«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
6 августи соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнат»-и шаҳри Ваҳдат бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор мегардад.
Барномаи консертӣ бо ташаббуси муассисаи давлатии «Ансамбли Сомон» ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста, дар он ҳунарпешаҳои шинохтаи кишвар ба мисли Фарҳоди Одина, Аҳлиддини Хусейн, Ҷамшеди Комронӣ, Тавҳиди Хайриддин, Заринаи Абдураҳим ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд.