӣ истифода шудаанд, ки 82%-и нақшаи нимсола мебошад.
Корҳои таъмиру сохтмонӣ.
Соли ҷорӣ, бинобар сабаби таъсири бўҳрони молиявии беруна, дар аксарияти тащкилоту корҳонаҳои тобеъ маблағгузориашон барои корҳои таъмирӣ қатъ гардидааст. Танҳо ба баъзе муассисаҳои тобеъ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Дар баъзеи онҳо тендерҳои интихоби пудратчиён гузаронида шуда, корҳои таъмиру сохтмонӣ оғоз гардиданд. Аз ҷумла дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар, Филармонияи кўдаконаи Тоҷикистон ва ғайра.
Ҳамчунин, тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 14 феврали соли 2018 ҷиҳати омодагӣ ва баргузории таҷлили «Иди байналмилалии Наврўз», «Иди Ваҳдат» ва дигар ҷашнҳои пешомад ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои тобеъ вазифадор шудаанд, ки барои саривақт омода намудани намои биноҳои худ, ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи онҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби кормандони дастгоҳи марказии вазорат шахсони мутасаддӣ ба ҳар як иншоот вобаст гардида, супориши мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №74-ф аз 10.11.2017 ба зиммаи вазорат сохтмони майдончаи варзишӣ дар қитъаи замини муайяншудаи шаҳри Душанбе (кўчаи Б.Ғафуров, 42/1, шаҳраки 103) вогузор шуда буд.
Вазорат барои омода намудани лоиҳаи сохтмони майдончаи варзишӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе шартнома баста, корҳои сохтмони майдончаи варзишӣ, майдончаи бозии кўдакон, гулгаштҳо ва ободонии гирду атрофи онҳо аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони тобеъ иҷро гардида, рўзи 1 июни соли ҷорӣ бо тантана бо иштироки роҳбарияти вазорат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ба истифода супорида шуда буд. Маблағгузории бунёди иншоотҳои мазкур аз ҳисоби саҳмгузории ташкилоту муассисаҳои тобеъ сурат гирифт.
Меҳмонхонаи «Фарҳанг» аз ҳисоби қабули мизоҷон маблағи муайянеро даромад кардаст. Маблағи зикргардида барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, музди меҳнати кормандон ва харидани амволи зарурӣ хароҷот шудааст. Инчунин, кормандони меҳмонхона шанбегиҳо гузаронида, якчанд дарахтҳои сояафкан, миқдори зиёди гулҳои ҳархела шинонидаанд ва ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гирди атрофи бино машғул буданд.
Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» дар ҳамин давра 134 адад асбобҳои мусиқӣ истеҳсол намудааст. Вазорат дар доираи маблағгузориаш аз корхонаи мазкур ба якчанд ташкилотҳо ва бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ройгон як ҷузви асбобҳои мусиқии миллиро ҷудо намуда буд.
Муассисаи давлатии «Минтақаи истироҳатии «Шарифобод» аз моҳи март сар карда, кормандони Истироҳатгоҳ бо қувваи худ корҳои зиёди ободониву омодагии муассиса барои фаъолияти тобистона гузаронида буданд. Ҳоло иншоот барои қабули кормандони соҳа барои истироҳати тобистона омода мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар муассиса як бинои сохтмонаш нотамом чандин солҳо мавҷуд мебошад. Вале, истироҳатгоҳ барои ба анҷом расонидани сохтмони он имконият надорад. Ба ин мақсад кўмаки молиявӣ зарур мебошад.
Оид ба зимистонгузаронӣ. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №147 аз 27.03.2018 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» масъалаи ташкили корҳои омодагии ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба фаъолияти устувор дар давраи тирамоҳу зимистони пешомад дар маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №2/5 аз 17.04.2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар асоси Қарори маҷлиси ҳайати мушовара Ситоди фаврии Вазорати фарҳанг оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ташкил гардида, кори худро оғоз намуд.
Дар давоми шаш моҳи гузашта, ҳамчун кўмаки моддӣ ба баъзе бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби муассисаҳои тобеъ ва худи вазорат амволи гуногун, аз ҷумла мебел, техникаи компютерӣ, либосҳои саҳнавӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ, роҳравҳои қолинӣ, курсиҳои театрӣ ва ғайра ҷудо шуда буд.

