Сомонаи пешина | Дш, 16 Декабр 2019 | 01:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Омӯзгорони Мактаби Шаҳидӣ бо ифтихорнома қадр гардиданд

 Дар толори калони Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода ва ҳайати бисёрнафараи омўзгорону шогирдони муассиса бахшида Соли нави мелодӣ ва Соли ҷавонон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Зимни баргузории ин чорабинӣ тарбиятгирандагон бо хондани шеърҳои васфкунандаи арзишҳои миллӣ ва ватандўстона ҷамъомади идонаро рангин менамуданд. Ҷамъомадагон оид ба таърихи ҷашни Соли нав ва моҳияти он изҳори назар карданд. Ҳамчунин, хонандагони муассисаи таълимӣ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ хотири ҳамагонро болида карданд. Барномаи консертӣ аз асарҳои композиторони ватанию ҷаҳонӣ мукаммал гардонида шуда, бо як маҳорати хос пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода барои заҳматҳои пурсамар кормандони муассиса: Зулайхо Икрамова - муовини директор оид ба таълими мусиқӣ, Ҷасур Комилов – муовини директор оид ба таълими умумӣ, Ғолибшо Акобиров – омўзгори сози рубоб ва Ҷамила Дарвозиева – омўзгори синфи ибтидоиро бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида, ҳамчун хотира ба роҳбарияти таълимгоҳ сози мусиқии скрипкаро тақдим намуд.

Илова бар ин, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати фаро расидани Соли нави 2018 самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадон осоишу хушбахтӣ, файзу баракат ва дар ҷодаи татбиқи иқдому ташаббусҳои нави созанда ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвари маҳбубамон, барору комёбиҳо таманно намуданд.