22 июли соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Директори Дафтари намояндагии ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Криста Пиккат вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла, ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ ва ворид намудани ҷашнвораи 5500-солагии Саразм ба ҷашнвораи ҷаҳонии ЮНЕСКО, имконияти баргузории намоишгоҳи байналмилалии давлатҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба дастовардҳои ёдгориҳои таърихии кишварҳои минтақа дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли ҷорӣ, инчунин ташкили чорабиниҳо барои муаррифии фарҳанги халқи тоҷик ба кишварҳои Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сӯҳбат дар фазои хушу дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати ишкишоф ва рушди минбаъдаи муносибатҳо омодагии хешро дар мавриди андешидани ҷораҳои амалӣ изҳор намуданд.