X. АУДИТИ ДОХИЛӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар 13 муассисаи зертобеъ, аз ҷумла дар чор муассисаи театрӣ, шаш муассисаи нашриявӣ, як осорхона ва ду муассисаи таълимӣ, вобаста ба мувофиқати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, даромадҳои дохилӣ, ҳолати воқеии ҳисоботҳои муҳосибавӣ таҳлилҳои аудиторӣ гузарониданд.
Ҳангоми гузаронидани таҳлилҳо дар ҳаҷми 80131,55 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки қисми асосии онро рўйпўшкунии андозҳо барзиёд пардохт намудани музди меҳнат, бақияи маблағҳои буҷетии хароҷот нагардида, зиёд пардохти сафари хизматӣ, камомади молу маводи арзишдор, шахсони ҳисобдеҳ ва дигар хароҷотҳои ғайриқонунӣ ташкил намуд.
Дар давраи гузаронидани таҳлилҳои аудиторӣ ба роҳбарон ва шахсони маъули моддӣ ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳо, бе асос пардохти иловапулиҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва даромадҳои дохилӣ, аз меъёр зиёд пардохти сарбориҳо инчунин истифода аз нақшаи ягонаи ҳисобҳо (НЯҲ) тавсияҳо дода шуд.

XI. ТАҲЛИЛ ВА ДУРНАМОИ ИҚТИСОДӢ

Барои ҳамаи соҳаҳои вазорат бо дарназардошти тағйиротҳо дар нимсолаи аввали соли 2018 — 34757,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла: барои соҳаи матбуоти даврӣ ва нашриёт — 1798,1 ҳазор сомонӣ, муассисаҳои таълимӣ — 13755,2 ҳазор сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва санъат — 17109,5 ҳазор сомонӣ, дастгоҳи марказӣ — 967,2 ҳазор сомонӣ ва сохтмони асосӣ — 1127,0 ҳазор сомонӣ.
Буҷети Вазорати фарҳанг дар нимсолаи аввали соли 2018 ва маблағгузории он аз тарафи Сарраёсати хазинадори марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2017


Соҳаҳо Нақша Ҳақиқӣ Таносуби иҷро
Тасдиқ шуда Иҷрошуда Маблағи истифоданашуда %
2017 2018 2017 2018
2017 2018 2017 2018
1 2 3 4 5
Матбуоти даврӣ ва нашриёт 1871,4 1798,1 1871,4 1798,1 0 0 100 100
Муассисаҳои таълимӣ 15357,3 13755,2 13124,9 12651,7 2232,4 1103,5 85,5 92
Муассисаҳои фарҳанг ва санъат 16708,3 17120,4 15131,3 14881,8 2202,0 2238,6 90,6 86,9
Дастгоҳи марказӣ 1057,4 967,2 935,9 813,8 121,5 153,5 88,5 84,1
Сохтмони асосӣ 1128,0 1127,0 905,4 926,5 222,6 200,5 80,3 82,2
Ҳамагӣ 36122,4 34767,9 31968,9 31071,9
4778,5 3696,0 88,5 89,4

