Сомонаи пешина | Дш, 16 Декабр 2019 | 02:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Паёми Пешвои миллат аҳли кормандони Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайнро руҳбаланд намуд

 

25 декабри соли 2017 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Музаффар Темурзода ва аҳли муассиса баргузор гардид.

Боиси зикр аст, ки баъди ироаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 22 декабр сурат гирифт, дар муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг омӯзиш ва баррасии Паём оғоз гардид ва мавзӯи асосии мизи мудаввар Паёми Пешвои миллат буд. 
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода диққати аҳли нишастро ба нуктаҳои асосии Паём оид ба фарҳанг ҷалб намуда, чанд иқтибосро аз Паём ба самъи ҳозирин расонид.

«Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад».
Вазири фарҳанг оид ба мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи фарҳанг, ки Сарвари кишвар дар Паём зикр намуд, сухан ронда, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022” бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаро вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманди соҳа номид.

Вазири фарҳанг дар маҷмӯъ аз фаъолияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар соли 2017 изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки соли сипаригашта соли накӯ ва муваффақиятҳо барои ин муассиса буд. 
Ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода дар ҷавоби ин гуфтаҳо ба Вазири фарҳанг изҳори сипос намуда, гуфт, ки муваффақиятҳои донишкада бо шарофати дастгирӣ ва ғамҳориҳои роҳбарияти кишвар ва Вазорат имконпазир гаштаанд. Инчунин ӯ иброз дошт, ки аҳли кормандони муассиса аз Паёми пешвои миллат рӯҳу илҳоми нав гирифта, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият ва ислоҳи камбудиҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар доираи чорабинии мазкур ба омӯзгори калони фанҳои тахассусии кафедраи дизайни донишкада Ҳабиб Абдуллоев мукофот ва унвони «Муаллими беҳтарини сол» ва ба донишҷӯи ихтисоси «Дизайни либос ва газвор» Дилноза Каримова мукофот ва унвони «Донишҷӯи беҳтарини сол» тақдим гардид.