Сомонаи пешина | Дш, 16 Декабр 2019 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории фестивали «Суруди сол – 2017»

29 декабри соли 2017 соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фестивали ҷумҳуриявии «Суруди сол - 2017» баргузор мегардад. 
Дар ҷашнвораи мазкур санъаткорони варзида ва шинохтаи ҷумҳурӣ бозёфтҳои нави эҷодии худро дар соли 2017 манзури ҳаводорони суруду мусиқӣ мегардонанд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди сол - 2017» бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.