Чуноне, ки аз ҷадвал дида мешавад, иҷрои ҳақиқии буҷет дар нимсолаи аввали соли 2017 — 31968,9 ҳазор сомонӣ ё нисбати нақша 88,5%-ро ташкил дода буд, мустақиман ба матбуоти даврӣ ва нашриёт — 1871,4 сомонӣ ё ин ки 100%, муассисаҳои таълимӣ — 13124,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 85,5%, ба соҳаи санъат ва фарҳанг — 15131,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 90,6%, дастгоҳи марказӣ — 935,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 88,5%, барои сохтмони асосӣ — 905,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 80,3% маблағгузорӣ шуда буд. Дар нимсолаи аввали соли 2017 — 4778,5 ҳазор сомонӣ ҷудо нагардида буд.
Дар нимсолаи соли ҷорӣ барои ташкилоту муассисаҳои тобеъ ба воситаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ — 31061,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 89,4%- и нақшаро ташкил медиҳад, аз ҷумла ба матбуоти даврӣ ва нашриёт — 12651,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 100%, муассисаҳои таълимӣ — 4746,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 92%, соҳаи фарҳанг ва санъат — 14881,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 86,9%, дастгоҳи марказӣ — 813,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 84,1% ва сохтмони асосӣ 926,5 ҳазор сомонӣ ё ин ки 82,2% маблағгузорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 3696,0 ҳазор сомонӣ маблағгузори нагардидааст, ки он 10,6%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Дар миқёси вазорат дар нимсолаи аввали соли 2018 маблағҳои ҷудонашуда аз чунин моддаҳо иборат мебошад: сафарҳои хизматӣ, таъмир, харидории таҷҳизот, хароҷотҳои намояндагӣ ва ғайраҳо.
Оиди маълумотҳои оморӣ, дар нимсолаи соли 2018 – 29 номгўи китобҳо ба миқдори – 26,6 ҳазор нусха чоп шудааст. Маблағи фурўш ҳамагӣ 361,9 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Дар нимсолаи аввал 21 шумора маҷалла бо теъдоди 27,7 нусха ва тибқи нақша 23 шумора рўзнома бо теъдоди 25,3 нусха чоп гардида, маблағи фурўши маҷаллаву рўзномаҳо 182,0 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми гардиши мол дар нимсолаи аввали соли 2018 — 35,9 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла фурўши китобҳо — 35,9 ҳазор сомонӣ иҷро шуд.
Ҳаҷми маҳсулоти молии саноатӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 —106,6 ҳазор сомониро ташкил дод.
Шумораи чорабиниҳои театрию консертӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 — 89,5% иҷро шудааст (мувофиқи нақша — 793 адад, ҳақиқӣ — 710 адад), шумораи тамошобинон — 88,6% (мувофиқи нақша — 204,7 ҳазор нафар, ҳақиқӣ — 181,3 ҳазор нафар), даромад — 44,3% (нақша — 2262,2 ҳазор сомонӣ, ҳақиқӣ — 1002,5 ҳазор сомонӣ) ташкил намуданд.
Ҳамзамон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳисоботҳои омории солона, ҳармоҳа, дурнамои давлатии иҷтимоию иқтисодии соҳаи фарҳанг дар соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021, дурнамои андозҳо иҷроиши воқеии соли 2017, баҳодиҳӣ барои соли 2018, дурнамои соли 2019 ва нишондиҳандаҳо барои солҳои 2020-2021, Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатии соҳаи фарҳанг ва варзиш барои соли 2019 ва параметрҳои дурнамои он барои солҳои 2020-2021 таҳия карда шуда, ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

