Сомонаи пешина | Дш, 16 Декабр 2019 | 02:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни «Иҷрокунандаи беҳтарин - 2017»

26 декабри соли 2017 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба ҷамъбасти Соли ҷавонон ҷамъбасти озмуни анъанавии «Иҷрокунандаи беҳтарини сол» баргузор гардид.
Ба чорабинӣ намояндагони мактабҳои олӣ ва миёнаи мусиқӣ, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва ҳаводорони савту наво ташриф оварданд.
Дар барномаи консертӣ ғолибони озмуни мазкур, ки аксар донишҷӯёни Консерватория буданд, намунаҳои гуногуни осори классикиву муосири композиторони ватаниву хориҷиро манзури аҳли толор гардониданд.
Барномаи консертӣ дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардида, аз ҷониби тамошобинон ва устодону коршиносон баҳои баландро сазовор гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони озмуни “Иҷрокунандаи беҳтарин-2017” диплом ва мукофотҳо супорида шуд.
Шоҳҷоизаи озмун насиби Мирова Зебуниссо гардид, ки дар навозиши фортепиано беҳтарин дониста шуд. Инчунин Ғафурова Манижа лауреати ҷоизаи “Консертмейстери беҳтарин” ва Лутфулло Ансорӣ лауреати ҷоизаи иттифоқи композиторон гардиданд.
Ғолибони ҷои аввал нафарони зерин дониста шуданд:
1. Рашидов Шараф – Созҳои миллӣ
2. Зиёдуллоев Абдумалик – Навозандагии анъанавӣ
3. Юсуфова Шоҳсанам –Сарояндагии анъанавӣ
4. Анваров Ҳикматулло –Сарояндагии анъанавӣ
5. Зребунов Некрӯз –Сарояндагии эстрадӣ
Донишҷӯёни мазкур сазовори ҷои дуввум гардиданд:
1. Назаров Фирӯз –Созҳои оркестрӣ
2. Бобоев Саидиқбол –Созҳои миллӣ
3. Валиев Асрор –Сарояндагии анъанавӣ
4. Тағоев Сорбон –Сарояндагии эстрадӣ