XII. АСНОДИ РАСМӢ ВА КОРГУЗОРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъ ва хориҷ 2766 адад ҳуҷҷату мактуб ворид гардидаанд, ки 652 ададаш аз Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин миқдор, 4 адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 47 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 адад фармон, 4 фармоиш, 6 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 586 адад ҳуҷҷатҳо ва супоришҳои ҳукуматӣ ташкил медиҳанд. 
Аз 586 санад — 157 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 286 адади он иҷро гардида, 163-тоаш мавриди иҷро қарор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 168 адад арзу шикоят ворид гардидааст, ки 133 адади он иҷро, 35 адад мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷумла тариқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 адад аризаву дархост ворид гардида, аз ин миқдор 14 адад иҷро гардида, 6 адад мавриди иҷро қарор дорад. Инчунин ҳангоми қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият 67 нафар қабул гардиданд, 38 адад муроҷиати шаҳрвандон иҷро гардида, 20 адади он мавриди иҷро ва назорат қарор дорад.
Аз дигар идораву ташкилотҳои дохилу хориҷ ба вазорат 2114 адад мактуб ворид гардида, аз ин миқдор 707 адад барои маълумот ва корбарӣ буда, 642 адади он иҷро гардида, 765 адади боқимондаи он айни замон, дар раёсату шуъбаҳо мавриди таҳлилу омўзиш қарор доранд. Дар ин радиф вазорат 1870 санад омода ва ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷумла, 328 адад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1542 адад ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида пешниҳод намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 7 адад фармон, 24 адад шартнома ва 109 адад фармоиш ба қайд гирифта шуда, ба ташкилоту идораҳо ирсол гардиданд.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.

МУШКИЛОТИ СОҲА ва ПЕШНИҲОДОТ:

САНЪАТ:
— бо вуҷуди андешидани чораҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва роҳбарияти муассисаҳо норасоии кадрҳои баландихтисос, аз қабили коргардонҳо, ҳунарпешагони касбӣ, равшанидиҳандагон, пардозгарон, мутрибон, коргардонҳои овоз ва ғайра дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ ба назар мерасад;
— техникаи саҳна дар театрҳо ва муассисаҳои консертӣ аз қабили воситаҳои рўшноидиҳанда, дастгоҳҳои тақвияти садо, таҷҳизоти саҳна ва воситаҳои нақлиётӣ дар аксари муассисаҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгўй нестанд;
— бо манзили зист ва хобгоҳ таъмин набудани мутахассисони ҷавон ва нокифоя будани музди меҳнати онҳо боиси тарк кардани соҳа гардида истодааст;
— маблағгузории нокифоя аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ва хоса барои асарҳои нави таҳияшаванда ба муассисаҳои театрию консертӣ, ки дар натиҷа ба сатҳу сифати намоишҳо ва рушди минбаъдаи соҳаи санъати касбӣ таъсири манфӣ мерасонад;
— торафт зиёд гардидани шумораи чорабиниҳои фарҳангии ройгон аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, ки ба коҳиш ёфтани сатҳу сифати барномаҳо ва хароб гардидани базаи моддию техникии муассисаҳо оварда расонида истодааст.
ФАРҲАНГ:
— биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо таъмирталаб буда, ба таъмири куллию ҷорӣ ниёз доранд;
— дар муассисаҳои фарҳанги шаҳру навоҳии мамлакат норасоии нақлиёти хизматӣ, созҳои миллии мусиқӣ, таҷҳизоти компютерӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, рафҳои китобмонӣ, мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ба назар мерасанд;
— дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд асбобҳои мусиқии миллӣ, таҷҳизоти тақвияти овоз, мизу курсиҳо, рафҳои китобмонӣ, либосҳои саҳнавӣ, компютер, воситаҳои техникии замонавӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ, таҷҳизоти техникии тақвияти овоз, адабиёти тозанашр, дастгоҳҳои аксбардорӣ; дар муассисаҳои фарҳанги ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Рўшони ВМКБ асбобҳои тақвияти овоз, шуъбаи фарҳанги вилоят, театри вилоятӣ, дастаи ҳунарии «Эҳё» нақлиёти хизматӣ, асбобҳои мусиқӣ намерасанд.
— бахши фарҳанг, хонаи фарҳанги марказӣ, ансамбли эстрадии “Садои Шайдон”, ансамбли “Тарона ва рақс”–и ноҳияи Ашт; Осорхонаи таърихӣ–кишваршиносии «Курушкада»–и ноҳияи Спитамен ба бинои алоҳида эҳтиёҷ доранд.
— муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Ашт ба устоди рақс, хормейстер, актёри саҳна, омўзгорони фанҳои навозандагии дойра, пианино ва рубоб ниёз доранд;
— дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ масъалаи таъсиси мактаби бачагонаи мусиқӣ то ҳанўз ҳалли худро наёфтааст;
— квотаҳои Президентӣ барои донишкада, консерватория дар мувофиқа бо бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дода шаванд;
— ба шабакаи интернет пайваст намудани ҳамаи муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
— ба ғайр аз китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор дар дигар китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои истифодабарандагони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ (маъюбон) тифлокабинетҳо таъсис нагардидаанд;
— бисёре аз муассисаҳои фарҳангӣ сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва шиносномаи техникӣ надоранд;
— барои харидории адабиёти тозанашр, мизу курсӣ, рафҳои китобмонӣ, матбуоти даврӣ, созҳои мусиқӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва сарулибоси саҳнавӣ, арғунчаку чархофалакҳо ва дигар таҷҳизоти замонавӣ маблағи зарурӣ ҷудо намегарданд;
— ба ғайр аз шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Варзоб дар дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳисоби азнавтақсимкунии воҳидҳои кории мақомоти маҳаллӣ ҷудо нагардидаанд, (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №53 аз 9.02.2016);
– ҷиҳати бунёди китобхонаҳои электронӣ дар назди китобхонаҳои марказӣ чораҳо намеандешанд;
— ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии кормандон бо ҷалби мутахассисони варзида семинарҳои омўзишӣ баргузор намегарданд.

ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ:

— таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии суннатӣ, мукаммал гардонидани базаи илмӣ-техникии дар муассисаи ТоҷикМДМЁ;
— бинобар мавҷуд набудани бинои маъмурии Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор тасарруфи ҳудудҳои мамнуъгоҳ ба миён омадааст;
— омўзиши бостоншиносии ҳудудҳои шаҳристон, норасоии оби хоҷагидорӣ ҷиҳати обёрии гулгашти Қасри Шоҳони Хатлони Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук.
— бо пуррагӣ таҷдид намудани экспозитсияи Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара;
— тармими гумбази мақбари Устод Рўдакӣ, аз шафати мақбараи Устод Рўдакӣ берун баровардани обҳои табиӣ дар ҳудуди Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии «Панҷрўд»;
— қатъиян ҳифз намудани ҳудудҳо ва иншооти Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ, таъмини кормандон бо утоқҳои корӣ, таъсис ва муҷаҳҳаз намудани фонди муассиса.


СОҲАИ ИЛМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ:

— барои ба Консерваторияи миллӣ ҷалб намудани хатмкунандагони коллеҷҳои санъати шаҳрҳои Кўлобу Хуҷанд ва дигар мактабҳои мусиқӣ, аз ҳисоби донишҷўёни беҳтарини консерватория гуруҳҳои тарғиботии консертӣ созмон дода шавад; 
— барои муайян ва ҷалб намудани довталабони болаёқат аз минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ташкили гурўҳҳои корӣ оид ба раҳнамоии касбии хонандагон аз ҳисоби омӯзгорони кафедраҳои мутрибон ва сарояндагони анъанавӣ ба мувофиқи мақсад мебошад;
— мунтазам гузаронидани вохӯриҳои мудирони кафедраҳои тахассусии консерватория бо хатмкунандагони коллеҷу мактабҳои махсуси мусиқии дар ш.Душанбе амалкунанда ҳам аз манфиат холӣ намебошад;
— ҷалби хатмкунандагони мактабҳои мусиқии бачагонаи ш.Душанбе ва маркази вилоятҳо ба курсҳои 2-солаи тайёрӣ низ яке аз роҳҳои омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи фарҳангу санъат мебошад. Баҳри иҷрои ин нақша пурзўр намудани робитаҳои дуҷониба бо мактабҳои мусиқии бачагона хеле зарур аст.